15 ноябри соли равон соати 14:00 дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки доираи васеи олимону муҳаққиқони варзидаи кишвар рӯнамоии силсилакитоби “Мероси фарҳангии Хуросони бузург” (Феҳристи бузургони тоҷик-форс), ҷ.1, китоби 1 ва 2 баргузор гардид.

        Ҳамоишро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода ифтитоҳ намуда, зикр намуданд, ки интишори силсилакитоби “Мероси фарҳангии Хуросони бузург” (Феҳристи бузургони тоҷик-форс), ҷ.1, китоби 1 ва 2 ба муносибати Рӯзи Президенти Тоҷикистон воқеаи фараҳбахш буда, дар самти таблиғу ташвиқи мероси арзишманди фарҳангии гузаштагонамон, оммавигардонии ин ганҷинаи бебаҳои таърих, бедории насли ояндаи давронсоз дар партави ғояҳои ҳувиятсози миллии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти беандоза муҳим дорад.

        Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба мероси бойю пурғановати фарҳангии халқи тоҷик таъкид кардаанд: “Олимони ҷомеашиноси моро зарур аст, ки якҷо бо зиёиёни эҷодкор дар шароити ҷаҳонишавӣ бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати куҳанбунёдамон дар роҳи ба ҷаҳониён ҳарчи бештар муаррифӣ кардани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик рисолати шаҳрвандиву миллии худро ба таври шоиста иҷро намоянд”.

      Дар зарфи бештар аз 30 соли Истиқлоли давлатӣ ҳукумат ва ниҳодҳои марбутаи илмию маданӣ дар ростои ҳифзи манофеи миллӣ, эҳёи асолати фарҳангӣ ва суннату анъаноти неки ниёкон тадбирҳои судманд андешида, роҳро барои расидан ба марҳалаи нави давлатсозии миллӣ ҳамвор намуданд. Аммо шароити фарҳангӣ, сиёсӣ-иҷтимоӣ ва тамаддунии минтақа моро водор месозад, ки дар самти таблиғи мероси арзишманди фарҳангӣ, оммавигардонии он, тарғиби ғояҳои ҳувиятсози миллӣ бояд ба таври муназзам корҳои бештаре анҷом дода шаванд.

       Мушовири бахши ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, доктори илмҳои филологӣ, профессор Масрур Абдулло дар симои ҳайати таҳририяи силсилакитоби “Мероси фарҳангии Хуросони бузург” (Феҳристи бузургони тоҷик-форс), ҷ.1, китоби 1 ва 2 ходимони илмии АМИТ, ба вижа Маркази мероси хаттии АМИТ-ро ҷиҳати нашри он ба муносибати Рӯзи Президенти ҷумҳурӣ самимона табрик намуда, афзуданд, ки дар тули зиёда аз 30 соли Истиқлоли давлатӣ бо азму иродаи қавӣ ва талошҳои хастанопазир Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ниҳоят муҳим – ҳифзи мероси бойи фарҳангии халқи тоҷик таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар шароити ниҳоят тезу тунди ҷаҳонишавӣ бо мақсади ҳифзи арзишҳо, ормонҳо ва ҳувияти миллӣ, таъриху фарҳанг, забону адабиёти миллати тамаддунофарамон ва дар масири ба оламиён ҳарчи бештар муаррифӣ кардани дурдонаҳои фарҳанги халқ пайваста дастуру ҳидоятҳои арзишманду судманд ироа намуданд.

      Сипас намояндаи Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Шараф Раҳимӣ ба муносибати нашри силсилакитоби “Мероси фарҳангии Хуросони бузург” (Феҳристи бузургони тоҷик-форс), ҷ.1, китоби 1 ва 2 табрикномаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро ба самъи ҳозирин расонд.

     Раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ – яке аз масъулони интишори лоиҳаи миллии “Мероси фарҳангии Хуросони бузург” ба сухан баромада, изҳор карданд, ки воқеан интишори силсилакитоби “Мероси фарҳангии Хуросони бузург” (Феҳристи бузургони тоҷик-форс), ҷ.1, китоби 1 ва 2 дар ҷашни Рӯзи Президент ҷумҳурӣ ҳодисаи муҳими фараҳбахши таърихист...

       Роҳбари лоиҳаи миллии “Мероси фарҳангии Хуросони бузург” директори ММХ АМИТ Раҳматкарими Давлат иштирокчиёни ҳамоишро хайрмақдам гуфта, арз карданд, ки лоиҳаи мазкур давомдор буда, ҷилди аввали он бо унвони “Феҳристи бузургони тоҷик-форс” иборат аз 3 китоб фарогири се ҳазору ҳафтсаду бист шахсияти илмиву адабӣ мебошад ва ду китоби он интишор ёфта, китоби сеюм дар арафаи ба табърасӣ қарор дорад...

           Дар идома намояндаи Вазорати фарҳанги ҶТ Раҳмоналӣ Мирализода, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ, узви вобастаи АМИТ Сахидод Раҳматуллозода, академик Носирҷон Салимӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам ва доктори илмҳои филологӣ, профессор Умеда Ғаффорова фикру мулоҳизаи худро роҷеъ ба аҳамият ва моҳияти китоби мазкур баён намуданд.

       Қобили арзёбист, ки таҳияи китоби мазкур дар доираи иҷрои Лоиҳаи миллии “Мероси фарҳангии Хуросони бузург”, бо дастгирии Фонди тадқиқоти Президентӣ аз ҷониби Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ мавриди татбиқ қарор мегирад.