Эълон!

    Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмуни 2 лоиҳаи аз ҷониби Юнеско дар доираи барномаҳои иштирок (Participation Programmes) барои давраи 2022-2023, тасдиқшударо ҷиҳати тендер (музояда) пешниҳод менамояд:

  1. Баргузор намудани “Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ”;
  2. Баргузории силсиласеминари “Баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон ва занон аз муҳиммияти ҳуҷҷатикунонии ёдгориҳо” тавассути гузаронидани омӯзишҳо дар чор минтақаи Тоҷикистон.

                                                                                ДАЪВАТНОМА

барои  иштирок дар озмун оид ба Баргузор намудани “Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ”

Чорабиниҳо

Корҳо

Нархи ибтидоӣ (сомонӣ)

1

Нашри маҷмуаву китобҳои бахшида 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ

 

 

 

 

 

Ба нашр расонидани 4  китоби Абурайҳони Берунӣ:

  1. Ҳасани Султон  “Берунинома”.-230 с.
  2. Додхудоева Л. “Эпоха Абу Райхона Ал-Беруни в памятниках искусства Востока”.-178 с.
  3. Таҳия, таҳрир ва нашри нави “Осор-ул-боқия”-и Абурайҳони Берунӣ.-400 с.
  4. Таҳия ва чопи факсимилии “Китоб-ут-тафҳим”-и Абурайҳони Берунӣ.-400 с.
  5. Нашри Маҷмуаи мақолаҳои илмӣ оид ба осори Берунӣ.

 

  1.  

2

9-10.10. 2023. Ҳамоиши байналмилалӣ дар мавзуи «Абурайҳони  Берунӣ – кашшофи асрори табиат»

 

 

Сохтани рамзи Симпозиум, шиор, нишон, шаҳодатнома (бейджик)-и  иштирокдорон, таблоҳои электронӣ. Баровардани рамзи “1050-солагии  Абурайҳони Берунӣ”;

Омода кардан ва чопи банер

Чопи даъватнома ва дастрас намудани он ба иштироккунандагон;

Омода ва нашри варақаи матбуотӣ (Пресс-релиз)

Омода ва нашри варақаи матбуотӣ (Пресс-релиз);

Даъвати хабарнигорон;

Омода кардани толор;

Пазироии меҳмонони хориҷӣ;

Баргузор намудани Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ;

Омода намудани ҳисобот оид ба Симпозиум

 

108108,05

                                                                           ДАЪВАТНОМА

барои  иштирок дар озмун оид ба баргузор намудани силсиласеминарҳо дар мавзуи “Баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон ва занон аз муҳиммияти ҳуҷҷатикунонии ёдгориҳо”

1

Нашр

Чопи маҷмуи мақолаҳо дар мавзуи нигаҳдорӣ, ҳифз ва ҳуҷҷатикунонии мероси ҳуҷҷатӣ ва тайёр кардани видиороликҳои гуногуни ташвиқотӣ дар мавзуи зикршуда, таҳияи  брашура, банер, бейджик ва дигар лавозимоти чопӣ

18377,52

2

Хариди таҷҳизот

Хариди таҷҳизот, иҷораи нақлиёт ва дигар хидматрасониҳои техникиву ҷамъиятӣ

  32240,40

Барои иштирок дар  тендер (музояда) ба  суроғаи нишондодашуда  дар давраи аз 20.06.2023 то 11.07.2023 аз  соати  9.00 то 17.00 (фақат дар рӯзҳои корӣ) аз назар гузаронидан мумкин аст.

Шахси масъул барои  тамос ва пешниҳоди хидматрасонӣ барои дида баромадан:  Тагдиров Ҷаҳонгир телефон: 906009009, E-mail: jahongirtagdirov@mail.ru

Шахсони ҳавасманд метавонанд пешниҳодҳои худро ба ММХ НР АМИТ дар суроғаҳои шаҳри  Душанбе, кӯчаи Ҳусейнзода, 35  пешниҳод кунанд:

* ш. Душанбе: Тагдиров Ҷаҳонгир, телефон: 906009009; E-mail: jahongirtagdirov@mail.ru ва ё merosikhatti@inbox.ru

Муҳлати охири пешниҳоди дархостҳо  то  соати 09:00 санаи  11 июли соли 2023. Дархостҳо  бояд дар лиффофаи маҳкамшуда (муҳрзада) ба суроғаҳои дар боло зикршуда   пешниҳод шаванд. Дар қисми берунии лифофа бояд навиштаҷоти “барои чоп намудани китоб”, “баргузории конфронсу семинарҳо” ё “хариди таҷҳизот” ва ному насаби иштирокчии тендер (музояда)  мавҷуд бошад.

Дар дохили лифофа бояд ҳуҷҷатҳои зерин гузошта шаванд:

* пешниҳоди “барои чоп намудани китоб”, “баргузории конфронсу семинарҳо” ё “хариди таҷҳизот” бо нишон додани номгӯ  ва нархе, ки иштирокчии тендер (музояда) барои иштирок намудан  пешниҳод кардааст, бо рақам ва бо ҳарф;

* нусхаи ҳар ду тарафҳои шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 * маълумот дар бораи телефон ва дигар воситаҳои тамос бо иштирокчии тендер (музояда).

Пешниҳодҳо баррасӣ карда намешаванд, агар дар шакли кушод ва ё дертар аз муҳлати муқарраршуда ворид шудаанд ва агар дар дохили лифофа  ҳуҷҷатҳои талабшуда  мавҷуд набошанд.

Ғолиби озмун шахс (ё ташкилоте) дониста мешавад, ки “барои чоп намудани китоб”, “баргузории конфронсу семинарҳо” ё “хариди таҷҳизот” нисбати дигар иштирокчиён нархи пасттарро пешниҳод карда бошад.

Пардохти маблағ барои  “барои чоп намудани китоб”, “баргузории конфронсу семинарҳо” ё “хариди таҷҳизот”  бояд дар шакли пули нақд  ва ё  ғайринақдӣ дар асоси шартҳои шартнома дар муҳлати на дертар аз 5 рӯзи бонкӣ   ба суратҳисоби  барандаи тендер (музояда) интиқол дода шавад.

Маводи чопӣ, конфронсу семинарҳо ва таҷҳизот аз рӯйи  сифат ва шакли баргузорӣ қабул карда мешаванд.  

Маводи чопӣ ва конфронсу семинарҳо танҳо баъди пурра пардохт шудани нархи музоядавии он ба суратҳисоби ташкилот, супорида мешавад.

Диққат!   Иштирокчиёни озмун соати  11.00 санаи  11-уми июли соли 2023 ба Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ  ба суроғаҳои болозикршуда барои иштирок дар раванди кушодани  лифофаҳои ба озмун пешниҳодшуда, даъват карда мешаванд, иштирок намоянд. 

Муассиса-Фурӯшанда  ҳуқуқи  қабул кардани дилхоҳ пешниҳодоти ба озмун воридшуда, ё рад кардани ҳамаи пешниҳодҳоро дар дилхоҳ вақт то бастани шартнома дорад ва барои ин иқдоми худ  дар назди Иштирокчиёни музояда ягон уҳдадорӣ ё ҷавобгариро ба уҳда намегирад. Муассиса-Фурӯшанда инчунин  ҷиҳати пешниҳоди маълумот  ба онҳо  дар бораи сабабу асосҳои амалҳо ва  қарори қабул кардааш низ  уҳдадор нест.