То мадрасаву манора вайрон нашавад,
Ин кори қаландарӣ ба сомон нашавад.
То имон куфру куфр имон нашавад,
Як банда ҳақиқатан мусулмон нашавад.
Абусаид Фазлуллоҳ ибни Абулхайр соли 966 дар мавзеи Меҳанаи ноҳияи Ховарони Хуросон (наздикии Ашқободи ҳозира) таваллуд шуда, дар соли 1049 дар он ҷо даргузаштааст. Абусаид аз хурдӣ фаҳму ҳуши ҳайратовар дошт. Дар шаҳрҳои Марв, Нишопур ва Сарахс дониш омӯхтааст. Ӯ баъди омӯхтани илм ба Меҳана баргашт. Гоҳ-гоҳе ба Нишопур мерафт. Аз лаҳзаҳои зиндагии Абусаид яке он аст, ки бо Ибни Сино вохӯрда буд. Абуалӣ Сино устоди мантиқ ва ҳикмат буд ва аз тариқи таълимоти машшоъ ё фалсафае, ки қабл аз ислом ва таълимоти Арасту илҳом мегирифт ва пояаш далели ақлӣ аст, бо Абусаид баҳс орост. Вижагиҳои мулоқоти Абусаид бо Ибни Сино дар китоби «Асрор-ут-тавҳид» ин гуна тасвир шудааст: «Хоҷа Буалӣ бо шайх дар хона шуд ва се шабонарӯз бо якдигар буданд ва ба хилват сухан мегуфтанд, ки кас надонист ва низ ба наздики эшон дарнаёмад. Баъд аз се шабонарӯз Хоҷа Буалӣ бирафт. Шогирдон аз Хоҷа Буалӣ пурсиданд, ки Шайхро чӣ гуна ёфтӣ? Гуфт: Ҳар чӣ ман медонам, ӯ мебинад. Ва мутасаввифа ва муридони шайх чун ба наздики Шайх даромаданд, аз Шайх [Абусаиди Абулхайр] суол карданд, ки эй Шайх, Буалиро чун ёфтӣ? Гуфт: Ҳар чӣ мо мебинем, ӯ медонад».
Қолаби фикрии ин ду донишманд аз ҳам фарқ мекард: яке (Ибни Сино) ба ақлу мантиқу далел ва дигаре (Абусаид) ба ваҷду ҳол (қалбу эҳсос) такя менамуданд.
Миёни Абусаид ва Ибни Сино мукотибаҳо низ сурат гирифтааст, ки номанигории онҳо ба табъ расидааст. Яке аз лаҳзаҳои хотирмон ва ҷолиби ҳаёти Абусаид ин буда, ки фақеҳони Нишопур боре ба Султон Маҳмуд нома навишта, шикоят кардаанд, ки ин ҷо марде пайдо шуда, бо шеъру тарона сухан мегӯяд, на бо ояту ҳадис. Ҳалли муамморо ба зиммаи халифаи Бағдод вогузор карданд ва ӯ билохира иҷозат дод, ки Абусаид кори худро идома диҳад.
Дар бораи аҳволи Абусаид дар асри ХII наберагонаш ду китоб навиштанд: китоби аввал «Ҳолот ва суханони шайх Абусаиди Абулхайр» буда, ҳаҷман хурд аст; китоби дуюм «Асрор-ут-тавҳид фӣ мақомоти шайх Абусаид» ном дошта, бузургтар аст. Аз он чӣ ба ӯ нисбат медиҳанд, муҳаққиқи варзида Саид Нафисӣ як маҷмуае мураттаб намудааст, ки фарогири ҳафтсаду бист рубоӣ ва ҳафтоду ҳашт қитъа мебошад.
