“Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории миллӣ”
(Ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Дар заминаи нақша-чорабиниҳои Шурои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар таърихи 31.10.2024 бо ташаббуси Шурои олимони ҷавони Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии имлҳои Тоҷикистон бахшида ба 16 ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мизи мудаввар баргузор карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви боватсаи АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба олимони ҷавон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ҷиҳати рушди олимони ҷавон пайваста чораҳои саривақтӣ андешида истодаанд.
Вобаста ба ин силсиласеминарҳо ва мизҳои мудаввар миёни олимони ҷавони АМИТ ҳар ҳафта баргузор гардида истода, мизи мудаввари навбатиро дар Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ раиси Шурои олимони ҷавони АМИТ, н.и.ф. Субҳиддин Зиёев оғоз бахшида, зикр намуд, ки дар таърихи давлатдории навини миллати мо нақши таърихиву мондагори Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир мебошад.
Раиси олимони ҷавони Маркази мероси хаттии АМИТ, н.и.ф. Шодиҷон Ёраҳматзода суханронии хешро бо хайрмақдами меҳмонон ва фархундабодии ҷашнҳои бузурги миллӣ, ки дар моҳи ноябр баргузор мешаванд, аз қабили 6 ноябр – Рӯзи конститутсияи ҶТ, 16 ноябр – Рӯзи Президенти ҶТ ва 24 ноябр – Рӯзи Парчами миллӣ ифтитоҳ намуда, 16 – ноябри соли 1992-ро, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олии Тоҷикистон интихоб шудааст, Рӯзи эҳёи давлатдории навини тоҷикон арзёбӣ намуд.
Мизи мудавварро маърузаҳои илмии кормандони ҷавони ММХ, Маҳмуд Назаров дар мавзуи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзу нигаҳдории осори хаттӣ" ва Моҳшариф Нигматова дар мавзуи “Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди ҷомеа” мазмуни хос бахшиданд. Аз ҷумла, ба иқрори маърузакунандагон нақши Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди бонизоми давлатдории миллӣ ва ҳифзу нигаҳдорӣ ва муаррифии мероси хаттии ниёгон бемислу монанд аст.
Дар бахши муҳокимаронӣ олимони ҷавони Институти омӯзиши давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Муҳаммад Махмедов ва Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ Муҳаё Чилаева суханронӣ намуда, баргузории чунин мизи мудавварро дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва шинохти арзишҳои миллӣ муҳиму муфид донистанд.