Аз 16 то 18 январ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ иҷлосияи 44-уми Шурои иҷроияи Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) ва ҷаласаи дувуми машваратии котибони масъули комиссияҳои миллӣ оид ба корҳои ИСЕСКО мегузарад, ки дар он намояндагони Тоҷикистон иштирок доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни ҷаласа ташаббусҳо ва дастовардҳои кунунии ИСЕСКО баррасӣ мешаванд.
Бояд таъкид намуд, ки якчанд ёдгории таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристи мероси моддии фарҳангии ИСЕСКО шомил гардида, ду ёдгории дигар – “Боғи миллӣ” ва “Саразм” ба рӯйхати асосии ин созмон дохил шудаанд.
Лозим ба ёдоварист,ки ММХ АМИТ соли 2023 ду лоиҳаи муҳим- Ҳифзи мероси ҳуҷҷатӣ, ҷалби занонону ҷавонон ба ҳифзи мероси ҳуҷҷатӣ ва саҳми ЮНЕСО дар ҳизи мероси ҳуҷҷаатӣ, Симпиозимуи байналмилалии “Абурайҳони Берунӣ кашшофи табиат” ба муносибати 1050 солагии Абурайҳони Берунӣ бо дастгирии ЮНЕСКО бомувафақият амалӣ гардиданд.