Бо мақсади иҷрои нақшаи тасдиқгардидаи ММХ АМИТ, имрӯз (18.04.2025) дар толори Марказ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Гароишҳои асосии насри достони (бадеӣ)-и форсии муосири Эрон” бо суханронии д.и.ф., профессор Олимҷон Хоҷамуродов ва иштироки маъмурияту кормандони ММХ, баргузор гардид.
Конфронсро директори Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ Раҳматкарим Давлатов ҳусни оғоз бахшида, ташкилу баргузории чунин чорабиниҳои илмиро дар ҷаҳонбинӣ ва тафаккури кормандони ҷавон муфид арзёбӣ намуд. Р.Давлатов зикр намуд, ки О.Хоҷамуродов яке аз пажуҳишгарони шинохтаи адабиёти муосири Эрон буда, корҳои анҷомдодааш дар ин самт арзишманду эътирофшуда мебошанд.
Професссор Олимҷон Хоҷамуродов – сарходими илмии ММХ, д.и.ф., дар гузориши илмии “Гароишҳои асосии насри достони (бадеӣ)-и форсии муосири Эрон” аз ҳусну қубҳи ин жанри адабӣ дар ҷомеаи муосири Эрон суханронӣ намуда, аз асосгузорону тарвиҷгарони он ёдоварӣ намуд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки чунин семинарҳои илмӣ-назариявӣ ва методологӣ ҳар моҳ ба нақша гирифта шуда, мавзуъҳои гуногуни соҳаи адабиётшиносиву нусхашиносӣ ва тавсифу матншиносиро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.