Рӯзи 2-юми июни соли равон дар толори Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии назди Раёсати АМИТ семинари илмӣ-методологӣ дар мавзуи “Факсмилии асарҳои нодир ва аҳаммияти он” баргузор гардид. Семинар бо сухани ифтитоҳии директори Марказ н.и.т. Раҳматкарим Давлатов оғоз гардида, мавсуф оид ба амалигардонии нақшаи тасдиқшудаи АМИТ вобаста ба факсимилӣ намудани дастнависҳои нодиру пурарзиш ва раванди корҳо дар ин самт изҳори назар намуд. Ӯ зикр намуд, ки боиси хушнудиву сарфарозист, ки дар доираи таваҷҷуҳ ва иқдомҳову дастгириҳои фарҳангпарваронаву дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори авввал иқдоми омоданамоӣ ва нашри факсимилии дастнависҳо ба роҳ монда шудааст ва мутахассисони соҳибтаҷрибаву дастхатшиносони моҳири Марказ саргарми кор мебошанд.
Баъдан сухан ба омодакунандаи яке аз дастнависҳо барои факсимилӣ н.и.ф. Охонниёзов А. дода шуд. Абдураҳмон Охонниёзов дар бораи аҳаммияти чопи факсмилии осори нодири Ганҷинаи дастхатҳои ба номи академик А. Мирзоев МШМХ сухан ронда гуфт, ки яке аз ин осори хаттии гаронбаҳо, ки барои чопи аксӣ омода шудааст маснавии “Юсуф ва Зулайхо”-и Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад. Маснавии “Юсуф ва Зулайхо”-и Абдураҳмони Ҷомӣ яке аз дастхатҳои нодир мебошад, ки дар асри XVI китобат шудааст ва таҳти рақами №1872 дар Ганҷинаи дастхатҳои Марказ маҳфуз аст. Ба ғайр аз ин нусха боз 12 дастхати дигари ин маснавӣ дар Ганҷина вуҷуд доранд, аммо ба хотири нисбатан комил будани нусхаи ёдшуда он барои чопи факсмилӣ интихоб шуда буд. Маснавии “Юсуф ва Зулайхо”-и Абдураҳмони Ҷомӣ аз 144 варақ иборат аст, ки дар ҳар варақ дар ду сутун бо хати хонои насталиқ рӯи коғази сохти шарқӣ китобат шудааст.
Дар бораи аҳаммияти факсимилии “Юсуф ва Зулайхо”-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва осоре аз ин даст гуфта шуд, ки чопи аксии ин осор имкон медиҳад мероси хаттии тоҷикон оммавӣ гардонда шаванд, беҳтар ҳифозат гарданд ва аз вайроншавии онҳо пешгирӣ карда шавад. Инчунин, барои ҷаҳониён ба воситаи чопи аксӣ осори нодири хаттии тоҷикон беҳтар муаррифӣ мегардад.
Дар ҳоли ҳозир кор барои омода кардани осори дигари хаттӣ барои чопи аксӣ дар МШМХ идома дорад ва қарор аст то охири соли ҷорӣ 10 асари нодир чопи факсимилӣ карда шаванд.
Семинар бо пурсишу ҷавоб ва андешарониҳои устодону ҳамкорони Марказ бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст гардид.
