28 апрели соли равон бо ибтикори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дастгирии Раёсати АМИТ конференсияи илмӣ- амалӣ дар мавзуи “Шоҳнома ва замони мо” ва рӯнамоии китоби “Фирдавсӣ – шоири паёмрасон”-и Ҷамолиддин Саидзода баргузор гардид.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшид. Сипас, дар мавзуи “Фирдавсӣ ва “Шоҳнома” аз нигоҳи муҳаққиқони муосир” академики АМИТ Кароматулло Олимов; “Паёми Ватан дар шеър” доктори илми филология, профессор, сарходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ Аскар Ҳаким; “Паёми Ҳаким Фирдавсӣ ва ҳувияти миллӣ” доктори илми филология, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдулҳай Маҳмадаминов; “Дар ҳошияи китоби “Фирдавсӣ-шоири паёмрасон” - Умед Назаров; “Ҳувияти миллӣ ва симои занон дар “Шоҳнома”, номзади илми филология, ходими пешбари илмии Маркази мероси хаттии АМИТ Мавҷуда Хуҷова; “Нақди “Фирдавсӣ – шоири паёмрасон” доктори илми таърих, профессор, мудири шуъбаи санъати Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ Аскаралӣ Раҷабов; “Шоҳнома” абзори зеҳниятсозӣ. Низоми арзишӣ дар “Шоҳнома” ходими пешбари илмии АМИТ Назрӣ Асадзода баромади пурмуҳтаво намуданд.
Пас аз маърузаҳо олимон Аскаралӣ Раҷабов, Ҳафиз Раҳмон, Комил Бекзода, Беҳрӯзи Забеҳулло ва дигарон оид ба моҳияти таърихии “Шоҳнома” саҳми бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва ҳифзи мероси ниёгон, фалсафаи ҳаётбахши Фирдавсӣ, сабақи омӯзандаву ибратбахш барои наслҳои имрӯзу фардо, тақвияти ҳувияти миллӣ ва арзишҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини сулҳу субот ва амнияти иттилоотии кишвар, омӯзиши асари безаволи Ҳаким Фирдавсӣ – “Шоҳнома” ва инчунин хизматҳои муҳаққиқи сермаҳсул Ҷамолиддин Саидзода таклифу пешниҳодҳои ҷолиб ироа намуданд.
Директори ММХ назди Раёсати АМИТ Раҳматкарим Давлатов оид ба моҳияти башарии паёмрасонии асари безаволи “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ дар мароҳили афзоиши таҳдиду хатарҳои беруна, инъикоси ҷавонмардиву меҳанпарастии миллат муфассал гузориш дод. Аз ҷумла, зикр гардид, ки имрӯз дар шароити буҳрони иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, вусъати хатарҳои террористиву экстремистӣ ва ҷиноятҳои фаромилӣ, омӯзиши арзишҳое, ки ғурури миллиро бедор мекунанд, амре воқеӣ ва зарурист.
Муаллифи китоби “Фирдавсӣ – шоири паёмрасон” – Ҷамолиддин Саидзода ба сухан баромада, аз ташкилкунандагон, гузоришгарон ва иштирокдорони конференсия ҷиҳати қадршиносии заҳматашон изҳори ташаккур намуданд.
Ширкаткунандагон бо камоли эҳтиром ба дастандаркорони конференсияи илмӣ- амалӣ дар мавзуи “Шоҳнома ва замони мо” ва рӯнамоии китоби “Фирдавсӣ – шоири паёмрасон”-и Ҷамолиддин Саидзода аз Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ ва Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон изҳори сипос намуда, афзуданд, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ бояд бештар баргузор гарданд.
Ҳамзамон, дар конференсияи илмӣ – амалӣ мушаххасан чунин пешниҳодҳо зикр гардиданд:
- Ба хотири омӯзиши муфассал ва мукаммали осори Ҳаким Фирдавсӣ дар АМИТ Маркази “Шоҳномашиносӣ” таъсис дода шавад;
- Дар ҳама самтҳои илм мавзуъҳои ҳарбӣ – ватандӯстӣ бар пояи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ пешниҳод гарданд;
- Ба хотири огоҳии бештар ва омӯзиши “Шоҳнома” бознашри он дар шакли як китоб амалӣ гардад;
- Дар радио ва телевезион оид ба омӯзиши “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ барномаҳои мушаххаси таълимию тарбиявӣ ба роҳ монда шавад;
- Китоби Ҷамолиддин Саидзода “Фирдавсӣ – шоири паёмрасон” бо дарназардошти тавсияҳои олимон ба таври оммавӣ бознашр гардад;
- Маърузаҳои ба конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Шоҳнома ва замони мо” ва рӯнамоии китоби “Фирдавсӣ – шоири паёмрасон”-и Ҷамолиддин Саидзода дар шакли китоби алоҳида нашр гардад.