Эълон!

          Ба таваҷҷуҳи аҳли илму фарҳанги кишвар расонида мешавад, ки рӯзи 28.04.2023, соати 09:00 дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Шоҳнома ва замони мо” ва рӯнамоии китоби “Фирдавсӣ – шоири паёмрасон”-и Ҷамолиддин Саидзода баргузор мегардад.

         Дар конфронси мазкур донишмандони маъруфи ҷумҳурӣ Кароматулло Олимов, Аскар Ҳаким, Абдулҳай Маҳмадаминов, Умед Назаров, Аскаралӣ Раҷабов ва дигарон дар мавзуъҳои дархӯри мазмуну мундариҷаи “Шоҳнома” ва китоби “Фирдавсӣ – шоири паёмрасон”-и Ҷамолиддин Саидзода ибрози андеша менамоянд.

        Аз ихлосмандони адабиёт ва таърихи тамаддуни башар хоҳиш менамоем, ки дар мубоҳиса ва табодули афкор ширкат варзанд.