Намонад касе зери чархи куҳан,

        Зи арбоби дониш бимонад сухан.

 

        Абулато ибни Алии Кирмонӣ, ки бо тахаллуси Хоҷу машҳур аст, яке аз шоирони маъруфи тоҷику форс буда, соли 1290 дар шаҳри Кирмон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

       Айёми хурдӣ ва ҷавонии шоир дар зодгоҳаш Кирмон гузаштааст. Пас аз касби камол ва ошноӣ бо рамзу румузи шеър ва шуҳрат ёфтан дар олами шоирӣ Хоҷу ба фикри сафар ва сайёҳат меафтад. Мехоҳад, ки аз маҳдудаи Кирмон худро берун бикашад ва бахташро дар сарзаминҳои дигар бисанҷад.

         Чанде дар Шероз мемонад ва аз бузургони ин шаҳр низ касби илму дониш мекунад. Аммо дили орзупарвар ва сайёҳатхоҳи шоир лаҳзае ӯро ором намегузорад. Бинобар ин, вай боз ба роҳи худ идома медиҳад. Ба Табрезу Шому Байтулмуқаддасу Ҳиҷозу Ироқу Исфаҳону Ҳамадон ва ҷойҳои дигар мерасад ва дар ин шаҳру мамлакатҳо умр ба сар мебарад. Дар ин бора ӯ дар маснавии «Равзат-ул-анвор» чунин менигорад:

 

Чун фалак аз роҳи Ҳиҷозам биронд,

Даври мухолиф ба Ироқам расонд.

Буд маро ҳамчу насими баҳор,

Ҳарзаравӣ дар шабу шабгир кор.

Гаҳ зи Араб сӯи Аҷам тохтан,

Гаҳ зи Аҷам сози Араб сохтан.

 

        Хулоса, Хоҷу нуздаҳ соли умрашро дар сайру сафар мегузаронад. Ӯ тахминан дар солҳои 1338-1339 ба зодгоҳаш бармегардад ва хотимаи умрашро дар Кирмону Шероз сипарӣ мекунад. Ниҳоят, вай соли 1354 дар Шероз падруди ҳаёт мегӯяд.

         Хоҷу яке аз шоирони пуркору пуросори адабиётамон маҳсуб мешавад. Ӯ илова бар девони ашъораш, ки аз қасида, ғазал, рубоӣ ва ғайра иборат аст, соҳиби маснавиҳои «Ҳумой ва Ҳумоюн», «Гулу Наврӯз», «Камолнома», «Равзат-ул-анвор», «Гавҳарнома», ки бо номи «Хамса»-и Хоҷу машҳуранд, низ мебошад.

       Хоҷу, ки дар ғазалсароӣ ном баровардааст, сабки вижа дорад. Агарчи ғазалҳои ӯ якнавохт нестанд, аммо аксар софу беғашу равон ва дорои вожагону таркиботу истилоҳоти тозаанд. Ғазалҳои ӯ бештар ба тарзи Саноӣ, Аттор, Мавлавӣ ва алалхусус Саъдӣ суруда шудаанд. Ҳофиз низ дар ғазале ишора менамояд:

 

Устоди ғазал Саъдист пеши ҳама кас, аммо

Дорад сухани Ҳофиз тарзи сухани Хоҷу.

 

          Рубоиёти Хоҷу асосан ба васфи ишқу ошиқӣ, шаробу май, сухану суханварӣ, муфохара ва масъалаҳои дигари ҳаёти инсонӣ бахшида шудаанд. Онҳо низ мисли соири осораш содаву равон мебошанд.

       Хоҷу шоири инсондӯст, ситамситез ва марди ахлоқу орифу вораста мебошад. Ҳамнавъонро дӯст медорад. Тарафдори сулҳу ваҳдату дӯстию одамият аст. Бархе аз гуфтори ӯ дар ин заминаҳо ба сурати абёти ҳикматомез аз қаламаш таровидаанд ва хусусияти мондагорӣ касб кардаанд.

       Хоҷу дар осораш беш аз сурат ба сират сару кор дорад, яъне шоире ботингарой аст, на зоҳиргарой. Бинобар ин, мефармояд:

 

  Пой мабин, пояи товус бин,

 Ҷифа мабин, каркаси ковус бин.

