АЛИИ МУҲАММАДИИ ХУРОСОНӢ (Алӣ Муҳаммадиев – тав. 29.10.1950, деҳаи Нигноти вилояти Суғд) аз соли 1972 дар Институти шарқшиносӣ, ки баъдтар бо номҳои Институти шарқшиноӣ ва мероси хаттӣ, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИ Тоҷикистон ва айни ҳол бо номи Маркази мероси хаттии назди Раёсари АМИ Тоҷикистон арзи ҳастӣ дорад, аз лаборанти калон то мудири шуъбаи матншиносӣ ва нашри мероси хаттӣ кору фаъолият намуда меояд. Ҳоло мудири шуъбаи матншиносӣ, таҳқиқ ва нашри осори хаттии Маркази мероси хаттии назди Раёсари АМИТ мебошад. Аз соли 1987 номзади илмҳои филологӣ ва аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Бо ҷоизаҳо, орденҳо, сипосномаю ифтихорномаҳои ватанию хориҷӣ сарфароз гардонида шудааст. Ба кишварҳои Афғонистон ва Эрон сафарҳои хидматӣ ва илмӣ дошт. То имрӯз 10 нафар шогирди ӯ рисолаҳои номзадии худро дифоъ намудаанд.
Мукофоту ҷоизаҳои Алии Муҳаммадии Хуросонӣ: 1. Ифтихорномаи Сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҶИ Афғонистон (1983, Кобул); 2.Ифтихорномаи Вазорати нафту гази Иттиҳоди Шӯравӣ (1983, Москва); 3.Ифтихорномаи Созмони фарҳанг ва иртибототи Ҷ И Эрон (2000, Теҳрон); 4. Мукофоти “Соати президентӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили 80-умин солгарди Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ( Сентябри с. 2007, ш. Душанбе); 5.Ҷоизаи муштараки таъсисдодаи Институти шарқшиносӣ ва мероси хатии АИҶТ ва ройзании Сафорати ҶИ Эрон дар Тоҷикистон ба номи Аълохон Афсаҳзод ( 2010, ш. Душанбе); 6. “Ҷоизаи фахрии президентӣ”-и Ҷумҳурии исломии Покистон оид ба адабиёт барои таҳияву тадвини “Куллиёти форсӣ”-и Муҳаммад Иқбол ( 2013); 7. Дипломи пурмаҳсултарин олими АИҶ Тоҷикистон дар 25 соли Истиқлолияти давлатии ҶТ дар соҳаи шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ; 8. Аълоичии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016); 9. Дорандаи Ордени “Дӯстлик” (29. 08. 2018, ш. Тошканд); 10. Дорандаи Медали “50 соли фаъолияти бефосилаи пурсамар дар АМИТ” ( 03. 04. 2023).
ТАМОС: телефонҳо 917251401; 927377242
Алии Хуросонӣ дар се бахш; матншиносӣ, адабиётшиносию нақди осори адабӣ ва эҷоди осори бадеӣ( шеър) машғул аст, ки номгӯйи иддаеро дар зер меорем:
Китобҳои матншиносӣ: «Маснавии маънавӣ» (Теҳрон, 2001; Қуния, 2008; Душанбе, 2013; Душанбе, 2022, бо ҳамкории Б. Ализода ва М. Акбарзод) ва «Девони кабир» - и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар чаҳор ҷилд (Душанбе, 2007-2009), “Муфизу-л-анвор ва девони ашъор”-и Абдулҳайи Муҷахарфӣ (Москва, 2003; Душанбе, 2010, ба ҳуруфи форсӣ ), «Гаршоспнома»-и Асадии Тӯсӣ (Душанбе, 2011), «Илоҳинома» (Душанбе, 2000), «Мантиқу-т-тайр» ( Душанбе,2007; 2014), «Девон» ( Душанбе, 2012), «Асрорнома» (Душанбе, 2014) ва “Мусибатнома”-и Фаридуддин Аттор , «Куллиёти форсӣ»-и Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ (Исломобод, 2007; Душанбе, 2013), “Девони ашъор”-и Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ( Матни илмӣ ва интиқодӣ бо кӯшиш ва эҳтимоми Р. Ҳодизода, А. М. Хуросонӣ. –Душанбе: Пайванд, 2008. Ба ҳуруфи форсӣ), “Шоирони Мовароуннаҳр” (Аз устод Рӯдакӣ то устод Айнӣ. Душанбе, 2006; 2019), Куллиёт”-и Абдулҳайи Муҷахарфӣ ( Душанбе, 2020, дар ду ҷилд) , “Девони форсӣ”-и Амир Алишери Навоӣ-Фонӣ (Душанбе, 2021), “ Куллиёт”-и Саййидои Насафӣ. – Душанбе, 2018; Душанбе, 2022, бо ҳамкории А. Р. Сомонӣ) ва таҳияи чандин матни адабии ниёгон кори бузурге дар эҳёи тамаддуни миллӣ анҷом додааст, ки бештарашон бори аввал дар Тоҷикистон ба табъ расидаанд. Умуман, А.М. Хуросонӣ дар бахши матншиносии осори гузаштагон ва муосири адабиёти форсии тоҷикӣ беш аз 60 китобро таҳия намудаю бо муқаддима ва шарҳи луғоту тавзеҳот ба аҳли таҳқиқу ниёзмандон пешкаш гардонидааст.
