Монографияи шодравон Муҳаммадвафо Бақоев “Ҳаёт ва эҷодиёти Хусрави Деҳлавӣ”, ки дар он таҳқиқи илмии ҳаёт ва фаъолияти шоири бузурги форсизабони Ҳиндустон Амир Хусрави Деҳлавӣ инъикос ёфтааст, бори дувум бо пешниҳоди Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз ҷониби нашриёти “Дониш” (дар 384 саҳ) ба нашр расонида шуд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки монографияи мазкур ҳанӯз соли 1975 ба нашр расида, тадқиқоти пурарзишу нодир ба шумор меравад ва талаботи замони муосир буд, ки он бо назардошти қоидаҳои имлои нав ва ба ифтихори 90-солагии муаллиф манзури аҳли тадқиқ гардонида шавад.
Дар китоб муаллиф дар бораи замони зиндагии шоир, тарҷумаи ҳол, мероси адабӣ ва роҷеъ ба асарҳои ҷудогонаи ӯ ва як қатор масъалаҳои дигаре марбут ба эҷодиёти Амир Хусрави Деҳлавӣ маълумоти муфассал медиҳад.
Ошноӣ бо асар барои доираи васеи мутахассисон, муаллимон, аспирантону донишҷӯён ва умуман мухлисони адабиёт муфид хоҳад буд.