Дар Литсейи Президентии байналмилалии шаҳри Душанбе китоби пурарзиш муаррифӣ гардид.
Чанде қабл ба ифтихори 34-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Литсейи Президентии байналмилалии шаҳри Душанбе маҳфили муаррифии китоби “Мероси фарҳангии Хуросони Бузург”, ки аз тарафи Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон омода гардида, ду ҷилди аввали он аз маҷмуи силсилакитобҳо ба нашр расидааст, баргузор гардид. Ин иқдоми арзишманд бо дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи шинохти беҳтар ва ҳифзи асолат ва ҳувияти миллӣ ва посдорӣ аз бузургони илму фарҳанги тоҷикон ва мероси онҳо ба ҳисоб меравад.
Маҳфилро директори литсей Мухибулло Зувайдуллозода Ҳабибулло ифтитоҳ намуда, аз саҳми бузурги Пешвои миллат дар рушди маориф гузориш дод. Ӯ аз ҷумла зикр намуд, ки дар замони кунунӣ, ки ҷаҳон ба як деҳкада мубаддал гашта ва ҷаҳонишавӣ таҳдиди ҷиддӣ барои зарба задан ба фарҳангу тамаддуни миллатҳо ва халқҳо дониста мешавад, танҳо иқдомоте дар роҳи ҳифзу нигаҳдории мероси миллӣ ва фарҳангӣ барои пойдории миллат метавонад саде бошад, ки интишори чунин китоб намунаи бориз аз ин садгузориҳо дар роҳи пешгирӣ аз таҳдидоти бегона ва аз байн рафтан ё фаромӯш гардидани мерос, суннат ва фарҳанги миллӣ аст.
Қобили зикр аст, ки пас аз ба истиқлол расидани Тоҷикистон иқдомоти арзишманд ва қобили таваҷҷуҳе дар ин замина сурат гирифта, ки таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён ба ҳайси нахустин давлати мутамаркази тоҷикон ва интишори китобу мақолаҳо дар робита бо ин мавзуъ, интишори китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назири “Тоҷикон дар оинаи таърих (аз Ориён то Сомониён)”, “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат”, “Наврӯз шиносномаи миллат”, “Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ”, “Забони миллат-ҳастии миллат”, “Чеҳраҳои мондагор” ва амсоли онро метавон ном бурд, ки чунин иқдомҳо дар даврони хеле кӯтоҳи баъди истиқлолият сурат гирифтанд ва ҳадафи он қабл аз ҳама бедории миллӣ, ҳифзи асолати фарҳангӣ ва ошноии ҳарчи бештар бо таъриху тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик ба унвони меросдорони ин сарзамину ин фарҳанг мебошад ва бетардид падидаи нодир ва корҳои мондагоре дар таърихи навини тоҷикон ба ҳисоб меоянд.
Сипас, корманди Маркази мероси хаттиии АМИТ Наҷмиддин Шоҳинбод ду китоби ҷилди аввали китоби “Феҳристи бузургони тоҷик-форс”-ро ба директори мактаб супорид.
Китоби “Феҳристи бузургони тоҷик-форс” дақиқан идомаи ҳамин сиёсат мебошад, ки бо ҳадафи тақвияти худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба гузаштаи пурифтихори бостонӣ таҳия ва нашр шудааст. Ин китоб, ҳамон гуна ки дар муқаддимаи он омадааст: “Мероси фарҳангии Хуросони Бузург” дар фазои ҳассоси имрӯзӣ ва шароити феълии бархӯрдҳои сиёсию тамаддунӣ, аз ҷумлаи лоиҳаҳои муҳимми илмӣ-оммавӣ, тарғибӣ-таблиғӣ ва миллӣ-мардумӣ буда, таъриху фарҳангу маданияти бузург доштани қаламрави Хуросони Бузург ва билохира нуфузу эътибори сиёсию маънавии миллат-давлати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ ба намоиш мегузорад.”
