Шералиев Ҷамолиддин Давлаталиевич – ходими илмии Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Шералиев Ҷамолиддин Давлаталиевич аз 27.07.2022 бо фармоиши директори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба вазифаи ходими калони илмӣ таъин шудааст.
Шералиев Ҷ. Д. соли таҳсили 2013-2014 ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, факултети филологияи тоҷик, ихтисоси муаллими забон ва адабиёти тоҷик дохил шуда, соли таҳсили 2015-2016 бинобар сабаби тағйир додани ихтисос ва набудани ихтисоси журналистика дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба Донишгоҳи (славянӣ) Россия ва Тоҷикистон, факултети филология ва медиатехнология, ихтисоси журналистика интиқол ёфтааст ва таҳсилро дар донишгоҳи зикргардида идома додааст.
Соли 2017 зинаи бакалаври Донишгоҳи (славянӣ) Россия ва Тоҷикистонро бо ихтисоси журналистика хатм намуда, соли таҳсили 2017-2018 ҳуҷҷатҳояшро ба зинаи магистратураи Донишгоҳи (славянӣ) Россия ва Тоҷикистон, ихтисоси журналистика супорида, соли 2019 зинаи магистрии донишгоҳи номбурдаро хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатияшро 3-юми сентябри соли 2013 ба ҳайси мушовир дар ташкилоти ҷамъиятии Иттиҳодияи падару модарон ва мураббиёни муассисаи давлатии таълимии томактабии ширхоргоҳ-кӯдакистони навъи санатории №76-и ноҳияи Фирдавсӣ оғоз намуда, 3-юми декабри соли 2018 ба тариқи гузариш ба вазифаи ҳуҷҷатгузори муассисаи давлатии таълимии томактабии ширхоргоҳ-кӯдакистони №65-и ноҳияи Фирдавсӣ гузашта, фаъолияти корияшро то 27-уми июли соли 2022 идома додааст. Аз 27.07.2022 бо фармоиши директори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба вазифаи ходими хурди илмӣ (аз ҳисоби ходими калони илмӣ) таъин шуда, Атфи ҷилд ва фаъолият дорад.
Мукофоту ҷоизаҳо:
———————————
Тамос:
+992 555 644 446
+992 917 080 480
Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ ва ихтироъот:
———————————
Монографияҳо:
———————————
Китобҳо:
———————————
Мақолаҳои илмӣ:
- Ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ-омили суботи ҷомеа
- Мураббия модар нест!
- Нақши барномаҳои омӯзишии ТВ-Баҳористон дар таълиму тарбияи кӯдакону наврасон
- Ороиши гурӯҳҳои синнусолӣ тмутобиқ ба талаботи Дастур барои кормандони муассисаҳои томактабӣ Коргузорӣ ва Хуҷҷатдорӣ