Имрӯз (09.10.2026) дар Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи  “Масъалаҳои мубрами таҳқиқи таърихи тоҷикон ва саҳми профессор Мансур Бобохонов дар он” (Ба хотираи муҳаққиқ, омӯзгор ва таърихнигори  маъруф, Мансур Бобохонов) баргузор гардид.

           Сухани ифтитоҳиро директори Марказ Раҳматкарими Давлат оғоз бахшида, иштирокдорону меҳмонони ҳамоишро ба ганҷинаи мероси хаттии миллати тоҷик хайрмақдам гуфт. Мавсуф дар идома аз саҳми таърихнигорон, хусусан Мансур Бобохонов дар тоҷикшиносӣ ва таърихи тоҷикони ҷаҳон ибрози андеша намуда, ӯро аз аввалин таърихдонҳое донист, ки таърихи тоҷиконро бо равишҳои хоси илмӣ ва таърихӣ сабт намудааст.

         Баъдан маърузаҳои илмии Қосимшо Искандаров,  д.и.т., профессор, саркотиби илмии АМИТ – “Нақши профессор М.Бобохонов дар тарбияи насли таърихнигорон”, Ниёзбадал Мирзоев, д.и.т., профессор, сарходими илмии Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии АМИТ –  “Саҳми профессор М.Бобохонов дар омӯзиши таърихи тоҷикони ҷаҳон”, Юсуф Шодипур, н.и.т., дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – “Ҳаёти омӯзгорӣ ва фаъолияти илмӣ ва роҳбарии профессор М.Бобохонов” ва  Сабзаалӣ Асозода, н.и.т. дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон “Саҳми профессор М. Бобохонов дар омӯзиши таърихи аҷдодони халқи тоҷик” шунидаву мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.                                                

         Дар анҷоми ҳамоиш чанде аз устодони собиқадор, шогирдону наздикони М.Бобохонов аз ёддошту хотираҳояшон ёдоварӣ намуданд.