Имрӯз (15.02.2024) дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, бо мақсади дастгириву тайёрнамоии кадрҳои баландихтисоси илмӣ, силсиласеминарҳои илмиву методологӣ ва омӯзишӣ, дар соли 2024, расман оғоз гардиданд.
Семинарро муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ Шодиҷон Ёраҳмадзода оғоз бахшида, зикр намуд, ки тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ яке аз вазифаҳои асосии тамоми марказҳову институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебошад. Аз ин рӯ, мо вазифадор ҳастем, ки дар баробари дигар корҳои заруриамон аз таҷрибаи донишмандону муҳаққиқони соҳаи худ истифода намоем. Мо ин семинарҳоро пайваста дар мавзуъҳои гуногун доир мекунем ва аз ҳар яки шумо хоҳиши карда мешавад, ки фаъолона иштирок ва аз муҳаққиқони соҳибтаҷриба масъалаҳои намедонистаатонро мавриди баррасӣ қарор диҳед.
Баъдан, сухан ба маърузакунандаи асосӣ доктори илми филология, профессор Олимҷон Хоҷамуродов дода шуд. О.Хоҷамуродов дар мавзуи “Методи тадқиқи илмии адабиётшиносӣ”, ҳудуди як соат, ба магистрантону докторантон ва унвонҷӯёни Маркази мероси хаттӣ, суханронӣ намуд.
Семинари илмӣ бо сипосгузории маъмурият аз маърузакунанда ва саволу ҷавоби иштирокдорон анҷом ёфт.