Пажӯҳишгарони Маркази мероси хаттӣ аз пайдо кардани нусхаи ягонаи дастнависи “Девон”-и Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, шоири маъруфи (охири асри XIX аввали асри XX) хабар медиҳанд. Ходимони шуъбаи ҷамъоварӣ ва нигаҳдории мероси хаттии Маркази мероси хаттии АМИТ зимни маъракаи омӯзиш ва ҷамъоварии нусхаҳои хаттӣ дар оғози соли 2023 чандин нусхаи хаттии нодир, аз ҷумла дастнависи нусхаи хаттии “Девон”-и Нақибхон Туғрали Аҳрориро пайдо ва ташхиси аввалӣ карда, онро вориди “Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи академик А.Мирзоев”-и АМИТ намуданд. Бояд гуфт, ки то кунун муҳаққиқон дар ҷустуҷӯи нусхаи дастнависи Туғрали Аҳрорӣ қарор доштанд, аммо онро пайдо накарда буданд. Бинобар ин, нусхаи воридшуда ягона (мунҳасир ба фард) маҳсуб гашта, ҳеҷ намунаи осори хаттии дигари мансуб ба Туғрали Аҳрорӣ дар ягон маркази осори хаттии ҷаҳон мавҷуд намебошад.
Яке аз вазифаи асосии мутахассисони Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи А.Мирзоев пайдо намудани нусхаҳои қадимӣ, аз эҳтимоли нобудшавӣ наҷот додани онҳо, тармим, нигаҳдорӣ ва таҳия намудани осори ниёгон мебошад. Бояд гуфт, ки дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифз ва нигаҳдории осори хаттии ниёгон дар Маркази мероси хаттии АМИТ ахиран шароит ва имконоти зарурии моддӣ ва техникӣ муҳайё шуда, ба мақсади эҳёи хотираи таърихӣ ва ҳувияти миллӣ таҳқиқ, таҳия ва оммавигардонии осори ниёгон бо мамром ҷараён дорад.
Бояд таъкид намуд, ки таҳия ва нашри осори Туғрали Аҳрорӣ аз ҷониби муҳаққиқон аз рӯйи чопи сангии осори шоир сурат мегирифт. Зеро нусхаи хаттии осори шоир дастрас набуд.
Нусхаи мазкур бо хатти настаълиқи зебо, дар қоғази саноатӣ, дар ду сутун ба шакли вуреб навишта шудааст. Сафҳаи аввал “Ғазалиёти Туғрали Аҳрорӣ” унвон шуда, бо сархат шуруъ мешавад: “Радифи алиф” ва ба думболи он ғазалҳои радифи алиф ба тартиб оварда мешавад ва ҳамин тартиб то охири китоб идома ёфта, ҳамаи сарлавҳаҳо бо ҷӯша сабт гардидаанд. Аммо радифи охирине, ки дар китоб меояд “Радиф-ул-айн” мебошад. Дар ҳошия, зери матн ва миёни ҳарду сутуни матн қайдҳо ва ёддоштҳои зиёд ҷой дода шудааст. Ҷилди нусха сабзранги маъмулии мовароуннаҳрӣ мебошад ва дар баъзе сарлавҳаҳо гулҳои тазйинӣ, ки дар қарни XIX маъмул шуда буд, насб шудааст.
Агарчи бархе аз авроқ аз ҷилд канда шудаанд, вале нусха мукаммал аст, яъне аз рӯйи сохти дафтарҳои китоб нусха пурра ва ҷобаҷо аст ва баъзе саҳифаҳо шояд барои илова намудани ғазалиёти дигар ё ислоҳу таҳрир холӣ гузошта шудааст. Тибқи санае, ки дар поёни саҳифа ва хотимаи баъзе ғазалҳо гузошта шудааст, (1332ҳ./1914м.) ин нусха 5 сол қабл аз вафот (қатл)-и шоир (29 июни 1919) ва ду сол қабл аз чопи сангии “Девон”-и Туғрали Аҳрорӣ дар соли 1334ҳ./1916м. дар матбааи Когон, истинсох шудааст. Аз рӯйи навиштаи болои ғазалҳо: “Аз моли Туғрали Аҳрорӣ”; “Ли муҳаррараҳу Аҳрорӣ”; “Ли муҳаррараҳу” ин нусха ба қалами худи Туғрали Аҳрорӣ ва ё котибе тааллуқ дорад, ки нусхаро зери назари бевоситаи ӯ китобат намудааст. Муқоисаи аввалин нишон медиҳад, ки баъзе ашъоре, ки дар дар ин нусхаи хаттӣ ҷой доранд, дар нусхаи чопи сангӣ мавҷуд нестанд.
Ҳамин тавр, ин дастнавис ба зоти худ бе мисл ё ягона дастхати “Девон”-и Туғрали Аҳрорӣ маҳсуб шуда, чун намунаи мероси хаттӣ, фарҳангӣ ва ҳунарии халқи тоҷик дорои арзиши махсуси таърихӣ вориди “Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи А.Мирзоев”-и АМИТ сохта шуд.
Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соли 1958 ҳамчун шуъбаи дастнависҳои Академияи илмҳо бо ибтикори Абдулғанӣ Мирзоев таъсис шуда, баъдан ба Институти шарқшиносӣ табдил ёфт ва соли 1977 баъди вафоти А.Мирзоев бо Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон “Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи А.Мирзоев” номида шуд. Дар ин Ганҷина феълан 5987 нусхаи хаттӣ ва 6670 ҷилд китоби сангӣ мавҷуд аст.
Дар миёни нусхаҳои хаттии Марказ акнун 50 дастхати худи муаллифони асарҳо (автографҳо) ва нусхаҳои зиёди ягона ё мунҳасир ба фарди китобҳо мавҷуд мебошад, ки онҳо аз ҳар ҷиҳат муҳим ва ҷолиби таваҷҷуҳанд.