 

         Хоҷу дар осори худ аз шаробу майу маъшуқа, бевафоии рӯзгор, одамони ҷоҳилу нодон, зоҳидони риёӣ, хурофотпарастону мутаассибон, рӯзгори ноҳамвор, фитнаи намояндагони мазҳабҳо, аҳли сарвату зулму ситам, сайру сафар, ғурбат, дурӣ аз ёру диёр ва ғайра сухан мегӯяд. Ӯ дар бисёре аз ашъораш ба ҷоҳилони хурофотпараст, мазҳабгароёни мутаассибу бесавод метозад, сурату сирати эшонро фош менамояд:

 

   Пире дидем ҷумла вирдаш «ё Ҳу»,

   Гуфтем: «Бигӯ, ки кистӣ?» Гуфто: «Ҳу».

   Гуфтем, ки «Ло илоҳ»-ро маъно чист?»,

   Гуфто: «Нашунидам зи кас, илло Ҳу».

***

  То кай чу Масеҳ дам зи тоот занед,

  Ё ҳамчу Калим лофи миқот занед.

  Хезеду ба май хоки маро гил созед

  В-он гаҳ зи гилам хоки харобот занед.

 

      Хоҷу чун дигар адибони озодандеш байни куфру дин тафовут намебинад. Ӯ дар осораш ваҳдати инсонҳоро тараннум намуда, бад-ин тартиб ҷаҳонбинии дунявии хешро ба намоиш мегузорад:

 

Эй дил, талаби дард куну дармон бин,

Дар олами ҷон неҳ қадаму ҷонон бин.

Бигзар зи ҳиҷобу куфру имон, он гоҳ

Дар сурати куфр маънии имон бин.

 

       Хоҷу дар осораш танзҳои газанда ва интиқодоти сахт аз зоҳиргароён, аҳли ришу саллаву суф ва амсоли ин менамояд:

 

Риши худ бигрифту бартезиду бихрӯшиду гуфт,

К-ин замон чун навкаре бо ман намебинӣ, чӣ буд?

Гуфтамаш: даст аз чӣ рӯ ҳар лаҳза бар риш оварӣ?

Дунби хар чандон ки паймоӣ, ҳамон бошад, ки буд.

 

     Мо дар бисёре аз ашъори Хоҷу оҳангҳои ҳаётдӯстона, аз зиндагӣ лаззат гирифтан, ба қадри неъматҳои ҷаҳон даррасидан ва хушгузаронии рӯзгорро мушоҳида менамоем:

     

 Замоне биё, то даме хуш барорем,

      Ки бе мо замона замоне наярзад.

 

      Хоҷу мисли бисёре аз шоирони мунавварфикр дар пардаи рамзу киноя ва истилоҳоту мафҳумҳои пардапӯшона орову афкори мутараққии сиёсиву иҷтимоӣ, фалсафӣ ва гоҳе миллии худро нишон медиҳад. Масалан, ӯ дар муқобили таълимоти тасаввуфию ирфонӣ ва хаёлгариҳои суфиёну орифон ба мақоми волои ақлу хирад, илму дониш дар ташаккули шахсияти инсон ва такомули ҷомеа арҷ мениҳад ва дар осораш аз ин ду неруи раҳнамову созанда ситоиш менамояд.

     Хоҷу ба нақши ақлу хирад ва илму дониш таъкид намуда, мегӯяд, ки инсон бидуни доштани ақл ва фаро гирифтани дониш наметавонад худ, зиндагӣ, коинотро бишиносад ва ба такомулу тараққӣ даст ёбад. Мо ин маъниро аз дастовардҳои баланд дар замони муосир бармало дида метавонем. Аз ин рӯ, ашъори дар ин замина офаридаи Хоҷу барои мо имрӯз низ муфиданд, зеро мо ба воситаи ин шеърҳо аз мақоми илму дониш дар низоми зиндагӣ ва ҳаёти башар огоҳ мешавем. Ин намунаҳо, ки дар гиромидошти ақлу хирад, илму дониш гуфта шудаанд, ҳанӯз ҳам аҳамияти худро гум накардаанд ва гум нахоҳанд кард, зеро маҳз бо доштани ақлу хирад ва илму дониш инсон аз ҳайвон фарқ мекунад ва ба сӯи бунёдкорӣ, пешрафт ҳидоят мешавад. Чунончи, ӯ дар мақолаи дувоздаҳуми «Равзат-ул-анвор», ки «Дар ақлу ҳаё ва пайдоишоти он» ном дорад, аз ақлу ҳаё чунин ситоиш мекунад:

Ақлу ҳаё ҷону дили оламанд,

Машъалафрӯзи раҳи одаманд.

