Олимон ва донишмандони кишварҳои хориҷӣ – иштирокчиёни конфронси байналмилалии «Нақши олимон ва донишмандони тоҷик дар рушди фарҳанг ва тамаддуни исломӣ» аз намоишгоҳи нусхаҳои хаттии Маркази мероси хаттии АМИТ боздид намуданд. Конфронси мазкур бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони ҳамкории исломӣ рӯзҳои 12-13 сентябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе доир шуд. Иштирокчиёни ин ҳамоиши байналмилалӣ намояндагони доимии ташкилоти байналмилалӣ, воқеъ дар Тоҷикистон, профессорону ходимони илмӣ аз донишгоҳҳои Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Алҷазоир, Бангладеш, Бруней, Миср, Узбекистон, Туркманистон, Эрон, Туркия, Кувайт аз ошноӣ бо нусхаҳои хаттӣ ва намунаи ҳунари хушнависии тоҷикон таассуроти амиқ бардоштанд. Дар ин намоишгоҳ намунаҳои осори Мавлоно, ки соли 2023 ба Номинатсияи хотираи ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуда буданд, инчунин намунаи осори Ҳофиз, Абурайҳони Берунӣ ва нусхаи мунҳасир ба фарди “Шоҳнома”- Фирдавсӣ муаррифӣ шуданд. Профессор Муҳаммад Ерол Қилич, директори генералии Маркази таҳқиқоти таърих, ҳунар ва фарҳанги Созмони конфронси кишварҳои исломӣ (IRCICA) ба корҳои анҷомшуда дар Марказ аз ҷумла, осори таҳияшуда ба забони тоҷикӣ хусусан, “Захираи Хоразмҳошӣ, “Қонуни тиб”-и Сино, “Осор-ул боқия”-и Берунӣ баҳои баланд дода гуфт, ки ин кори муборак аст. Ӯ инчунин нусхаҳои хаттии “Шоҳнома”, “Савод-ул-аъзам”, “Туҳфат-ул-муъминин” ва дигар нусхаҳоро бебаҳо арзёбӣ намуда, хостори ҳамкорӣ бо IRCICA дар ҷиҳати таҳқиқ ва нашри осори хаттӣ шуданд.