Абусаид марди хушзабон, ширинбаён, шикастанафс ва меҳрубон буд. Нақлу ривоятҳое дар заминаи зиндагиномаи Абусаид ба мушоҳида мерасанд. Аз ҷумла, ривоят мекунанд, ки шайх рӯзе бо муридонаш дар калисои насрониҳо ҳузур ёфт ва ин кори ӯ дар он рӯзгор боиси иттиҳоду улфат гардид. Дар панду роҳнамоӣ ҳам тариқи лутфу муҳаббатро пеш мегирифт, чунонки ҳикояти зайл далели ин гуфтаҳост: «Ҳам дар он вақт, ки Шайхи мо ба Нишобур буд, рӯз ба гӯристон хира мешуд, бар турбати машоих расид, ҷамъеро дид, ки дар он мавзеъ хамр мехӯрданд ва даф мезаданд. Суфиён дар изтироб омаданд ва хостанд, ки эҳтисоб кунанд [онҳоро ҷазо бидиҳанд] ва эшонро биранҷонанду бизананд. Шайх иҷозат надод».
Абусаид аз шикастанафсӣ ва хоксории вижа бархурдор буд ва такаббурро написандида, худро аз касе боло намегирифт. Ин қисса низ маъруф аст, ки ҳангоми беморӣ аз Абусаид пурсиданд, ки дар пеши тобутат аз «Қуръон» чӣ бихонанд? Гуфт: Ҳеҷ, байт кофӣ хоҳад буд:
Хубтар андар ҷаҳон аз ин чӣ бувад кор,
Дӯст бари дӯст рафту ёр бари ёр.
Он ҳама андуҳ буду ин ҳама шодӣ,
Он ҳама гуфтор буду ин ҳама кирдор.
Абусаид таассубро дар ҳеҷ шакле қабул надошт ва як умр бо ҷаҳолату бехабарӣ мубориза бурд. Ӯ дар рубоии машҳураш («То мадрасаву манора вайрон нашавад»), ки дар оғози матлаб оварда шуд, кори қаландариро дар ба ҳам омезиш додани куфру имон, ки сабаби таҳаммулпазирӣ, гуногунандешӣ ва баҳамоии инсонҳо мегардад, зарур шумурдааст.
Ба таври шоиста зиндагӣ кардан, аз худ номи наку гузоштан ва баъди даргузашт боиси ангушт газидани мардум гардиданро Абусаид муҳтаво ва мазмуни зиндагии инсонӣ донистааст:
Ин умр ба абри навбаҳорон монад,
Ин дида ба сели кӯҳсорон монад.
Эй дӯст, чунон бизӣ, ки баъд аз мурдан,
Ангушт газидане ба ёрон монад.
Мусаллам аст, ки рубоӣ аз навъҳои хеле маъмули назми форсии дарии тоҷикӣ дар асрҳои даҳум ва ёздаҳум ба шумор рафта, тамоми шоирони давраҳои гуногун аз он барои расонидани ҳадаф ва матлабу мазмунҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, адабӣ, маърифатӣ ва фалсафӣ васеъ истифода бурдаанд. Дар баробари ин ки ҳамаи шоирони бузург рубоӣ ва дубайтӣ эҷод кардаанд, барои як иддаи донишмандони суханвар рубоӣ василаи изҳори завқу маром будааст.
Рубоиёти Абусаиди Абулхайрро, аз рӯйи мазмун ва муҳтаво метавон ба рубоиёти иҷтимоӣ, ишқӣ ва дунявӣ тақсим кард. Албатта, вақте ки масоили иҷтимоӣ дар шеър инъикос меёбад, мазмунҳои ишқӣ ва дунявию маданӣ ба дунболи он мавқеъ ва ҷойгоҳ касб менамоянд. Муҳим аз ҳама ин аст, Абусаиди Абулхайр ҳаргиз аз масири зиндагии индунёӣ канор нарафт ва то охири умр барои бозгӯ кардани мушкилот ва масъалаҳои иҷтимоӣ ва дунявӣ ҳиммат гумошт. Аз тарафи дигар, ӯ инсони заминӣ буд ва бо мушкилоту печидагиҳои зиндагӣ ҳамарӯза дасту панҷа нарм мекард. Табиист, ки зиндагӣ ва умри инсониро муқаддас ва гиромӣ медонист ва ба манзараҳои рӯзгор воқеъбинона менигарист. Дар ҳоле ки суфиён ва орифон ба зиндагии инҷаҳонӣ чандон аҳамият қоил набуданд ва гӯшанишиниро ба унвони меъёри зиндагии суфиёна пазируфта, ин тарзи зиндагиро шараф медонистанд, Абусаид лаҳазоти умр ва зиндагиро қадр мекард ва инсонвор зистанро асоси умрфарсоӣ медонист.
