Имрӯз, 18.10.2024, бо ибтикори шуъбаи тавсиф ва таҳияи осори хаттии Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Масъалаҳои муҳимми феҳристнигорӣ ва ҳифзи мероси хаттӣ”, ки ба 80-солагии яке аз донишмандони фарҳехтаи нусхашинос, шарқшинос ва мутарҷими осори Ибни Сино Сайиднуриддин Шаҳобиддинов бахшида шуда буд, баргузор гардид.
Конфронс бо сухани ифтитоҳии саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Қосимшо Искандаров оғоз шуда, мавсуф андешаҳои худро оид ба арзиши илмӣ ва фарҳангии дастнависҳо дар мисоли корҳои анҷомдодаи яке аз дастхатшиносону донандагони барҷастаи забони арабиву хатти порсӣ С.Шаҳобиддинов баён намуданд. Мавсуф зикр намуд, ки имрӯз бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон тамоми шароит барои ҷамъоварӣ ва ҳифзу нигаҳдории осори хаттӣ фароҳам оварда шудааст. Ва кормандони Марказ вазифа доранд, ки кори ҷамъоварӣ, тавсиф ва таҳияи осори хаттиро, ки муҳимтарин муаррифгари ҳувият ва хотираи таърихии миллат мебошанд, бо талаботи меъёрҳои муосир бештар суръат бахшанд.
Раҳматкарим Давлатов, директори Маркази мероси хаттии АМИТ, номзади илми таърих зимни суханронии хеш дар мавзуи “Собиқаи тавсифи дастхатҳои ММХ ва масъалаҳои асосии феҳристнигорӣ” зикр намуданд, ки аз 17 ҳазор китоби дастнавис, то имрӯз 23% онҳо ё ҳудуди 4000 нусха тавсиф ва дар 10 ҷилд бо забони русӣ ба нашр расидааст. Номбурда таъкид намуданд, ки аз оғози соли равон тавсифи дастхатҳо пурра ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда шуда, ҳамчунин баҳри оммавигардонии нусхаҳои нодир ба забонҳои англисӣ, арабӣ ва хатти форсӣ феҳрист тарҷума шудааст ва ҷилди аввали он имсол ба нашр мерасад.
Донишманд ва файласуфи шинохта, доктори илми фалсафа, яке аз ҳамкурсону дӯстони наздики равоншод С.Шаҳобиддинов устод Комил Бекзода, ки шиносоӣ ва ҳамкории 62 сола бо марҳум С.Шаҳобиддинов дорад, фаъолиятҳои илмии ӯро бо далелҳои ҷолибу ҳайратангез ба самъи иштирокдорон расонид.
Дар идомаи конфронс маърузаву андешарониҳои н.и.ф., Маҳмадёр Шарифов дар мавзуи “Таҳияи аввалин феҳристи нусхаҳои хаттӣ ба забони тоҷикӣ”, Алӣ Муҳаммадиев “Матншиносии даврони соҳибистиқлоли тоҷик ва вижагиҳои он”, Сайидхоҷа Ализода “Шинохти нусхаҳои нодир ва таҳияву нашри онҳо”, ходими пешбари Институти омӯзиши давлатҳои Осиё ва Аврупо Абдуҳалим Одинаев “Нақши устод Сайиднуриддин Шаҳобиддинов дар муаррифии осори ниёгон” шунида шуд.
Кормандони Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик номзади илми фалсафа, Саидбек Маҳмадуллоев ва Раҳматулло Абдуллоев оид ба хизматҳои анҷомдодаи С.Шаҳобиддинов суҳбат намуда, саҳми ӯро дар таҳвсиф, таҳияи феҳристи осори хаттӣ ва тарҷумаи осори бузургон аз забони арабӣ муҳим в амондагор арзёбӣ намуданд.
Ҳамчунин, дар ин нишасти илмӣ узви хориҷии АМИТ, дастхатшиноси машҳур, собиқ директори Китобхонаи миллии Фаронса Франссис Ришар ҳузур дошт, ки мулоҳизаҳои худро дар бобати нуфузи илму дониши хаттии мардуми тоҷику форс ва таъсири он ба илми ҷаҳонӣ иброз намуд. Мавсуф корҳои анҷомдодаи Сайиднуриддин Шаҳобиддиновро дар заминаи нусхашиносӣ ва тавсифу феҳристнигории осори хаттӣ мондагору нодир арзёбӣ ва барои идома додани онҳо тавсияҳои муфид дод.
Дар анҷоми конфронс аз ҷониби иштирокдорон пешниҳод карда шуд, ки ба хотири арҷ гузоштан ва қадрдонии донишманди пуркору пухтакор, тарҷумон ва таҳиякунандаи бузургтарин асари тиббӣ “Ал-қонун фи тибб”-и Абуалӣ Сино ва даҳҳо китобу рисолаҳои дигар, Сайиднуриддин Шаҳобиддинов муассисаи таҳсилоти миёнаи умумие, ки ин олими тоҷик дар он таҳсил кардаанд ба номи ӯ гузошта шавад.