МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

        Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ ба иттилои Шумо мерасонад, ки рӯзи 30 майи соли 2023  Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Масъалаҳои таҳқиқ ва нашри мероси Абурайҳони Берунӣ дар Тоҷикистон» баргузор мешавад.

      Ҳадаф аз баргузории конференсия баррасии ҳамаҷонибаи ҷанбаҳои таърихӣ, илмӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иҷтимоии осори фарзанди бузурги Шарқ – Абурайҳони Берунӣ (973−1048) мебошад, ки дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми босазо гузоштааст.

       Дар кори  конференсия ва нашри маҷмуаи мақолаҳо масъалаҳои зер мавриди баррасӣ қарор мегиранд:

  1.  Нусхаҳои хаттии осори Абурайҳони Берунӣ дар Тоҷикистон;
  2. Масъалаҳои омӯзиш ва нашри осори Абурайҳони Берунӣ;
  3. Омӯзиши ва нашри мероси Абурайҳони Берунӣ дар замони Истиқлол;
  4. Саҳми олимони тоҷик дар таҳқиқ ва нашри осори Абурайҳони Берунӣ.

        Дар конференсия иштироки олимони маъруфи шарқшинос, муаррихон, фарҳангшиносон, забоншиносон, адабиётшиносон, диншиносон, сиёсатшиносон, устодони донишгоҳҳо, намояндагони созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ дар назар дошта шудааст.

        Дархостро ҳамроҳ бо мақолаи илмӣ барои иштирок дар конференсия то 20-уми майи  соли 2023 ба нишонии электронии alizoda1955@mail.ru пешниҳод намоед.

       Забони кории конференсия: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.

                                                                                     Талабот барои бақайдгирӣ:

        Ҳангоми таҳияи мақолаҳо, талаботҳои зерин риоя карда шаванд: ҳаҷми мақола аз 10-12 саҳифаи компютерӣ зиёд набошад. Мақола бо шрифти Times New Roman, андозаи ҳарф – 14; фосилаи байни  сатрҳо– 1; абзатс-1 см; андозаи ҳошияҳо: чап 3,0 мм, рост 1 мм, боло ва поён 2,0 мм.

         Тарҳрезии сарлавҳа (бо ҳарфҳои калон ва  ғафс, дар мобайн) УНВОНИ МАҚОЛА (ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ); дар сатри навбатӣ (шрифт – курсиви ғафс, дар тарафи рост) – ному насаб- пурра; дар сатри оянда (шрифти курсив, дар тарафи рост) - кишвар; дар сатри навбатӣ (шрифти курсив, тарафи рост) - почтаи электронӣ барои алоқа; пас аз 1 сатр - матни мақола. Феҳристи манобеъ дар охири мақола (бо тартиби алифбо-аввал бо хатти кириллӣ, сипас бо дигар забонҳои хориҷӣ). Дар дохили матн истинод ба манбаъ дар дохили қавси мураббаъ дода шуда, аз ҳам тавассути вергул ҷудо карда мешавад, мисол: [1, 272]; шумораи иқтибос ба воситаи вергул ё тире нишон дода мешавад, мисол [2, 272-280].

          Дар охири мақола хулосаҳо чунин дода мешаванд: дар сурате, ки мақола ба забони тоҷикӣ навишта шуда бошад, ба забонҳои русӣ ва англисӣ - дар сурате, ки ба забони русӣ навишта шуда бошад, ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ - дар сурате, ки  ба забони англисӣ навишта шуда бошад, ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ.

Мисол:

НУСХАҲОИ НОДИРИ АСАРҲОИ АБУРАЙҲОНИ БЕРУНӢ

Замирова Замира Замировна

Тоҷикистон

Почтаи электронӣ:

 

        Ба дастнавис маълумот дар бораи муаллифон бо нишон додани фамилия, ном, номи падар, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, ҷои кор ва вазифа, шаҳр, кишвар, инчунин нишонии почтаи электронӣ ва рақамҳои телефон ҳамроҳ карда мешавад.

        Кумитаи тадорукот ҳақ дорад мақолаҳоеро, ки ба мавзуъ ва талаботи тарҳи эълоншуда мувофиқат намекунанд, рад кунад.

                                                                                     Кумитаи тадорукот:

     Нишонӣ: Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ, ш. Душанбе, Ҳусейнзода, 35.

Телефонҳо барои маълумот: 935621308

                                                    2278326                                            

         Почтаи электронӣ: alizoda1955@mail.ru

         Дархост барои иштирок дар конференсия:

 

1.

Ному насаб

 

2.

Шаҳр

 

3.

Ҷои кор, вазифа

 

4.

Дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ

 

5.

Рақами телефон

 

6.

Почтаи электронӣ

 

7.

Мавзуи маъруза

 

8.

Бахш