Ваҳдати миллӣ-омили асосии пешрафту шукуфоии миллат аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ба пешвози 27-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ибтикори маъмурияти Маркази мероси хаттӣ (24.06.2024) ҳамоиши илмӣ таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ-асоси рушди миллат” баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур кормандон, магистрону унвонҷӯёни Марказ иштирок ва аз суханрониҳои пурмуҳтавои узви Комиссияи оштии миллӣ академик Кароматулло Олимов ва дигар собиқадоронону ҷовонони огоҳ баҳраи маънавӣ бардоштанд.
Зикр карда шуд, ки ваҳдату сарҷамъӣ ва дар атрофи шахси донову оқил, хирадманду дурандеш бо номи Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гаштани миллат асоси рушди ватани азизамон Тоҷикистон гардида, дар ин муддати барои таърих кӯтоҳ ба як қатор дастовардҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардидем.