Субҳи 14.02.2023 қалби саршор аз муҳаббат, самимият ва пур аз меҳри инсонии ҳамкори дардошно, рафиқи мушфиқу донишманди маъруф, шоири шуридадил, мунаққиди варзида, адабиётшиноси саршинос, ходими калони илмӣ, муовини директор оид ба илм ва таълими Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Асрор Раҳмонов (Асрори Сомонӣ) аз тапидан боз монд.

     Асрор Раҳмонов 1 ноябри соли 1952 дар деҳаи Артучи шурои деҳоти Рӯдакии ноҳияи Панҷакент таваллуд ёфтааст. Соли 1969 мактаби миёнаи №6 ба номи Абдусалом Деҳотии деҳкадаи колхозчиёнро ба итмом расонда, соли 1969 донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) шуда, соли 1974 бомуваффақият онро хатм кардааст. Баъадан аз моҳи декабри соли 1974 то моҳи марти соли 1980 ба сифати ходими илмии Институти шарқшиносии Академияи фанҳои  РСС Тоҷикистон фаъолият намуда, аз апрели соли 1982 то августи 1993 фаъолияташро дар Институти шарқшиносӣ (баъдан – Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ) – и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон идома додааст.

       Дар фосилаи фаъолияти фидокоронаи хеш устоди зиндаёд Асрор Раҳмонов солҳои 1980-1982 дар Ҷумҳурии демократии Афғонистон хизмати ҳарбиро ба сифати тарҷумон сарбаландона адо намудааст.

      Аз сентябри соли 1993 то декабри 1993 сармуҳаррири телевизиони Душанбе – “Сомонӣ” ва аз декабри ҳамон сол то январи 1997 дар вазифаи ходими калони илмии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

      Солҳои  1998-2012 дар вазифаҳои ёвари ректори Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон, ёвари раиси ҶСШК “Нафтрасон”, ёвари сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, мудири шуъбаи Муассисаи давлатии нашриявии “Адиб” ва аз соли 2017 то нафасҳои охирин ба ҳайси муовини директор оид ба илм ва таълими Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кор кардааст.

     Асрор Раҳмонов дар фаъолияти илмиву эҷодии хеш корҳои зиёд анҷом дода, муаллифи мақолаву тақриз ва таҳиякунандаву баргардонандаи китобҳои зиёди осори гузаштагон мебошад. Охирон китоби ба нашр расидаи шодравон Асрор Раҳмонов гулчини ғазалиёти Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ бо номи “Гавҳари Субҳ” буда, дигар аз китобҳои таҳиякардааш, ки дар чопхона дар ҳоли чоп аст, “Лайливу Маҷнун”-и Абдуллоҳи Ҳотифӣ мебошад.

      Шодравон Асрор Раҳмонов ҳамчун узви Иттифоқи нависандагон ва Конфедератсияи байналмилалии иттиҳоди журналистон буда, ба мукофотҳои аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

       Маъмурияти Маркази мероси хатти назди Раёсати АМИТ ба хонаводаи устод Асрор Раҳмонов ғамшарик буда, ба онҳо дар ин талафоти сангин сабру шикебоӣ мехоҳанд.

Маъмурият,

14.02.2023.