ФАЙЗУ ФАЗИЛАТҲОИ НАВРӮЗ

         «Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт, оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур ба мо омада расидааст».

Эмомалӣ Раҳмон

     Наврӯз ҷашни мардумии ориётаборон буда, ин иди хуҷаста аз даврони Одам то ин дам ба мо мерос мондаасту банӣ-Башар онро ҳамасола пешвоз мегиранд, арҷ мегузоранд ва тантана мекунанд. Бале, Наврӯз ҷашни миллию ҳамбастагии қавму қабоили ҳавзаи тамаддуни ориёист, ки вижагиҳое дораду он пушти ба пушт омада файзу фазилатҳои ба худ хосро дорост ва  бо гузашти солҳову асрҳо сайқал ёфтаю ба шарофати одамон пурфайзтар гардидааст. Ин ба он маъност, ки сараввал Наврӯз оғози бедории табиату навбаҳори файзбахш аст, зеро ба таъбири марди деҳқон як рӯзи баҳорро самаранок истифода намудани он борҳои тирамоҳу дайро пур намудан аст. Дигар ин ки Наврӯз идомаи пайвастаи ҳаёт, ҳам дар табиат ва ҳам дар ҷамъият, аст. Зиёда аз ин, Наврӯз барои ориётаборон ва зистмандони манотиқи Ориёӣ ба ҳайси як ҷашни мардумӣ ва миллӣ шуҳрати оламгир дорад, ки ҳоҷат ба шарҳу тафсир нест.

      Роҷеъ ба пайдоиш, ба ҳукми анъана даромадани ҷашни Наврӯз чи дар ривоятҳои мардумӣ, чи рисолаҳои ба ин ҷашн нигошта ва чи дар бозёфтҳои бостоншиносӣ андешаҳои гуногуне ҷой дода шуда бошанд ҳам, асосан бунёди таҷлили Наврӯзро ба замони подшоҳии Ҷамшед – шоҳи пешдодӣ нисбат додаанд ва Ҷамшед худ аз машҳуртарин шахсиятҳои ривоятии эронитаборон маҳсуб мешаваду он тайи солҳою  қарнҳо  аз дил ба дил роҳи тӯлонӣ паймуда, аз насл ба насл мерос монда, бо мурури замон ҳарчи беш ғанитару рангинтар гардидааст. Тибқи баъзе маълумотҳои дигар, ки дар маъхазу сарчашмаҳо маҳфуз мондаанд, пайдоиши Наврӯз  ҳамчунон ба давраи ҳукмронии Каюмарс, Куруши Кабир, Ардашери Бобакон  ва ғ. нисбат дода шудааст.  Ба ҳар ҳол, ин ҳама ба он маъност, ки Наврӯз аз ҷашнҳои хеле қадимаи мардумонамон аст ва он дар ҳақиқат мардумисту ба ягон дину ойини алоҳида иртиботе надорад. Зиёда аз ин, Наврӯз эҷоди ниҳоят дурбинонаи мардумони Шарқ буда, хушбахтона имрӯз маснади ҷаҳонӣ гирифтааст.  Ин ҷашни пурфайзу бафазилат тавониста, ки дар тӯли дарозои таърихи башарият мардумро, новобаста ба қавму нажоду миллат ва эътиқодҳои динӣ, ба ҳам ҷамъ оварад, ҳамовозиашонро бо табиати бедоршудаистода таъмин намояд ва дар ҳастии худ, дар ниҳоди худ ваҳдатпарвар бошад. Халқияту миллатҳои бостонию даврони асотирӣ ҳар қадар сохторҳои гуногуни иҷтимоӣ бо боварҳои худ доштанд, то маъруфияти Наврӯз боз ҳам ҳамагӣ бо мавҳумҳои «рӯзи нав», «навшуда», «наврӯз», «шукуфоӣ», «бедорӣ» ва монанди инҳо ошноӣ доштанд.  Эшон муътақид бар он буданд, ки ҷаҳон дар як даврае ё замоне нав мешавад, мешукуфад, борвар мешавад ва боз бо ҳамин минвол доиравор такрор мегардад ва, албатта, ин оғоз ҳамоно Наврӯз аст.

       Боз дар бораи пайдоиши Наврӯз гуфтаҳою боварҳои дигаре низ ҳастанд, ки ишора намуданашро ин ҷо бамаврид медонем. Куҳантарин нишонаҳои  Наврӯз, ки бостоншиносони ҳавзаи Наврӯз дарёфтаю паҳн намудаанд, ин ҷашни сари соли нави шумериён ва бобилиён будаасту дар навиштаҳои дарёфта ба ҳазораи севуми пеш аз мелод рост меояд. Боз гумонҳои тозатаре низ ҳастанд, ки онҳоро дар заминаи маъхазҳои мавҷуда бояд пайгирӣ намуд.

     Бо омадани Наврӯз ва оғози ҳар сол куҳулати замон аз ёдҳо зудуда мегардид, офаридаҳои табиати офаранда ҷони тоза меёфт. Ҳамин буду ҳаст, ки рустану шукуфтани гиёҳон, «…рӯйиши донаҳои ба рӯйи хок кишта ва ҷорӣ шудани шираҳои ҳаётбахш дар тану ҷони рустаниҳо дамидани ҷони тозаеро ба ҷону тани одамон илқо менамуд» ва ҳамчун биҳишти гумшудае аз нав зеҳни одамонро такон медод.  Оғози ҳар солро инсонҳо бо ҳазору як орзую умед интизорӣ мекашиданд, ҷашну сур, ки рамзи бедории табиати дар хоббуда ва асари хуҷастаи он бар одамон аст, меоростанд. Тасхири замон, эҳсос накардани гузаштани вақти астрономӣ барои онон нишотовару шодибахш буд ва инро ҳамроҳи ҳамешагии зиндагӣ эҳсос мекарданду имрӯз ҳам дар ҳамин боваранд.

