Рӯзи 3 феврали соли 2026 дар толори Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-назарӣ бахшида ба масъалаҳои феҳристнигории нусхаҳои хаттӣ баргузор гардид. Семинар бо ташаббуси Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи А. Мирзоев ташкил шуда, ҳадафи он баррасии равишҳои муосири феҳристнигорӣ, мушкилоти амалии феҳристнависӣ ва табодули таҷриба дар ин самт буд.
Суханронии асосиро донишманди фаронсавӣ дар соҳаи нусхашиносӣ — Франсис Ришар ироа намуд. Ӯ дар маърузаи худ зарурати шиносоии ҳамаҷонибаи нусхаи хаттиро таъкид карда, ба ду ҷанбаи асосии феҳристнигорӣ ишора намуд: якум, тавсифи илмии матн ё мутуни дар дохили китоб ҷойдошта; дуюм, тавсифи марбут ба аҳаммияти таърихӣ ва мавзуии асар, аз ҷумла муайян намудани замон, макон ва шахси котиб ва ғайра ...
Дар суханронӣ зикр гардид, ки натиҷаи ниҳоии ин раванд таҳияи феҳрист (каталог) мебошад, ки метавонад кӯтоҳ ё муфассал тартиб дода шавад. Феҳрист намудани нусхаҳо имкони гум шудани онҳоро коҳиш дода, барои ҳифз, шуморагузорӣ ва истифодаи илмии онҳо шароити мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон, таъкид шуд, ки имрӯз шаклҳои гуногуни каталог вуҷуд доранд, аммо барои самаранок будани онҳо бояд меъёрҳои ягона, қолабҳои стандартӣ ва истилоҳоти илмии дақиқ истифода шаванд.
Маърузакунанда ҳамчунин ба аҳаммияти истифодаи манобеи илмӣ ҳангоми каталогизатсия, нақши илмҳои вобаста ба нусхашиносӣ, аз ҷумла кодикология ва палеография, таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Дар ин замина масъалаи омӯзиши анҷомаи нусха (колофон), муқоисаи нусхаҳои бидуни анҷома, таҳлили хат, шумораи дафтарҳо, навъи коғаз (коғази самарқандӣ, хуқандию аврупоӣ), инчунин муқова (ҷилд) ва ороиши он мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр шуд, ки маълумот дар бораи соҳибони пешини нусха, муҳрҳо ва ёддоштҳои канорӣ барои шинохти илмии нусха аҳаммияти муҳим дорад.
Дар ҷараёни семинар таҷрибаи кишварҳои гуногун дар самти феҳристнигорӣ ва рақамисозии нусхаҳои хаттӣ, аз ҷумла Эрон, Туркия, Ҳиндустон, Покистон, Русия, Фаронса ва Олмон, баррасӣ гардид. Таъкид шуд, ки равиши феҳристнигорӣ дар китобхонаҳои Шарқ ва Аврупо аз лиҳози ҳадаф ва заминаи илмӣ фарқ мекунад: дар муассисаҳои шарқшиносӣ бештар ба ҷанбаҳои матншиносӣ ва таърихӣ аҳаммият дода мешавад, дар ҳоле ки дар китобхонаҳои аврупоӣ равиш бештар бар пояи илми китобдорӣ ва низоми китобхонавӣ асос меёбад. Ин фарқият ба тарзи таҳияи феҳристҳо ва ҳаҷми маълумоти воридшаванда таъсир мерасонад.
Дар идомаи семинар кормандони Марказ — Маҳмадёр Шарифов, Саъдӣ Ворисов ва Абдураҳмон Охониёзов баромад намуда, оид ба нусхаҳои маҳфуз дар ганҷинаи Марказ ва соли навишти онҳо маълумот ироа карданд.
Дар ҷараёни семинар таъкид гардид, ки феҳристнигории нусхаҳои хаттӣ кори мураккаб ва дорои хусусияти илмӣ буда, истифодаи стандартҳои ягона ва истилоҳоти фаннӣ дар ин раванд аҳаммияти хосса дорад. Ҳамчунин, зикр шуд, ки идомаи баргузории чунин семинарҳо барои боло бурдани сатҳи касбии кормандон муҳим мебошад ва таҷрибаи муассисаҳои хориҷӣ метавонад дар рушди фаъолияти феҳристнигории Марказ саҳми назаррас гузорад. Семинар барои баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбӣ ва густариши ҳамкориҳои илмӣ дар соҳаи нусхашиносӣ ва феҳристнигорӣ мусоидат намуд.