Дар китоб роҷеъ ба 400 нафар аз шахсиятҳои номдор ва таърихии хитаи Хуросони Бузург дар замони қабл аз ислом маълумот дода шудааст, ки ба назари хонанда ва махсусан онҳое, ки бо таърих ва тамаддуни мардуми тоҷику форс қабл аз ислом таваҷҷуҳ доранд, метавонад чунин тофта бошад, ки теъдоди афроду шахсиятҳо ва осори қабл аз ислом дар ин китоб метавонист аз ин бештар бошад. Далели ин амр метавонад зиёд бошад, аммо муҳимтарин далелаш он аст, ки ин осор бар асари ҳаводиси бади рӯзгор ва гардиши лайлу наҳор ва тохтутозу ҷаҳонкушоиҳо аз байн рафт. Агарчи бархе аз муҳаққиқон далоили дигареро ҳам барои он пеш меоваранд ва ба сурати китоб надаромадани ин осорро сабаби аз байн рафтани он медонанд. Ба ақидаи муҳаққиқоне аз ин даст дар Эрони пеш аз ислом (манзур Эрони бостон) осори адабӣ маъмулан ба сурати китоб навишта нашуда буд ва асосан ба сурати ривояту достонҳо аз даҳон ба даҳон мунтақил мешуд ва аз насл ба насл интиқол меёфт, ки баъд аз ислом аз байн рафт. [4] Аммо аслитарин далели аз байн рафтани осору мероси қабл аз ислом ин бархӯрди мутаассибонаи намояндагони дини навзуҳур бо фарҳангу адаби ориёӣ ва порсии куҳан буд, ки гиребони фарҳангу тамаддуни қадимии Хуросони бузургро низ гирифт. Дар пажӯҳишҳои мутааддиде дар хусуси китобсӯзиҳо ва қатлҳои намояндагони ин фарҳанги куҳан суханҳо ва ривоятҳои зиёде гуфта шудааст. Бахусус дар асарҳое чун “Осор-ул-Боқия”-и Абурайҳони Берунӣ, “Тазкират-уш-шуаро”-и Давлатшоҳи Самарқандӣ, “Ду қарни сукут”-и Абдулҳусайни Зарринкуб, “Мазди Ясно ва адаби Порсӣ”-и Муҳаммад Муин ва даҳҳо осори дигар нақл шудааст, ки чи гуна аъроб баъд аз фатҳи ин минтақа намояндагони илму фарҳанги бостониро ба қатл расониданд ва осори гаронмояи қадимии қабл аз исломро бо иттиҳоми осори муғону маҷус ба қаҳри дарё ва ба коми оташ андохтанд. Агарчи баҳсу баррасии ин мавзуъ дар маҷоли ин мақола нест, аммо лозим донистем то чанд иқтибос ва нақли қавлҳо дар мавриди ин мавзуъ дар ин ҷо зикр намоем, то ба ин масъала равшанӣ андохта шавад, ки шояд ба назари мутолиакунандагони китоби “Феҳристи бузургони тоҷик-форс” чаро намояндагон ва осори қабл аз ислом камтар ба чашм мерасанд.
Абурайҳони Берунӣ дар “Осор-ул-боқия” менигорад, ки “Қутайба ибни Муслим ҳар касеро, ки хати хоразмӣ медонист ва онҳо, ки аз ахбори хоразмиён огоҳ буданд ва вопасин ахбору иттилоотро миёни худ тадрис мекарданд онҳоро аз байн бурд, ба-дин сабаб ахбори Хоразм тавре пӯшида монд, ки пас аз ислом наметавон онҳоро донист....”.
Дар китоби “Ду қарни сукут” аз осори зиёди давраи Сосониён ишора шудааст, ки танҳо номе аз онҳо дар китобҳо боқӣ мондааст: “Номи бисёре аз китобҳои давраи Сосонӣ дар китобҳо монда, ки ному нишоне аз онҳо нест, ҳатто тарҷумаҳои онҳо, ки дар аввалҳои давраи Аббосиён анҷом шуда, аз байн рафтааст ...Вақте Саъд бинни Ваққос бар мадоин даст ёфт дар он ҷо китобҳои зиёде дид ... ҳамаи он китобҳоро дар обу оташ афканданд...”.
Дар дебочаи китоби “Мазди Ясно ва адаби порсӣ” ба ҳамаи ин китобсӯзиҳо ва аз байн бурдани осори қабл аз ислом ба сурати куллӣ ва бо истинод ба манобеи мухталиф ишора шуда, он як зарбаи маънавӣ ба забону фарҳанги эрониён дониста шудааст.
Ҳамаи ин гуфтаҳо ва навиштаҳо ҳикоят аз он дорад, ки осори хеле зиёде дар даврони қабл аз ислом дар хитаи Хуросони Бузург вуҷуд дошта, вале мутаассифона аксарияти онҳо бар асари носозгории рӯзгор ва гардиши носозгори лайлу наҳор ба ҳар роҳе нобуд шуда, намояндагону нависандагони онҳо таъқиб шуда ва ба қатл расиданд. Бо ин авсоф, шояд ин посухе бошад ба ин пурсиши эҳтимолӣ, ки чаро дар китоби “Феҳристи бузургони тоҷик-форс” теъдоди афрод ва осори камтаре аз замони пеш аз ислом вуҷуд дорад. Агарчи пайдо кардани ҳудуди чорсад нафар аз шахсиятҳои таърихӣ, ки аксарияташон намояндагони Суғду Бохтар ҳастанд, ҳамчунин мероси фарҳангии он давра ва ҷо додани онҳо дар китоб кору заҳмати андаке нест.
Бо як сухан метавон гуфт, китоби “Феҳристи бузургони тоҷик-форс” дастовези хубе барои олимон, муҳаққиқон, пажуҳишгарон ва ҳатто оммаи ташнагони фарҳангу адаби тоҷикӣ-порсӣ мебошад. Шояд ин китоб бархе аз навоқис, махсусан навоқиси текникӣ дошта бошад, аммо он ба ҳеҷ ваҷҳ аз арзиши он, ки ҳадафаш тарвиҷ ва муаррифии таъриху фарҳанги қадимии тоҷикӣ-форсӣ дар ростои худшиносӣ ва тақвияти ҳувияти миллӣ дониста мешавад, заррае ҳам кам намекунад. Бо ин ҳама, ин ҳанӯз ибтидои кор ва қатрае аз баҳри бекаронаи илму адаб ва фарҳанги тоҷикӣ-порсист ва умед аст, ки идомаи ин силсилакитобҳо ба сурати комил омода ва нашр гардида, дастраси ошиқони адабу фарҳанги тоҷикӣ-форсӣ қарор гирад.
Наҷмиддин Шоҳинбод