Имрӯз (01.10.2024) ба муносибати Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ, дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон нусхаи дастнависҳои Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки дар мавзуъҳои фунун ва шеваҳои сиёсӣ барои иртибот бо кишварҳои дигар, мукотиботу муросалот, давлатдорӣ ва сиёсатмадорӣ, таъриху ойини кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ва инчунин осори наққошӣ ва хушнависиҳоро дар бар мегирифтанд, ба намоиш гузошта шуд.

     Аз ин намоишгоҳ кормадони дастгоҳи Вазорати корҳои хориҷӣ ва дипломатҳои тоҷик дидан намуданд.