Дирӯз (27.12.2021) ҷаласаи солонаи Ташкилоти ибтидоии “Меросдор”-и КИИ “Хирадмандон”-и АМИТ дар Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ, бо иштироки аъзо ва тарафдорони ин ҳизби сиёсии созандаву бунёдкор баргузор карда шуд. Рӯзномаи ҷаласа аз: 1. Ҳисобот оид ба фаъолияти аъзои Ташкилоти ибтидоии “Меросдор” дар соли 2021; 2. Интихоби шахсони масъули Ташкилоти ибтидоии “Меросдор” ва аъзои гурӯҳи таблиғотӣ ва 3. Масъалаҳои ҷорӣ иборат буд.
Дар ҷаласа муовини директор оид ба илми ММХ- А. Раҳмонов, котиби илмии ММХ-Ш. Ёраҳматзода, аъзои фаъол: М. Ғиёсиев ва Б. Навбаҳорова баромад намуданд.
Таъкид карда шуд, ки дар соли 2021 кормандони ММХ, хусусан аъзои ҲХДТ, босамар фаъолият бурда, дар баробари анҷоми корҳои нақшавии худ, дар партави фармудаҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал карда, дар пешбурди маъракаҳои муҳимми сиёсиву фарҳангӣ ва ҷамъиятии ноҳиявиву шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуданд.
Изҳор гардид, ки дар оянда ҳам ин равиш идома карда, аъзои ҲХДТ-кормандони Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ дар амалидошти сиёсати созандаву дурандешонаи ҲХДТ, ҳукумати ҷумҳурӣ ва Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳиссаи сазовор хоҳанд гузошт.