Чун ҳадафи мо баррасии дидгоҳи дунявии Абусаиди Абулхайр аст, ба силсилаи рубоиёте, ки мазмунҳои иҷтимоӣ ва дунявӣ доранд, таваҷҷуҳ мекунем.
Абусаиди Абулхайр дар рубоиёти худ ҳамчун як озодандеш, зиндагипараст ва дунёмадор ҷилва мекунад. Гоҳ аз фалак гилаву озор мекунад, гаҳ ишқу муҳаббати безавол ва маъшуқро меситояд, гоҳ воқеияти зиндагиро мавриди арзёбӣ қарор медиҳад, гаҳ дуди фарёдаш ба осмон мепечад, гоҳ ҷуръату ҷасорат ба зиндагиаш маъно мебахшад.
Абусаид дар ҳар ҳолат ва вазъи зиндагӣ аз ҳасту буди хеш дарак медиҳад ва дар муқобили руҳафтодагӣ ва яъсу ноумедӣ бурдборона меистад. Муҳимтар аз ҳама, афкори Абусаид бо озодандешӣ ва инсонсолорӣ ҳамроҳ аст ва шоир тавассути рубоиёт эътирозоти иҷтимоӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ ва мадании худро изҳор медорад. Ӯ аз ҷумлаи шоирони аввалине буд, ки дар шароити зулму истибдоди гӯшношуниди динӣ тавассути шеъру тарона, махсусан, рубоӣ ба масири озодандешӣ роҳ ёфт ва аз ин тариқ бо ҷаҳлу таассуб ва хурофот мубориза кард.
Абусаид мисли Хайём [мисраъҳои Хайём «Сад каъбаи обу гил ба як дил нарасад, Каъба чӣ равӣ, бирав дилеро дарёб» дар назар аст] шод кардани хотиреро асли зиндагӣ ва муваффақият дониста мегӯяд:
Хоҳӣ чу Халил каъба бунёд кунӣ
В-онро ба намозу тоат обод кунӣ;
Рӯзе ду ҳазор банда озод кунӣ,
Беҳ з-он набувад, ки хотире шод кунӣ.
Ишқу муҳаббати поки инсонӣ марзҳои куфру имонро мешиканад ва ҷуръату ҷасоратро ба инсон эҳдо мекунад. Зимнан, ишқ ва муҳаббат поя ва асли низоми дунявӣ ва шеваи дунёмадорист. Абусаид ҳам аз ин мавқеъ ба ишқ назар меафканад ва бидуни маъшуқ оби ҳаётро ҳам ҳеҷ мешуморад:
Бе чашми ту ёди наргиси тар накунам,
Бе лаъли ту орзуи кавсар накунам.
Гар Хизр ба ман бе ту диҳад оби ҳаёт,
Кофар бошам, ки бе ту лаб тар накунам.
Абусаид дил ва ишқро, ки аслу асоси такопӯ ва талошу ҷустуҷӯҳои инсонист, яксон ва ҳамрадиф дониста, мегӯяд:
Гар бо ғами ишқ созгор ояд дил,
Бар маркаби орзу савор ояд дил.
Гар дил набувад, куҷо ватан созад ишқ
В-ар ишқ набошад, ба чӣ кор ояд дил.
Шоир огоҳона зистан ва ҳадафмандона гузаронидани умрро чунин месарояд:
Огоҳ бизӣ, эй дилу огоҳ бимир,
Чун толиби манзилӣ, ту дар роҳ бимир.
Ишқ аст ба сони зиндагонӣ, варна
З-ин сон ки туӣ, хоҳ бизӣ, хоҳ бимир.
Гоҳо Абусаид хайёмвор ба олам менигарад ва «маълумам шуд, ки ҳеҷ маълум нашуд»-и Ҳакими Нишопурро такрор мекунад:
Ҳам дар раҳи маърифат басе тохтаам,
Ҳам дар сафи олимон сар андохтаам.
Чун парда зи пеши хеш бардоштаам,
Бишнохтаам, ки ҳеҷ нашнохтаам.
