ЭЪЛОН

      Ба диққати хатмкунандагони макотиби олии ҷумҳурӣ расонда мешавад, ки Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ имкон дорад, ки барои соли таҳсили 2023-2024 довталабонро ба зинаи магистратура, аз рӯйи ихтисосҳои 1M-23.01.11-01.06 (Китобҳои нодири дастнавис), 07.00.09 – “Таърихнигорӣ, манбаъшиносӣ ва методҳои таҳқиқоти таърихӣ” ва докторантураи PhD аз рӯйи ихтисоси 10.01.08 – (Назарияи адабиёт-Матншиносӣ” (дар шакли буҷавӣ ва шарномавӣ) қабул менамояд.

       Довталабон дар мавзуъҳои таъриху назарияи адабиёти тоҷикӣ-форсӣ, нусхашиносӣ, матншиносӣ ва маъхазшиносӣ (сарчашмашиносӣ) таҳқиқи илмӣ хоҳанд бурд.

       Аз ин рӯ, шарт аст, ки довталабон шоҳиди маълумоти олии гуманитарии соҳавӣ, дониши забонҳои арабӣ, русӣ, англисӣ ва хатту алифбои арабиасоси форсӣ бошанд.

       Хоҳишмандон метавонанд то 15 август барои супурдани ҳуҷҷатҳо ва гирифтани маълумот ба Раёсати магистратура, асирантура ва докторантураи PhD Раёсати АМИТ (шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33) ва ё бевосита ба масъули бахши магистратура ва докторантураи Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ (кӯчаи Ш. Ҳусейнзода, 35) муроҷиат намоянд.

       Масъули бахши магистратураи ММХ,  тел: 900-13-31-41

                                                                            Душанбе – 24.07.2023.