Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 29-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди давлатдории миллӣ дар замони истиқлолият» конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ доир шуд.
Дар конференсия дар мавзуъҳои «Моҳияти инсонпарваронаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-ҳуҷҷати сиёсӣ-ҳуқуқӣ», «Тағйроту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун заминаи таҳкими системаи сиёсӣ ва давлатдории миллӣ» маърузаҳо ироа гардиданд.
Иброз шуд, ки Конститутсияи Тоҷикистон истиқлоли давлати тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ояндаи онро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ муайян сохт.
Бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ баргузор шуда, бо боварии комил метавон гуфт, ки баргузории маъракаи раъйпурсӣ дар соли 1994 яке аз намунаҳои барҷастаи қаҳрамонӣ ва маҳорати баланди сиёсӣ доштани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Конститутсияи амалкунанда дар тафовут аз қонунҳои асосии пешинаи Тоҷикистон нахустин конститутсияе аст, ки бевосита аз ҷониби халқ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст ва он дар таърихи давлатдории тоҷикон нахустин санади олии меъёрии ҳуқуқие мебошад, ки ҳамраъйии халқи тоҷикро ифода менамояд.