Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии “Ҷуғрофияи таърихӣ ва фарҳангии “Шоҳнома” рӯзҳои 11-12 октябри соли 2022 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Конфронсро Президенти АМИТ Фарҳод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба марому мақсади Абулқосим Фирдавсӣ аз иншои асари безавол – “Шоҳнома”, ки ҳимояи якпорчагии давлати миллии тоҷикон буд, ёдовар шуда, зарурати омӯзиш ва таҳқиқи густурдаи онро ҳадафмандона таъкид намуда, изҳор дошт, ки маҳз бо дарки амиқи ин воқеият Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ин шоҳасар ва аҳаммияти он гуфтаанд: “Шоҳнома” танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ, ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонист. Аз достонҳои ҷангӣ, ишқӣ, нақлу ривоёти “Шоҳнома” мо таърихи пурифтихори халқҳои ориёинажод, суннат ва анъанаҳои мардум, одоби зисту зиндагӣ, оини мамлакатдорӣ, раиятпарварӣ, ватандӯстӣ, таъмини истиқлоли кишвар, озодӣ ва озодагӣ, маънои сулҳу ҷанг ва шинохти ҳаққу ботил, пирӯзии нур бар зулмот, мардумшиносӣ, ҳаллу фасли мушкилоти байни давлатҳо, бемаъно будани ихтилофи байни дину мазҳабҳо ва дӯстиву рафоқатро меомӯзем. Агар мо бихоҳем, ки ҷовидон дар ин сарзамин руҳи Фирдавсиро зиндаву покиза нигаҳ дорем ва худро вориси ӯ бидонем, бояд ҳама андарзҳои ӯро ҳифз намуда, тибқи онҳо амал бикунем, баҳри оромишу осоиш, ваҳдату якпорчагӣ ва пойдор гардидани сулҳ ба ҷон бикӯшем”.
Сипас, Муҳиддин Панҷшанбезода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар бораи аҳамияти таърихӣ ва фарҳангии ин асари бузурги адабиёти ҷаҳонӣ сухан ронда, омӯзиши онро барои ҳифзи хотираи таърихии тоҷикон зарур шуморид.
Барои иштирок дар кори конфронс 74 нафар аз устодони донишгоҳҳо, муҳаққиқон ва соҳибназарон аз дохил ва хориҷи мамлакат маъруза пешниҳод намуда буданд. Ҳудуди 50 маъруза шунида ва баррасӣ гардид.
Дар Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии “Ҷуғрофияи таърихӣ ва фарҳангии “Шоҳнома” олимони маъруфи адабиётшинос, забоншиносон, муаррихон, фарҳангшиносон, сиёсатшиносон, устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино, донишгоҳҳои Данғара, Хуҷанд, Кӯлоб ва намояндагон аз донишгоҳҳои Фаронса, Австралия, Афғонистон ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ фаолона ширкат варзиданд.
Масъалаҳои мубрами дархӯри замони муосир, мисли “Шоҳнома” муҳимтарин санади ҳувияти тоҷикони ҷаҳон; нақши “Шоҳнома” дар тақвияти ватанпарсатии ҷавонон; масоили пажӯҳиши ҷуғрофияи “Шоҳнома”; фарҳанги ҷуғрофияи “Шоҳнома”; ҷуғрофияи таърихии “Шоҳнома”; нақши “Шоҳнома” дар ташаккул ва рушди забони тоҷикӣ; Тоҷикистони кунунӣ дар ҷуғрофияи “Шоҳнома”; пойдории ҷойномҳо (топонимика) -и “Шоҳнома” дар афкори иҷтимоӣ; ҷойгоҳи хирад ва огоҳӣ дар “Шоҳнома”; ҷойгоҳи адлу дод дар қаламрави “Шоҳнома”; Хуросон ва Мовароуннаҳр дар ҷуғрофияи “Шоҳнома”; Фирдавсӣ ва шукуҳи ҳамосасароии миллӣ; “Шоҳнома” ватан аст; бозтоби эҳсоси ватанпарастии Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”; Фирдавсӣ дар ҷустуҷӯи руҳи миллӣ; “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ рукни побарҷои худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ; “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ – инъикоскунандаи корномаи зиндагӣ ва фарҳанги миллат; арзишҳои ахлоқӣ дар тафсири саҳнавии достонҳои “Шоҳнома”; ҳувияти забон дар “Шоҳнома”; ҷойгоҳи инсон дар “Шоҳнома”; васфи дониш ва накуҳиши бехирадӣ дар “Шоҳнома”; нақши “Шоҳнома” дар шинохти таърих ва фарҳанги миллӣ; таъсири “Шоҳнома” ба адабиёти араб; “Шоҳнома” – ҳамосаи хиради инсонӣ; инъикоси бузургиву матонати зан дар “Шоҳнома” ва амсоли ин нуктаҳои муҳим, ки нақши онҳо дар эҳёи ҳувияти миллӣ ва ҳифзи хотираи таърихии тоҷикон аҳамияти махсус доранд баррасӣ гардиданд.
Дар ин росто, таъкид гардид, ки “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ ҳамчун шиносномаи таърихӣ дар маркази дилу забон, фарҳанги тоҷикон қарор дорад ва нақши он дар пойдории забони тоҷикӣ ва истиқлоли фарҳангии тоҷикону форсизабонони ҷаҳон бармало аст.
