Имрӯз, 28.10.2024, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конфронси байналмилалии илмӣ дар мавзуи "Ховаршиносии муосир ва дурнамои рушди он: масолили забоншиносӣ, матншиносӣ ва робитаҳои адабӣ" (28-29.10.2024 ш.Хуҷанд) ба кори худ оғоз намуд.
        Дар чорабинии мазкур дар баробари ходимони илмӣ аз дохилу хориҷи кишвар, инчунин маъмурият ва кормандони Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар ҳайати директори Марказ н.и.т., Давлатов Раҳматкарим дар мавзуи "Зарурати таҳияи шиносномаи умумии мероси хаттии Тоҷикистон" ва ходимони илмӣ д.и.ф. Хоҷамуродов Олимҷон "Паёмадҳои манфии сиёсати шиагароӣ дар Эрони асри XVI дар раванди адабиёти форсизабони минтақа", н.и.ф. Муҳаммадиев Алӣ "Се нусхаи девони Бебок дар ганҷинаи ММХ АМИТ ва вижагиҳои онҳо", Ализода Сайидхоҷа "Мавқеи радоифулашъорҳо дар омӯзиши таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ" ва Ёраҳмадзода Шодиҷон "Шарҳу тафсири вожаву истилоҳоти этникии "Шоҳнома" дар луғату фарҳангномаҳо" ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок ва суханронӣ хоҳанд кард.