     Ҷашни Наврӯз аз қадим аз рӯзи аввал то ба дувоздаҳ рӯз идома дошт, ки мушаххасоту сифатҳои  он осори даврони баъдазисломии мардуми эронитабор хеле равшан баён ёфтааст. Дар ин бора метавон пеш аз ҳама  андешаҳои Абуалӣ ибни Сино, «Осор-ул-боқия»-и  Абурайҳони Берунӣ ва «Наврӯзнома»-и нуҷумии Умари Хайём, ки аз ашрофони ақлияи даврони худ буданд, ном бурд. Ва, хушбахтона,  ба забони форсии тоҷикӣ «Наврӯзнома»-ҳои зиёде навиштаю  то ба мо  омада расидаанд, ки аз ҳар кадом метавон бамаврид истифода кард. Ба ишораи умумии эшон гӯё таваллуди Офтобу пайдоиши Одам – ҳар ду ба Наврӯз иртибот дорад, ки кайҳоншиносӣ инро собит намудааст. Ва Наврӯз он будаю ҳаст, ки, тибқи наврӯзи бобилиён, сарнавишти офаридаҳо ва одамиёнро дар ҷаҳон ба сӯйи дувоздаҳ моҳи дигар, то Наврӯзи наву баҳори нозпарвар,  мекушояд. Аз ин рӯ, Наврӯз аз куҳантарин боварҳои ақвоми ориёист, ки  он ба бисёре аз зистмандони гуногунқабилаи дуру наздик барвақт нуфуз карда будааст. Тибқи маълумоти мавҷуда «шавоҳиде дар даст аст, ки ҳаммонанди Наврӯзи бобилӣ дар назди мисриён, ҳаитиҳо ва ақвоми бостонии дигар  маълум будааст» ва худ ба худ ошкор мегардад, ки Ҷаҳонишавии Наврӯз заминаи боэътимод дошту аз қадим ҷаҳониён онро бо рангу равишҳои гуногуни ба худ хос пешвоз ва ҷашн мегирифтанд, тантана мекарданд ва оғози муваффақонаи тамоми заҳматҳои худ дониста, бо муҳаббат дона мепошиданду натиҷаи борварии заҳматро интизор мешуданд. Дар ин ишора тамоми фаъолияти одамӣ алоқамандие бо табиат дорад ва, албатта, хеле  мушаххас.

     Расму ойини Наврӯз бо гузашти вақту такрори бардавом, новобаста ба дину ойинҳои фаъоли ҷаҳонӣ, сайқал ёфта ва чун табиати Наврӯз покию тозагӣ ва назофату сафост, тозатар гардида, ҷашне барои  ҳамешагии инсонҳост, ки гуфта шуд. Мо – тоҷикон ва қавмҳои дигари ориёитаборҳо омад-омади Наврӯзро интизорӣ мекашем, дар арафаи Наврӯз бори дигар  хонаю дар, атрофу акнофи зист, ҷӯю наҳрҳоро поку сафо месозем, дарахту гулу гулбуттаҳо мешинонем, донаи умед бар замин мепошем. «Хонабаророн» ва «хонатаконӣ»-и пеш аз Наврӯз низ дар байни мардуми ҳавзаи Наврӯз ба ҳукми анъана даромадаст, ки дар бисёр навиштаҳои фолклоршиносон сифат шудааст. Дар рӯзҳои Наврӯз мардум мувофиқи завқи худ хонҳои наврӯзӣ мекушоянд, рӯйи он  неъматҳои тайёркардаи «ҳафт шин»-у «ҳафт син»-у «ҳафт мим» мегузоранд, рамзи покию рӯшноӣ косаи об мегузоранд, шамъ меафрӯзанд, базми сурур барпо  месозанд ва… сарҷамъона  тавлиди соли навро  таҷлил менамоянд. Шоирон бо замзама шеъри наврӯзӣ эҷод мекунанду машшоқон менавозанд ва мутрибон чи ширин месароянд:

                        Ба дилам аз ҷунбиши фарвардин ҳаваси он турфа

 нигор омад,

                        Бизан, ай мутриб, бизан, ай мутриб, ки зимистон рафту

                                                                                                                        баҳор омад!

    Бале, Наврӯз аз поринатарин офаридаи тамаддуни Ориёист, ки аз ҷониби мардум қабул гардида, новобаста ба ҳодисаҳои хушу нохуши таърих ва муқобилиятҳои беҳуда ҳамсола меояд. Муҳимтар он аст, ки  чанд сол пеш бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ва ЮНЕСКО ба сифати ҷашни байналмилалӣ пазирафта шуд. Акнун Наврӯз дар ҳақиқат оламафрӯз гардиду бо омадани худ дар тамоми сайёраи Замин тантана мекунад ва мо қудуми пурфайзашро муборакбод мегӯем. 

Хуш омадӣ, Наврӯзи хуҷастапай!

  Алии Муҳаммадии ХУРОСОНӢ,

Мудири шуъбаи матншиносӣ,

 таҳқиқ ва нашри мероси хаттии

Маркази мероси хаттӣ

TJ