Имрӯз, 25 сентябр, дар толори Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии назди Раёсати Акамедияи миллии илмҳои Тоҷикистон, семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Осори боқимондаи Устод Рӯдакӣ ва масъалаҳои мушкилоти мантшиносии он” ба муносибати “Рӯзи Рӯдакӣ” баргузор гардид.
Дар ин семинар донишмандони варзида ва муҳаққиқони ҷавон ҳузур доштанд. Дар аввал муовини директор оид ба илм ва таълими Марказ Ёраҳматзода Шодиҷон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ ба муносибати “Рӯзи Устод Рӯдакӣ”-ро ифтитоҳ намуда, иброз доштанд, ки чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани савияи донишу ҷаҳонбинии муҳаққиқони ҷавон муфид ва саривақтӣ мебошад.
Сипас, риштаи сухан ба адабиётшинос, матншинос ва муҳаққиқи осори Рӯдакӣ, номзади илмҳои филологӣ, ходими пешбари илмии шуъбаи матншиносӣ ва таҳияи мероси хаттӣ Алии Муҳаммадии Хуросонӣ дода шуд, ки мавсуф дар мавзуи “Осори боқимондаи Устод Рӯдакӣ ва масъалаҳои мушкилоти мантшиносии он” суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки мо бояд, осори боқимондаи Устод Рӯдакиро аз ҷиҳати мантшиносӣ мавриди таҳқиқи илмӣ карор диҳем, то ки матни сиҳату комил ба миён ояд. Донишманди рӯдакишинос барои тақвияти суханҳои худ оид ба осори шоири бузурги тоҷик-форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ осори боқимондаи шоирро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Дар ин маврид баҳсу мунозира миёни донишмандон Олимҷон Хоҷамуродов, Ҳабибулло Раҷабов, Маҳмадёр Шарифов, Нозим Нурзод ва дигарон қарор гирифт. Ҳар яке аз ин донишмандон фикри бикри худро барои “Осори боқимондаи Устод Рӯдакӣ ва масъалаҳои мушкилоти мантшиносии он” баён намуданд.
Ҳамзамон таъкид намуданд, ки чунин семинарҳо барои тақвият додани дониш ва пажӯҳиши минбаъдаи муҳаққиқони ҷавон айни мудаост ва таъсири амиқ хоҳад гузошт. Инчунин, муҳаққиқони ҷавон дар корҳои таҳқиқотии худ ин нозукиҳоро бояд ба назар гиранд.
