Рӯзи 18.06.2025 дар толори  Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Маркази мероси хаттӣ дар ҳамкорӣ бо Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

       Дар ин ҳамоиш, ки бо ширкати кормандону олимони ниҳодҳои ёдшуда ва теъдоде аз донишҷӯёни таҷрибаомӯзи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, суханронон дар бораи аҳамияти Рӯзи  Ваҳдати миллӣ, нақши Пешвои миллат дар расидан ба сулҳу оштии миллӣ ва рушди илму фарҳанг дар даврони баъд аз истиқрори сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

       Нахуст, Р.Давлатов, н.и.т. директори Маркази мероси хаттӣ ҳамоишро ифтитоҳ намуда, ширкаткунандагонро ба муносибати Ваҳдати миллӣ табрик намуда, дар бораи нақши сулҳофаринии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла ёдовар шуд, ки Президенти кишвар дар мушкилтарин замон ва дар хатарноктарин маконҳо, мисли Хусдеҳи Афғонистон ҷон бар каф гирифта, барои наҷот додани давлату миллати дар ҳоли фурупошии тоҷикон ҳозир гардиданд ва нақши сарнавиштсоз ифо намуданд.

      Сипас, директори Институти омӯзиши давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, д.и.ф. Рустам Ҳайдарзода зимни табрик, аз ҷумла зикр намуд, ки посдоштан ва таҷлил аз Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои пешгирӣ аз таҳрифи воқеиятҳо ва огоҳии дақиқи насли ояндасози ҷомеа аз асли воқеият бисёр муҳим аст.

        Зафар Саидзода, д.и.ф., ки дар давраи музокироти сулҳи тоҷикон дар вазифаҳои мухталиф, аз ҷумла котиби матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа мекард, дар бораи саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмин ва таҳкими сулҳ суханронӣ намуда, зикр кард, ки агар иродаи қавии Пешвои миллат намебуд расидан ба сулҳу оштии миллӣ ва сохтани чунин давлати орому босубот ғайримумкин буд.

       Номзади илҳои филологӣ, котиби илмии Маркази мероси хаттӣ Абдураҳмон Охонниёзов дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ ва рушди илму фарҳанг дар Тоҷикистон” маъруза намуда, аз ҷумла ёдовар шуд, ки рушду нумуи ҳамаи соҳаҳои ҳар як ҷомеа аз сулҳу субот, амният ва ваҳдату ягонагӣ вобаста аст.  Пешрафтҳои солҳои охир дар соҳаи илму фарҳанги мамлакат маҳз ба шарофати суботу амният ва ваҳдати миллӣ ба даст омадааст.

       Дар идома кормандони Маркази мероси хаттӣ Маҳмадёр Шарифов, Алӣ Муҳаммадиев ва дигарон дар мавриди ваҳдату ягонагии миллат аз эҷодиёташон шеърҳо қироат намуданд.