Бо дарназардошти ташаккули шуури нави инсони худогоҳ, худшиносу худҷӯй ва тафаккури интеллектуалии насли даврони муосир муҳимтарин хусусияти консепсияи ахлоқии “Шоҳнома” – ситоиш аз ақлу дониш, ҷойгоҳу мақоми онҳо дар низоми зисти инсон, тақвияти руҳи ватанпарастӣ, миллатдӯстӣ, шуру ҳаяҷону далерию мардонагӣ барои ҳифзи Ватан – Модар дар маърузаҳои иштирокчиёни конфронс ба вижа таъкид гардид.
Гузашта аз ин, нотиқон афзуданд, ки “Шоҳнома” шукуҳу ҷалоли миллати мост ва пайваста дар зиндагии мардуми мо ҳузур дорад, зеро мардум онро мутолиа мекунад, ба ёд месупоранд ва ба ин васила ҳофизаи таърихии худро ғанӣ месозанд, аз он дарси ватандӯстию миллатпарастӣ, сабақи худогоҳию худшиносӣ гирифта, арзишу ормонҳои бузурги инсонӣ, аз ҷумла дифои кишварро аз бадхоҳону душманон дар миён мегузорад ва тавассути шеърҳои ҳакимона мардумро ба далерӣ, ҳифзи нангу номус, ҳимояи марзу буми Ватан фаро мехонад. Аз ин дидгоҳ, он аз ҳамаи асарҳои адабиётамон бартарӣ дошта, паёми озодӣ, пойдорӣ ва муборизаҳо, ҷонбозӣ ба ҳамватанон медиҳад.
Ҳамзамон дар конфронс ёдрас шуд, ки асри муосир асри технологияи навин аст. Акнун технология ва техникаи муосир тамоми соҳаҳои зиндагиро таҳти таъсир қарор додааст ва дар чунин рӯзгоре, ки технологияи пешрафта қисман дар ихтиёри дастгоҳҳои таблиғотии фарҳангҳои мухталиф ва хусусан навъи тафаккури ифротии зиёновар қарор гирифтааст, муҳимтарин сипар, унсур ва нигоҳдорандаи ҳувияти миллии мо тоҷикон боз ҳам метавонад “Шоҳнома” бошад, яъне дар замони рушди тафаккури ифротӣ ин асари бузургу мондагори таърихӣ метавонад дар муқобили адабиёти динию мазҳабӣ барои тарбияи насли ҷавон дар руҳияи дунявӣ ва ватанпарастӣ хидмат намояд.
Мавриди зикр аст, ки дар маърузаҳои муҳаққиқон фалсафаи озор нарасонидан, ки аз Авесто ва осори бостон маншаъ мегирад ва ин фарзия ифодагари хамирмояи “Шоҳнома” ҳаст, зикр шуд, зеро имрӯз зарурати талқини ин ҷаҳонбинӣ аз байн рафтааст, балки беш аз пеш унсурҳои зулму ситам дар миён мебошад, инсонҳои бегуноҳ дар гушаю канори олам фавт мешаванд. Қаҳрамонҳои “Шоҳнома” аз мардуми олам даъват ба амал меоранд, ки ба сари раҳм биоянд ва беозориро шиори хештан қарор диҳанд, то бошад, ки мардум дар оромию осудагӣ, сулҳу салоҳ умр ба сар баранд.
Зимни баррасии масъалаҳои муҳими болозикр бо дарназардошти ҳарчи бештари омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани ғояҳои олии “Шоҳнома” дар конфронс пешниҳодоти зерин матраҳ гардиданд:
1. Пажӯҳиши “Шоҳнома” ҳамчун асари безавол ва мондагори таърихи халқи тоҷик тақвият дода шавад.
2. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шуъбаи Омӯзиши “Шоҳнома” таъсис дода шавад.
3. “Шоҳнома” ҳамчун намоди ҳувияти миллӣ бо теъдоди зиёд ба табъ расонда шавад.
4. Ҷиҳати тарбияи насли наврас дар руҳияи худогоҳӣ, худшиносӣ ва ташвиқу тарғиби ормонҳо ва арзишҳои миллӣ дар ҷумҳурӣ, шуруъ аз соли 2023 дар саросари кишвар озмуни шоҳномахонии “Шоҳнома Ватан аст” ташкил карда шавад.
5. Ҳамасола рӯзҳои 11-17 октябр, дар арафаи ҷашни миллии “Меҳргон” дар саросари мамлакат ҳафтаи “Шоҳномахонӣ”, ҷиҳати огаҳии ҳарчи бештару беҳтари мардум ва хоса насли наврас аз ғояҳои тарбиявии “Шоҳнома” баргузор карда шавад. Дар чаҳочӯби ин ҳафта ҳамоиши байналмилалии илмӣ, инчунин ҷашнвораи “Шоҳнома” ва “Меҳргон” бо иштироки олимони АМИТ, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳҳою олимони адабиётшинос, забоншиносон, шарқшинос, муаррихон, фарҳангшиносон, сиёсатшиносон, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумию касбӣ ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ баргузор карда шавад.
6. Як платформаи интернетӣ, ки дар он ҳамаи “Шоҳнома”-ҳои чопшуда ва нусхаҳои хаттии он ҷой дода шаванд, роҳандозӣ гардад.
7. Дар барномаҳои мактабии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва факултаҳои филологии донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ соатҳои таълими “Шоҳнома” зиёд карда шавад.
8. “Бунёди Фирдавсӣ” дар Тоҷикистон ҷиҳати ифтихор аз ҳувияти миллӣ таъсис дода шавад.