Ҳоҷиби човуши сипоҳи туанд,

Чашму сару пушту паноҳи туанд.

 

       Хоҷу барои тасдиқи мақоми хирад ва ақлу ҳаё дар «Ҳикояти Арасту ва сифати ақлу ҳаё» чунин мегӯяд:

 

Кард бузурге зи Арасту суол,

К-«Эй хирад аз шарҳи камоли ту лол.

Даври расул чун ба ниҳоят расад,

Даъвии даъват ба ҳикоят расад.

Маҳв шавад шарҳ зи лавҳи баён

Омиру ноҳӣ кӣ бувад дар ҷаҳон?»

Дод ҳаким аз сари ҳикмат ҷавоб,

К-эй зи суоли ту равон гашта об.

Мубдеи ашё, ки ҷон офарид,

Ақлу ҳаё кард дар инсон падид…

Муршиду ҳодӣ ба ҷуз аз ақл кист?!

Монеу дофеъ ба ҷуз аз шарм чист?!

Ҳаст хирад раҳбари роҳи савоб,

Ҳаст ҳаё деви хаторо шиҳоб.

 

      Хоҷу баръакси назарияи суфиёну зоҳидон, ки ба ин дунё арҷ намениҳанд ва ба он ба чашми ҳақорату камбинӣ менигаранд, ба ҷаҳон эҳтиром мегузорад. Бинобар ин, ба онҳо чунин ҳушдори омӯзанда медиҳад:

 

 Чашми ҳақорат зи ҷаҳон боз гир,

 То нашавӣ пеши ҷаҳоне ҳақир.

 

         Хоҷу ҳамеша ба мутаассибони мазҳабӣ, бартариҷӯёни арабӣ дастбагиребон будааст, зеро ӯ, агарчи мусулмон аст, аммо фарзанди озодагон будани хешро ҳаргиз фаромӯш намекунад ва аз аҳли Аҷам, ки худ аз онҳо намояндагӣ менамояд, ҳароина ҳимоят мекунад. Ӯ бад-ин тартиб, аз як сӯй, заковату хирад ва дили поки аҷамиёро ситоиш карда, аз сӯйи дигар бузургманишии аъробро маҳкум мекунад. Ӯ ин қазияро дар «Ҳикояти Ҳасани Басрӣ ва Ҳабиби Аҷамӣ» чунин баён менамояд:

 

Буд Ҳабиби Аҷамӣ дар намоз,

Шуд Ҳасани Басри-ш аз дар фароз.

Дид, ки «ал-ҳамд» ба «ал-ҳамд» хонд,

Рахши қироат ба иборат наронд.

Гуфт: «Намоз аз паси ин чун тавон,

К-ин аҷамӣ ҳаст шикастазабон.

Дур шуду кард ба танҳо намоз,

З-он ки кунад хос зи ом эҳтироз.

Дид ҳамон шаб чу фурӯ шуд ба хоб,

К-омадӣ аз ҳазрати Иззат хитоб,

К-«Эй Ҳасан, ар ҳусни иборат турост,

Сиҳҳати ният зи иборат ҷудост.

Тири фазилат шудат акнун зи шаст,

Ёфта будиву бидодӣ зи даст.

Ғарра чӣ бошӣ ба ибороти хеш,

Ношуда кашшофи ишороти хеш.

Гар ту ҷудогона накардӣ намоз,

Пардаи тооти ту будӣ ба соз.

Дил чу дуруст аст, забонро биҳил,

Номи забон аз чӣ барӣ пеши дил?

Ростии дил зи равиш хостаст,

Гар ту ба дил каҷ наравӣ, рост аст...

Тӯтии хушхон, ки забон номи ӯст,

Шаккари ширини баён коми ӯст.

Айб макун, гар шиканад дар сухан,

Бад набувад тӯтии шаккаршикан.

Ганҷи равон шуд дилу афъӣ забон,

Фарқ басе бошад аз ин то ба он».

