Дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон имрӯз (09.04.2025) конфронси илмӣ-назариявӣ ба муносибати “Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик” (02-11.04.2025), ки дирӯз бо иштироки муовини саркотиби илмии АМИТ, роҳбарият ва кормандони илмии Марказ оғоз шуда буд, ба кори худ идома бахшид.
Конфронсро муовини директор оид ба илм ва таълими Марказ Ёраҳмадзода Шодиҷон идома дода, зикр намуд, ки муаррифӣ ва ташвиқу тарғиби илм яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҳар яки мову шумо ба ҳисоб меравад ва дар ин росто беҳтарин фурсат аст, ки натиҷаи тадқиқотҳои худро муаррифӣ ва пешниҳоди дигарон гардонем.
Сипас, мудири шуъбаи иттилоот, робитаҳои илмӣ ва омӯзиши тамаддуни Шарқ, н.и.п., Меҳриддин Ғиёсиев дар мавзуи “Афкори педагогӣ дар ҳамосаи миллии тоҷику форс “Шоҳнома” андешаронӣ намуда, ин асари бузургу машҳурро махзани асосии афкори созанда муаррифӣ намуд.
Дар идома ходими пешбари имии ММХ, н.и.ф. Мавҷуда Хуҷова дар мавзуи “Симои зан-модар дар адабиёт”; ходими илмии ММХ, Наҷмиддин Шоинбодов “Тарғиби илм омили ташаккули ормонҳои миллӣ”; ходими илмии ММХ, Толибзиё Сафдаршоев “Мавқеи ғазал дар назми Мухлиси Бадахшонӣ”; ходими илмии ММХ, Муҳаммадамин Наимов “Ҳаёт ва фаъолияти адабии Носиҳуддини Арҷонӣ”; ходими хурди илмии ММХ, Шерияздон Алимардонов “Аҳамияти анҷомаи дастнависҳо дар нусхашиносӣ” ва ходими хурди илмии ММХ, Маҳмуд Назаров дар мавзуи “Вижагиҳои хаттии дастнависи “Таърихи Рашидӣ”-и Мирзо Муҳаммади Ҳайдар” шунида ва мавриди муҳокима қарор дода шуданд.