Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи илм бо ташаббус ва сиёсати хирадмандона ва илмпарваронаи бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самти афзалиятнок эълон гардидааст. Пурмаҳсул гардонидан ва тақвият бахшидани фаъолияти маркази асосии илми тоҷик – Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин сиёсат сарчашма гирифта, илм дар баробари маорифу фарҳанг аз самтҳои афзалиятноку стратегии рушди миллӣ эътироф гардидаст.
Давлат ва ҳукумат илмро ҳамчун омили пешбарандаи ҷамъият арзёбӣ намуда, барои рушди минбаъдаи он ва беҳтар кардани шароити иҷтимоиву иқтисодии олимон тадбирҳои судманд меандешад.
Ҳамасола моҳи апрел дар тамоми муассисаву марказҳои илмии ҷумҳурӣ ҳафтаи илм бо шаҳомати хоса баргузор мегардад. Ба ин муносибат имрӯз (05.04.2024) дар Акдемияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф солҳои 2020-2040”, “Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Ба кори конфронс Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида бо сухани муқадимавии хеш, ба олимону кормандони академия оғози ҳафтаи илмро хайру мақдамгуфта, ба онҳо дар ҷодаи илм барору комёбӣ ва барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррасро дар ин самт таъкид намуд. Гуфта шуд, ки «Ҳафтаи илм» фурсати хубе барои табодули андешаву дастовардҳои илмии ҳайати олимони Академия ва таҳрикбахше дар ростои машғул шудан ба пажӯҳишҳои илмист. Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ инчунин, барои тавсеяи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 - 2040 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шудааст. Ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеяи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.
Дар идомаи конфронс ноибони Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саидов Абдусатор, Қоҳирова Гулчеҳра, Муҳаммад Абдураҳмон, Ғоибзода Алиҷон Ҷура доир ба мавзуҳои “Хатрҳои глобалӣ ба гуногунии биологӣ ва экосистемаҳо”, “Терроризм ва хавфҳои репутатсионӣ ҳамчун усули технологияҳои сиёсӣ” ва “Усулҳои муосири ташхис ва табобати фишорбаландии дуюмдараҷа” маъруза намуданд.
Дар интиҳо Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба кори конфронс хотима бахшида зикр дошт, ки иқдоми наҷиб, яъне, соли 2024 – ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидан ба дурнамои неки таҳкими низоми демократӣ, ҷомеаи адолатпарвару ҳуқуқмеҳвар ва қонунсолор мусоидат менамояд. Шуурнокии ҳуқуқии шаҳрвандон аз бисёр ҷиҳат муайянкунандаи дараҷаи рушди давлат ва таъмингари эътибори он дар миқёси ҷаҳони муосир аст. Месазад, ки дар партави иқдомҳои дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳрвандон дар доираи эълони соли 2024 – ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» баҳри боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон даст ба кор бошанд ва сифати баланди баргузории чорабиниҳои нақшавиро дар ин самт татбиқ намоянд.
Дар ибтидо, Конфренсияи ҷумҳуриявии илмию амалии ҳайати олимони АМИТ бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)”, “Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028”, “Соли маърифати ҳуқуқӣ” кушода эълон гардид.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон / Tajik National Academy of Sciences
--