Навиди илмӣ

  Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки маҷаллаи илмии “Мероси Шарқ”, (аз 02.03.2026) ба Феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ворид гардид.

 Дар ин замина муҳаққиқону донишмандони самти илмҳои 6.1. Таърих ва бостоншиносӣ ва 6.2. Филология метавонанд мақолаҳои худро пешниҳод намоянд.

  Маъмурияти МШМХ НР АМИТ, бо истифода аз фурсат, бобати дастгириҳои ҳамешагии соҳаи илм, ба президенти АМИТ, академик Қобилҷон Хушвахтзода ва раиси КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Сайфиддин Давлатзода сипосгузорӣ менамояд.