Ӯ мавзуи маъмулии баробар будани илм бо амалро гӯшзад карда, ғуруру такаббурро мавриди интиқод қарор медиҳад:
Бо илм агар амал баробар гардад,
Коми ду ҷаҳон туро муяссар гардад.
Мағрур машав ба худ, ки хондӣ варақе,
З-он рӯз ҳазар кун, ки варақ баргардад.
Абусаид ба дараҷае шефтаи ишқ ва муҳаббати инсонӣ аст, ки барои ӯ дину мазҳаб фарқе намекунанд ва ҳар дину мазҳабе, ки пеши роҳи ишқ ва меҳрро мегирад, канораш мезанад. Ин аст, ки ба тарсову муслим ва муъмину насоро ҳушдор медиҳад:
Ноқуснавоз агар зи ман дорад ор,
Саҷҷоданишин агар зи ман кард канор,
Ман низ бар рағми ҳар ду андохтаам,
Тасбеҳ дар оташ, оташ андар зуннор.
Абусаид кеши ишқро аз соири дину мазҳабҳо ҷудо медонад ва иддао мекунад, ки паёмбари ишқ на аҷамӣ ва на араб аст. Чун ишқ вориди зиндагии инсонҳо мегардад, ба сони оташи сӯзанда имону кешу мазҳабро месӯзад ва ҳамаро зеру забар мекунад:
Он оташи сӯзанда, ки ишқаш лақаб аст,
Дар пайкари куфру дин чу сӯзанда таб аст.
Имон дигару кеши муҳаббат дигар аст,
Пайғамбари ишқ на аҷам, не араб аст.
Рубоиёти Абусаид бо эҷодиёти мардумӣ хеле наздикӣ доранд ва дар ниҳояти самимият суруда шудаанд. Абусаид мавзуи дӯст ва дӯстдориро, ки меҳвари мавзуоти фолклорӣ ва умуман, адабиёти классикӣ ва муосири тоҷикӣ-форсист, пайгирӣ карда, рубоие сурудааст, ки то имрӯз вирди забони мардумист:
Эй дӯст, эй дӯст, эй дӯст, эй дӯст,
Ҷаври ту аз он кашам, ки рӯйи ту накуст.
Мардум гӯянд, биҳишт хоҳӣ ё дӯст?
Эй бехабарон, биҳишт бо дӯст накуст.
Абусаид ба сифати як инсони заминӣ, хоксору ботавозуъ ва вораста аз қайду бандҳо, аз ҷаҳлу нодонӣ раҳо шудан, аз ғафлату ниёзмандӣ ва ҳавою ҳаваспарастӣ дур будани инсонҳоро тақозо мекунад:
Эй дил, зи шароби ҷаҳл мастӣ то кай?
В-эй нестшаванда, лофи ҳастӣ то кай?
Гар ғарқаи баҳри ғафлату оз наӣ,
Тардоманию ҳаваспарастӣ то кай?
Бояд таъкид кард, ки Абусаид тарона ва рубоиро василаи таваҷҷуҳ ва тарғиботи фикрӣ қарор дода, дар ин самт муваффақ шудааст. Пас аз даргузашти Абусаид, шоирони баъдӣ истифодаи ашъорро ҳамчун абзори тарғиботу ташвиқоти иҷтимоию маънавӣ зарур донистанд. Саноӣ, Аттор ва Мавлоно чунин шеваи шеърсароиро дар ҳамоҳангӣ бо озодандешӣ ва мардумсолорӣ расмият бахшиданд.
Зиндагии шахсию иҷтимоии Абусаид, ки моломоли меҳру муҳаббат ва самимияту меҳрубонӣ буд, далели он аст, ки ӯ рубоиро ба унвони василаи муассири тағйир додани зеҳни насли замон, ки аксаран дар қайду банди хушкандешии мазҳабӣ гирифтор буд, корбаст кардааст. Мавзуъ ва мазмунҳое, ки Абусаид дар маркази таваҷҷуҳ қарор додааст, ҳамагӣ аз зиндагӣ реша мегиранд ва арзиши умумиинсонию башарӣ доранд.
Нурзода Н.