 

           Агарчи дар замони Хоҷу, ки аз барандохта шудани давлати миллии тоҷикон – Сомониён чорсад сол мегузашт, зимоми давлатдорӣ дар дасти бегонагон буд, дигар аз шоҳону паҳлавонони Аҷам ному нишоне набуд, руҳи миллӣ ба заъф гароида буд, подшоҳону ҳокимони мулки Аҷам бегонагон буданд, аммо адибони миллӣ, афроди банангу номус ва ватандӯст аз ифтихороти миллии худ даст намекашиданд. Эшон гузаштаи боифтихори қавми худро фаромӯш намекарданд, бо ҳар васила руҳияи миллии худро нишон медоданд ва аз ақвоми истилогар, ки Аҷамро дар қабзаи худ қарор дода буданд ва ба тоҷикон зулму ситам мекарданд, интиқод мекарданд ва бад-ин тартиб руҳи миллии худро нишон медоданд. Яке аз роҳҳои ҳифзи руҳи миллӣ ин насиҳат маҳсуб мешуд. Мо инро дар мақолоти сездаҳуми «Равзат-ул-анвор», ки «Дар насоеҳу мавоизи мулук ва таҳйиҷ дар адолату мулкпарварӣ ва таҳриз бар насафату додгустарӣ» унвон дорад, мушоҳида менамоем, ки шоир дар зимни панд ин подшоҳони ситамгорро, ки худро бартар аз шоҳони Аҷам тасаввур мекарданд, ба онҳо таъна мезаданд, шоҳону паҳлавонони Эрони бостонро ночиз медонистанд ва аз ҷоҳу ҷалоли муфт гирифтаи худ ғурур меварзиданд, мавриди мазаммат қарор медиҳад ва ба онҳо ҳушдор медиҳад, ки даст аз зулму ситам кӯтоҳ намоянд, роҳи адлу инсофро, ки шоҳону паҳлавонони пешин доштанд, пеш гиранд, вагарна ҷазои аъмоли худро хоҳанд дид:

 

Эй шуда мағрур ба иқболу ҷоҳ,

Чанд кунӣ такя бар айвону гоҳ.

Карда дар ин панҷараи шашдарӣ,

Нисбати Гуштосб ба оҳангарӣ.

Аз сари нахват ба гаҳи интиқом,

Зол ниҳӣ куния Дастони Сом…

Гоҳ занӣ лоф, ки Бежан кӣ буд?

В-он ҳама номуси Таҳамтан чӣ буд?..

Гоҳ занӣ таъна, ки Баҳром кист?

Пури Наримон киву Руҳҳом кист?..

Мулки ту гар милкати ҷамшедӣ аст,

Охири кораш ҳама навмедӣ аст…

Хотири меҳнатзадагон шод кун

В-аз шаби меҳнатзадагӣ ёд кун…

Адл бувад оинаи рӯзгор,

К-оина ҷуз адл наёяд ба кор.

Сӯхтагонро ба карам даст гир,

Бӯ, ки дар он сар шавадат дастгир.

 

      Ва шоир дар идомаи суханаш мегӯяд:

 

Тоҷи Каён бин, ки киён мениҳанд,

Ҷои Каёнро ба киён медиҳанд.

 

         Аз ин чанд намуна маълум мешавад, ки адибони мо дар замони ҳокимияти сиёсӣ, динӣ ва қавмии бегонагон ҳам бо роҳҳои мухталиф (дар ҷомаи  насиҳат, ҳикмат, тарғиби хирад, илму дониш) тавонистанд андеша ва хотираи миллиро ҳифз намоянд, ба намоиш бигузоранд.

        Хоҷу шоири озодандеш аст, аз ин хотир, ӯ каъбаро бутхона муаррифӣ мекунад, зоҳирро ҷуз суратпарастӣ чизи дигаре намедонад, балки ботинро асос медонад. Чунончи, ӯ мегӯяд:

Каъба, ки шуд хонаи суратгарӣ,

Буткада бошад, чу наку бингарӣ…

Маст мадон ринди қадаҳнӯшро,

Тифл махон пири қабопӯшро…

Ҷома бар оташ неҳу пеш ор ҷом,

Дар даҳани шер шав аз баҳри ком.

 

       Хоҷу аз азрақпӯшон, яъне суфиёни зоҳиргаро, маккор, солус, риёӣ гурезон мебошад. Бинобар ин, ӯ дар ашъораш ба эшон метозад ва сурату сирати нопокашонро фош мекунад. Хусусан, онҳоеро, ки худро дар сурат ва либоси суфиёна пинҳон карда, аммо дар муқобили покиву амали неку парҳез аз бадӣ қарор мегиранд, зуҳду тақворо шиори хеш қарор дода, мардумфиребӣ менамоянд, ба боди интиқод мегирад:

 

Эй ту ниёзиву ниёзи ту ҳеҷ,

Ҷома намозиву намози ту ҳеҷ.

