6 уми ноябри соли 1994 ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоикистон, дар таърихи навини давлатдории тоҷикон, ки ифодаи азму иродаи халқу миллати тоҷикро дар алоқаманди бо арзишҳои умумиинсонӣ дар худ таҷассум карда метавонист, қабул гардид.
Дар таърихи башарият санад, ҳуҷҷатҳои сиёсӣ - ҳуқуқӣ барои ташаккул ва пешрафти муносибатҳои ҷамъиятӣ, шинохти миллатҳо дар арсаи байналмиллалӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, расонидани ҳақ ба ҳақдор нақши босазое дорад.
Тоҷикон ҳанӯз аз умқи таърих дорои фарҳанг, китоб ва нобиғаҳои сатҳи ҷаҳонӣ доштанд, ки то ба имрӯз аҳамияти бузурги ҷаҳонӣ дошта, моро водор месозад, ки аз дастовардҳои ниёгон илмҳо гирифта, барои ташаккули Тоҷикистони азиз, ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд талош намоем.
Лозим ба зикр аст, ки Конститутсия санади шахшуда нест ва ба гузаштани вақти муайян он ба такмил ниёз пайдо менамояд. Конститутсияи Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии худ 3(се) маротиба бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардидааст, ки дар натиҷаи онҳо моҳият ва мундариҷаи меъёрҳои конститутсионӣ боз ҳам такмил дода шуда, муносибатҳои нав мавриди танзим қарор гирифтанд.
Бори аввал 26 сентябри соли 1999 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид гардид, ки дар натиҷа Парламегнти доимоамалкунанда дар кишвар таъсис дода шуд, ваколати Президент ба мӯҳлати 7 сол, судяҳо ба мӯҳлати 10 сол расонида шуд. Президент ваколати доир ба самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳури ҳамасола дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон баромад намуданро пайдо кард, инчунини дигар ба Президенти кишвар ҳуқуқи таъини райпурсӣ дода шуд.
Бори дуюм 22 июни соли 2003 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид шуданд, ки онҳоро ба 4 қисмат ҷудо намуд; ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд, низоми давлатӣ, муқарароти интиқолӣ ва таҳриру тасҳеҳи Конститутсия.
Дар асоси тағйиру иловаҳои мазкур инсон; ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олии ифода эътироф карда шуд; райъпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун шакли олии ифодаи бевоситаи ҳокимияти халқ муқарар гардид, ҳизбҳои сиёсӣ чун унсури низомӣ - сиёсӣ пазируфта шуданд; салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас гардид; ба низоми судӣ суди иқтисодии ВМКБ, суди иқтисодии вилоятҳо ва суди иқтисодии шаҳри Душанбе ворид карда шуданд.
Бори сеюм 22 маи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид шуданд ва дар натиҷа он истилоҳи “Сарқонун” аз номи Конститутсия гирифта шуд, маблағгузориҳои ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби субъетҳои хориҷӣ манъ гардид; синни интихоб шудан ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 солагӣ муқарар шуд; инчунин синни таъин гардидан ба вазифаҳои судяҳои ҷумҳурӣ низ аз синни 30 солагӣ муайян гардид.
Умуман тағйиру иловаҳо дар Конститутсия ворид шуда, мазмуни онро такмил дода, воқеияти замони худро инъикос намуданд. Барои такмили низоми сиёсии ҷомеа замина гузошт ва роҳи минбаъдаи давлатдориро муайян карданд.
Мавқеъ ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти такмил додани меъёрҳои конститутсионӣ санадҳоеро қабул намудем, ки хусусияти миллӣ дошта, имрӯз дар арсаи дунё ҳамчун намуна хизмат карда истодаанд. Пешвои миллат боиси он гашта, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ моро ҳамчун давлати деморотӣ, ҳуқуқбунёд дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон мешиносанд.
Бояд зикр кард, ки барои қабул намудани Конститутсия нақши Иҷлосияи 16 ӯми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бағоят бузург мебошад. Пас аз иҷлосияи таърихӣ масъалаи таҳия ,муҳокима ва қабули санади ишорашуда аз нав ба миён гузошт.
Дар шароити имрӯза ҷаҳонишавӣ, муборизаҳои оштинопазири кишварҳои абадқудрат ба монанди: ИМА, Русия, Аврупо, Чин давом дорад. Мо бояд дар ин шабу рӯз беш аз ҳарвақта доимо зиракию ҳушёриро аз даст надиҳем.
Барои пайдо намудани нуфуз дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ моро аз ҳарвақта дида хушдор месозад, ки аз иштибоҳҳои гузаштаи таърихи миллатамон сабақ гирему ба ояндаи дурахшони Ватани азизамон назари хуб дошта бошем ва ба муқаддасоти миллӣ арҷ гузорем. Меъёрҳои асосӣ- Конститутсияро бечуну чаро риоя намуда, барои пойдории демократия ва рушди давлатдории миллӣ саҳми арзандаи худамонро гузорем.
Толиб Сафдаршоев
ходими илмии Шуъбаи матншиносӣ, таҳқиқ
ва нашри мероси хаттии Маркази мероси хаттии
назди Раёсати АМИТ