01
Дек
Дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳисоботи дусолаи лоиҳаҳои Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ шунида ва мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бояд зикр намуд, ки кормандонии илмии ММХ НР АМИТ аз рӯйи се лоиҳаи илмӣ-тадқиқотӣ, ки аз буҷети давлатӣ барои солҳои 2021-2025 маблағгузорӣ шудаанд, корҳои илмиро идома доданд.
Ҳисоботҳоро роҳбарони илмии лоиҳаҳо дар шакли талаботи муқарраршуда ба аъзои Комиссияи баҳодиҳӣ ва муҳаққиқон пешниҳод намуда, баъди саволу ҷавоб иҷрои онҳо қаноатбахш арзёбӣ гардиданд.