Имрӯз (08.04.2025) дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки муовини саркотиби илмии АМИТ, д.и.ҳ. профессор Акмалҷон Неъматов, роҳбарият ва кормандони илмиву техникии Маркази мероси хаттӣ ҳисоботи семоҳаи соли 2025 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Нахуст, директори Марказ н.и.т. Раҳматкарим Давлатов аз фаъолияти илмиву ташкилии ММХ дар семоҳаи соли 2025 маълумот ироа намуда, зикр намуд, ки дар давоми се моҳи соли 2025 ходимони илмии Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ фаъолияти илмӣ-тадқиқотии худро дар доираи се (3) мавзуи илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2021-2025, ки аз ҷониби Шурои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-тадқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, идома доданд:
- дар Маркази мероси хаттӣ дар давраи ҳисоботӣ 52 нафар кормандони илмӣ ва техникӣ ба корҳои илмӣ ва илмию ташкилӣ машғули кор буданд.
- аз ин шумора 42 нафарашон кормандони асосӣ ва 10 нафари боқимонда ҳамкор ҳастанд.
- миқдори кормандони унвондор дар Марказ 12 нафар буда, аз инҳо 2 нафар доктори илм ва 10 нафар номзади илм мебошанд.
Кормандони Марказ дар ин муддат 5 китобу монография, 2 мақолаи илмӣ дар хориҷ аз кишвар, 23 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои илмии дохил ва 8 мақолаи илмӣ-оммавӣ дар рӯзномаву сайтҳои интернетӣ ба нашр расониданд...
Дар Марказ барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ зинаҳои магистратураву докторантураи PhD ва унвонҷӯӣ ба роҳ монда шуда, 4 нафар магистрант, 4 нафар докторанти PhD, 4 нафар унвонҷӯи номзадӣ ва 2 нафар докторанти анъанавӣ ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул мебошанд...
Баъди шунидани ҳисоботи муфассали директори Марказ, муовини саркотиби илмии АМИТ д.и.ҳ., профессор А. Неъматов андешаҳои худро вобаста ба иҷрои лоиҳаҳои илмӣ ва корҳои ташкилӣ иброз намуда, қайд намуд, ки воқеан Маркази мероси хаттӣ яке аз муасссиаҳои сермаҳсули АМИТ ба ҳисоб меравад. Мо дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ аз дастовардҳои ин Маркази бонуфуз истифода менамоем ва фахри мо аст, ки соли гузашта 29 дастнависи осори Ҷалолиддини Балхӣ дар намоиши дастнависҳо, дар ш. Парижи Фаронса рӯнамоӣ гардид ва баъдан 16 дастнависи осори фарзанди фарзонаи тоҷик-форс Ҷалолиддини Балхӣ ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Ҳамчунин, таҳия ва нашри китобу монографияҳои зиёди гаронарзиш ба монанди “Захираи Хоразмшоҳӣ”-и Исмоили Ҷурҷонӣ, “андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии тоҷик-форс”, “Андешаҳои дунявӣ дар осори С.Айнӣ, “Феҳристи бузургони тоҷик-форс” ва даҳҳо китоби дигар далели гуфтаҳои мо мебошанд.
Баъди ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ ва пешниҳодҳои устодони соҳибтаҷриба ҳисоботи ММХ дар семоҳаи аввали соли 2025 қаноатбахш дониста шуда, барои боз ҳам баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ ва илмиву ташкилӣ дастуру пешниҳодҳои мушаххас ироа карда шуд.