Рӯзи 6 декабри соли ҷорӣ дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ зери унвони “Чанд андеша перомуни китоби Мероси фарҳангии Хуросони Бузург” семинар баргузор гадид, ки дар он ходимони илмӣ ва кормандони ин Марказ ширкат карданд. Дар семинар ходими пешбари Маркази мероси хаттии назди АМИТ Абдураҳмон Охониёзов дар бораи ҳадафу вазифа ва мазмуну муҳтавои китоби мазкур, ки ду ҷилди он аз чоп баромадааст, суханронӣ намуд. Вай аз ҷумла қайд кард, ки пас аз ба истиқлолият расидани Тоҷикистон иқдомоти арзишманде дар заминаи эҳёи ҳуввияти миллӣ ва таърихии миллати куҳанбунёди мо сурат гирифта, ки таҷлили 1100 солагии давлати Сомониён ва интишори китобу мақолаҳо дар робита бо ин мавзуъ, интишори китобҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назири “Тоҷикон дар оинаи таърих аз ориён то Сомониён”, “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат”, “Наврӯз шиносномаи миллат”, “Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ”, “Забони миллат-ҳастии миллат”-ро метавон ном бурд, ки дар даврони хеле кӯтоҳи баъди истиқлолият сурат гирифтанд ва ҳадафи он қабл аз ҳама бедории миллӣ, ҳифзи асолати фарҳангӣ ва ошноии ҳарчи бештар бо таъриху тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик ба унвони меросдорони ин сарзамину ин фарҳанг мебошад ва бетардид падидаи нодир ва корҳои мондагоре дар таърихи навини тоҷикон ба ҳисоб меоянд.
Қайд гардид, ки таҳия, тадвин ва чопи китоби “Мероси фарҳангии Хуросони Бузург”, дар ростои сиёсатҳои фарҳангдӯстона ва ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои Миллат барои эҳёи тамаддуни миллӣ ва посдорӣ аз бузургони миллати тоҷик, таҳия ва чоп гардидааст.
Аз ҷумла гуфта шуд, ки дар китоб 2500 нафар аз намояндагон ва шахсиятҳои барҷаста ва таърихии тоҷик-форс гирд оварда шудаанд, ки ҳудуди 400 нафар аз онҳо намояндагон ва шахсиятҳои таърихии миллати тоҷик қабл аз ислом мебошанд. Гуфта шуд, ки теъдоди намояндагон ва осори давраи қабл аз ислом метавонистанд бештар бошанд, аммо ба далели нобасомонаҳои рӯзгор ва тохтутозҳо ва бархурдҳои мутаассибона бо фарҳанги қадимии мо аксарияти ин осор аз байн бурда шуд. Бо вуҷуди ин гирд таҳияи феҳристи ҳудуди 400 нафар аз бузургони таърихӣ ва фарҳангии миллат, ки аксарияти онҳо аз Суғду Бохтар будаанд, кори бузург ба ҳисоб меравад.
Дар семинар бархе аз вожаҳо ва ибораҳое, ки дар китоб оварда шудаанд, ба мисли вожаҳои “мерос”, “мероси фарҳангӣ”, “Хуросони Бузург” ва амсоли он бо таҳлил ва бо истиноҳои илмӣ ва фарҳангӣ шарҳу тавзеҳ дода шудаанд.
Дар ин суханронӣ дар бораи вижагиҳои китоб аз ҷумла гуфта шуд, ки ин китоб бо истифода аз технологияи нав ба мисли рамзгузорӣ (QR Code) таҳия ва нашр гардидааст, ки ба мутолиакунандагони он ва ҳамаи он ташнагони фарҳанги бостонии тоҷик-форс имкон медиҳад бо ворид шудан аз тариқи рамз иттилооти мавриди ниёзи худро ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва хати ниёгон (форсӣ) дастрас ва мутолиа намоянд. Ҳамчунин дар китоб номҳои зиёди аҷдодии қадимии мо, аз қабили номҳои мардона чун: Каюмарс, Шоҳпур, Ардашер, Бобак, Шаҳриёр, Авранг ва номҳои занона аз қабили Гурдия Бурондухт, Шаҳрбону, Меҳрбону ва амсоли он оварда шудааст, ки метавонанд дар номгузории фарзандони мо истифода гарданд ва номҳои қадимии маррдуми мо эҳё ва аз фаромушӣ нигооҳ дошта мешаванд, ки худ як эҳтирм ба фарҳанги гузаштагон ҳисоб меёбад.
Дар хусуси аҳамияти китоби “Мероси фарҳангии Хуросони Бузург” ҳамчунин гуфта шуд, ки дар замони имрӯза, ки ҷаҳонишавӣ таҳдиди бузурге барои аз байн рафтани фарҳангҳо ва суннатҳои қадимии миллатҳо ба ҳисоб меравад, таҳия, тадвин ва чопи китоби “Мероси фарҳангии Хуросони Бузург” ва дигар китобҳое аз ин даст барои посдорӣ ва ҳифозат аз фарҳанг, тамаддун ва бузургони миллати тоҷик аз аҳамияти вижае бархурдор буда барои ҳифозати мероси фарҳангӣ ва таҳкими ҳуввияти миллӣ, огоҳӣ аз таъриху тамаддуни бостонӣ хизмат хоҳад кард.
Дар поёни семинор ширкаткунандагон назарҳои худро дар робита ба ин китоб баён намуданд ва ибрози умедворӣ карданд, ки чопи ин силсилакитобҳо дар оянда низ идома ёбанд.