Ӯ дар бахши адабиётшиносӣ ҳашт рисолаи илмию маҷмуаи мақолаҳо дорад ва то имрӯз ҳафт китоби шеърҳояш ба табъ расидаанд.
Монография ва китобҳои илмӣ: 1.“Муносибатҳои дӯстона ва равобити эҷодии Ҷомӣ ва Навоӣ” (1990); 2.“Асади Туси и его эпическая поэма “Гершаспнаме” (1994); 3 “Нома ва номанигорӣ дар “Шоҳнома” (Теҳрон,1999, бо ҳамкорӣ); 4.“Таърихи адабиёти форсии дарии тоҷикӣ” ( Кобул, 2009, бо Р. Ҳодизода); 5.“Меҳру Муштарӣ” (2010), “Ҳунари номанигорӣ дар “Шоҳнома” (2014, Ҷ. Назрӣ); 6. “Ҷозибаи калом” (2019) ва беш аз 350 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ ба нашр расидаанд. 7. “Нома ва номанигорӣ дар “Шоҳнома” (Теҳрон,2020, бо ҳамкорӣ). 8. Асадии Тӯсӣ ва “Гаршоспнома”. – Душанбе: МН “Дониш”, 2023. – 285 с.
Китоби шеърҳо: 1.“Чашмаи нӯш” (1997); 2. “Майи гулгун” (2000); 3. “Насими тавҳид” (2004); 4.“Вусъати ишқ” (2009); 5. “Шукуфаҳои сабзи баҳор” (2010); 6. “Майи гулгун” (2010, ба ҳуруфи ниёгон). 7. “Садои вақт” (2017) ва ғ. интишор ёфтаанд.
Фаъолияти илмӣ ва эҷодии Алии Муҳаммадии Хуросонӣ пурмаҳсул идома дорад.
Айни ҳол мавсуф Мудири шуъбаи матншиносӣ, таҳқиқ ва нашри мероси хаттии Маркази мероси хатии назди Раёсати АМИТ мебошад. Дар шуъба айни ҳол ( соли 2023) 6 нафар корманди илмӣ фаълият дошта, аз инҳо 3 нафар номзади илмҳои филологӣ ва 3 нафари дигар бе дараҷаи илмӣ ходимони илмиянду аз рӯйи лоиҳаи
“Таҳияи матн ва таҳқиқи осори манзуми адабиёти тоҷик дар асоси нусхаҳои хаттии Тоҷикистон (асрҳои ХУ1- Х1Х)” (солҳои 2021- 2025) фаъолият доранд. Самти мавзуи таҳқиқот: ЭК 12-шарқшиносӣ, ихтисос 6 021400 –Адабиётшиносӣ (100108 – назарияи адабиёт, матншиносӣ). Дар ин лоиҳа дар навбати аввал аз маъхазҳои аввалиндараҷа – дастхатҳои мавҷудаи дар Ганҷинаи дастхатҳои ба номи ак. А. Мирзоеви Маркази мероси хаттии АМИТ ва тоҷикистонӣ истифода карда истодаем.