5 декабр дар Кохи Ваҳдати пойтахт бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров - бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи точик”, баргузор гардид.

Кори ҳамоиши сатҳи баландро бо сухани муқаддимавӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ карда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва иштирокчиёни чорабиниро ба ифтихори 115-солагии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, ходими номдори давлативу сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров самимона табрик гуфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми аллома Бобоҷон Ғафуровро дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, инкишофи илму фарҳанги муосири ҷумҳурӣ ва илми шарқшиносии асри ХХ бисёр муассир арзёбӣ карданд.

Таъкид гардид, ки Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро дар ҷодаи таҳқиқи анъанаҳои давлатдории тоҷикон, гузаштаи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик, мақом ва ҷойгоҳи таърихии тоҷикон дар илму адаб ва фарҳангу тамаддуни башарӣ сарф намудааст.

Бинобар ин, барои фаъолияти барҷастаи давлатӣ ва хизматҳои бузург дар инкишофи илму фарҳанг, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ ба Бобоҷон Ғафуров 8-уми сентябри соли 1997 бо Фармони Президенти мамлакат унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории ин чорабинии сатҳи баландро нишонаи олии қадршиносии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои арзандаи Бобоҷон Ғафуров дар назди халқу давлати тоҷик арзёбӣ карда, зимни суханронии пурмуҳтаво оид ба ҳаёти ибратомӯз ва фаъолияти самаранокаш дар роҳи муаррифии мардуми бофарҳангу тамаддунофари тоҷик дар арсаи олам андешаронӣ намуданд.

Аз ҷумла, таъкид гардид, ки Бобоҷон Ғафуров бо олимону адибон дар иртиботи доимӣ қарор дошт ва инкишофи илми Тоҷикистонро пайваста дастгирӣ, назорат ва роҳнамоӣ мекард.

Бобоҷон Ғафуров пас аз устод Садриддин Айнӣ ба таҳқиқи мукаммали таъриху тамаддуни тоҷикон иқдом намудааст. Ӯ дар марҳалаи нави рушди илму фарҳанги тоҷик риштаи тоҷикшиносиро густариш бахшид, ки аввалин падидаи дурахшони он эҷоди асари бунёдии “Таърихи мухтасари халқи тоҷик” мебошад.

Таъкид гардид, ки ҳадафи устод Бобоҷон Ғафуров аз нашри ин китоб ва асарҳои минбаъда ба ҷаҳониён собит намудани ин ҳақиқати илмӣ буд, ки тоҷикон яке аз қадимтарин миллатҳои дунё буда, дар раванди рушди тамаддуни башарӣ нақши басо арзишманди таърихӣ бозидаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар бораи аҳамияти шоҳасари “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров андешаронӣ карда, иброз доштанд, ки “Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

“Тоҷикон” ҳоло китоби рӯйимизии ҳар як фарди соҳибмаърифат ва бонангу номуси миллати тоҷик мебошад, зикр карданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти мамлакат ба Ҳукумати кишвар супориш доданд, ки масъалаи таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои дастовардҳои назаррас дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, шарқшиносӣ ва муаррифии таъриху фарҳанги деринаи тоҷикон дар арсаи байналмилалиро омӯхта, пешниҳод манзур намояд.

Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодони хеш “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба тамоми мардуми кишвар дастрас карда шавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гиромидошт ва зинда нигоҳ доштани ному корномаи фарзандони бузурги миллати тоҷик ин аст, ки таърихи пурифтихор ва мероси пурбори илмӣ, адабӣ ва фарҳангиву тамаддунии худро соҳибӣ ва ҳимоя кунем, ин таърихи пурифтихор ва ин мероси гаронмояро ба хотири иттиҳоду сарҷамъӣ ва сарбаландиву сарфарозии мардумамон, ободии Ватани аҷдодиамон ва таҳкими пояҳои давлатдории навини миллиамон ҳарчи бештар ва оқилона истифода барем.

Баъди суханронии пурмуҳтавои Президенти мамлакат дар Симпозиуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров - бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи точик” меҳмонони чорабинӣ, олимону коршиносони сатҳи байналмилалӣ  Виталий Наумкин - академики Академияи илмҳои Русия, Сзин Сзэ - муовини директори Институти Аврупо, Русия ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои Чин, Ҳасан Булхорӣ - устоди Донишгоҳи Теҳрон, Франсис Ришар - шарқшинос аз Франсия, Навшоҳи Ориф Доктори илми таърих аз Ҷумҳурии Исломии Покистон, Иброҳим Истамбулӣ - тарҷумони арабии китоби “Тоҷикон” аз Сурия ва Давлатзода Шоираи Кароматулло - донишҷӯи курси чоруми факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, барандаи Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон - оинаи таърихи миллат” суханронӣ карда, дар бораи хизматҳои арзандаи аллома Бобоҷон Ғафуров дар роҳи рушан намудани таърих ва пайдоши давлату миллати тоҷик ва қадршиносиҳои фарзандони фарзонаи миллат аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ карданд.

 

http://prezident.tj/node/32064

Иштирок дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров 05.12.2023