Бо чунин унвон, имрӯз (14.06.2024) дар Маркази мероси хаттии назади Раёсати АМИТ семинари илмӣ-назариявӣ баргузор карда шуд. Семинарро директори Марказ н.и.т. Давлатов Раҳматкарим ҳусни оғоз бахшида, ташкили чунин ҷамъомадҳои илмиро муҳим арзёбӣ намуд.
Дар семинари илмӣ узви вобастаи АМИТ, профессор Маҳмадалӣ Музаффарӣ суханронӣ карда, “Донишнома”-и Синоро, ки яке аз асарҳои фалсафии ӯ ба ҳисоб меравад, ҳамчун асоси назарияи маърифати ратсионалӣ муаррифӣ намуд.
Ҳамчунин, дар рафти ҷаласа оид ба маъно, мазмун, ифодаи маърифат ва предметҳои он баҳсу баррасиҳо сурат гирифта, таъкид шуд, ки дар моҳҳои оянда дигар масъалаҳои гнесологӣ мавриди баҳс қарор ҳоҳад гирифт.