Ҳамватанони азиз, ҳамкорони гиромӣ!
Ҳамасола рӯзи 1- уми июн дар аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Ин сана солҳост, ки дар миёни мардуми мо ҳамчун яке аз рӯзҳои хеле муҳиму маҳбуб ба ҳисоб меравад. Воқеан Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳануз 64 сол муқаддам бо қарори Шурои Федератсияи байналмилалии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар даҳо кишвари дунё таҷлил гардида буд. Ин сана ба мо ҳамеша ҳушёр медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти кудак ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда бар души ҳар яки мову шумо аст. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳабати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем.
Масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон зери таваҷҷуҳи пайвастаи давлату ҳукумат қарор дошта, дар тамоми Паёмҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт дастуру супоришҳо дода мешавад. Аз ҷумла, зимни яке аз Паёмҳо аз ҷониби Сарвари давлат қайд гардид, ки оила ҳамчун падидаи иҷтимоию ҳуқуқӣ мавқеи асосии ҷамъиятро ташкил дода, дар сатҳи Конститутсияи кишвар барои ҳифзи он ва таҳти ғамхории махсуси давлат фаро гирифтани модару кудак аз ҷониби ҳукумати кишвар ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Бинобар ин зарурият ба миён омадааст, ки бо дарназардошти ҳифзи ҳуқуқу манфитаҳои қонунии кудак низоми қонунгузории оилавӣ такмил дода шавад.
Аз ин рӯ, ин санаи некро ҳамчун рӯзи баробариву бародарӣ ва ҳифзи манфиатҳои кӯдакони ҷаҳон ба ҳамаи Шумо ва дар симои ҳар як кудаки Тоҷикистони азиз ва кӯдакони тамоми сайёра самимона табрику муборакбод мегуям.