Дурдкаши базми ҳавову амал,

Ҷуръакаши ҷоми дағову дағал.

Устуракирдор тарошида сар

В-аз ту тарошида ҳама хушку тар…

Дар таярон ҳамчу кабӯтар ба риш

В-омада сармаст чу кабк аз ҳашиш.

Риш маёрову маҳосин нигар,

Риш дигар дону маҳосин дигар…

Чанд занӣ лофи тасаввуф ба суф,

Вақф чӣ гирӣ, чу надорӣ вуқуф?

Ранги тасаввуф на ба суф асту бас,

Суфӣ аз ин ранг надидаст кас.

Соф барой, ин ҳама суф аз куҷост?

Кор нагардад ба сафу суф рост.

Такя бар ин зуҳди музаввар макун,

Чашми тасаввур ба вараъ бар макун.

 

     Хоҷу дар ҷойи дигар дурӣ аз суфиёни риёкор,  фиребгарон, маккорон, худситоён, лофзанонро талаб мекунад:

 

Ҳазар аз сафдарони суфином,

Бо сафу суфашон сафой тамом…

Нотарошидагони мӯйтарош,

Пурхурӯшандагони синахарош…

Шаҳриёрони кишвари талбис,

Шаҳсаворони лашкари иблис…

Карда таҳсилу ҳеҷ ҳосил не,

Ҷуста тафзилу ҳеҷ фозил не…

Хирқашон тар зи чашми гавҳарбор,

Лек дар зери хирқашон зуннор…

Охир, эй каркаси нишеманоз,

То кай оӣ ба риш дар парвоз?..

 

         Бостонгароӣ ва бостонситоӣ, ки аз вуҷуди руҳи миллӣ дарак медиҳад, дар осори адибони мо ба ин ё он навъ, ба ин ё он ҳаҷм (дар яке зиёд, дигаре кам) ба чашм мерасад. Бавижа, ёдоварӣ аз паҳлавонону подшоҳони Аҷам, шахсиятҳои бузурги афсонавию таърихӣ қариб дар тамоми осори адибони мо мушоҳида мешавад. Хоҷу низ дар осораш ҳамвора аз гузаштагон ёд мекунад ва бад-ин роҳ хонандаро ба худогоҳӣ, бедорӣ, масъулият, ибрат гирифтан, андеша кардан аз ҳоли ҷаҳон фаро мехонад. Ба ин пурсишу руҷӯи ӯ бингаред:

 

Аз Фаридуну Ҷам чӣ дорӣ ёд,

К-он яке шуд ба хоку ин барбод?!

Дори Доро нигар, барӣ аз тахт,

Қасри Қайсар бубин, тиҳӣ аз рахт.

Бигзар аз оташу Сиёваш ҷӯй,

Тир биндозу ҳоли Ораш гӯй.

Сару сомони Оли Сомон бин,

Тоҷу тахти мулки Эрон бин…

 

      Агар ашъори Хоҷуро аз лиҳози дар бар гирифтани ашъори дунявӣ мавриди пажӯҳиш қарор бидиҳем, як рисолаи бузург хоҳад шуд. Аз ин рӯ, зикри як ғазали Хоҷу, ки дар маснавии «Ҳумой ва Ҳумоюн» овардааст, муҳим аст:

 

Маро гар марҳами озор ҷӯед,

Аз он пурзӯр бас бозор ҷӯед...

Нишонам аз дари масҷид чӣ пурсед?!

Маро аз хонаи хаммор ҷӯед.

Майи гулранг чун дар ҷом резед,

Канори чашмаву гулзор ҷӯед.

Баёни мантиқи ширини Хоҷу,

Зи тӯтии шакаргуфтор ҷӯед.

 

       Албатта, афкори мутараққӣ, инсондӯстона, интиқодӣ, иҷтимоӣ дар осори Хоҷу бисёранд. Шоир дар бисёре аз мавридҳо ба аҳли ҷаҳлу зоҳир метозад, қонуниятҳои иртиҷоии динро маҳкум мекунад, аз онҳо фосила мегирад, гоҳе дар муқобили фармоишоти диниву мазҳабӣ ҳаракат менамояд. Суханони ӯ дар ин заминаҳо, ки танқидиву омӯзандаву инсондӯстона мебошанд, барои тамоми замонҳо ва миллату қавмҳо баробар хидмат мекунанд.

   Аз "Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти тоҷику форс".-Душанбе, 2023.