Дар доираи Барномаи “Ҳафтаи илм” ва тарғиби дастовардҳои илм ва истеҳсолот дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ силсилаи тадбирҳои амалӣ, илмиро таҳия намудааст. Аз ҷумла, бо мақсади омода намудани муҳаққиқони ҷавони соҳибтаҷриба, семинарҳои илмӣ, назариявӣ ва методологиро дар мавзуъҳои гуногуни филологиву шарқшиносӣ, бо суханрониҳои олимони соҳибмактаб ва иштироку мунозираҳои олимони ҷавон, магистрантону докторантони PhD ва унвонҷӯёну кормандони Марказ баргузор менамояд.
12 апрели соли равон дар толори Марказ Семинари илмӣ-назариявӣ, бахшида ба “Ҳафтаи илм” баргузор гардид. Ҳамоишро Директори ММХ назди Раёсати АМИТ Раҳматкарим Давлатов ифтитоҳ намуд.
Дар семинар ходими пешбари илмӣ н.и.ф. Сайидхоҷа Ализода дар мавзуи “Масъалаҳои асосии тавсиф ва феҳристнигории осори хаттии Ганҷинаи мероси хаттӣ” ва мудири шуъбаи матншиносӣ, таҳқиқ ва нашри мероси хаттӣ, н.и.ф. Алӣ Муҳаммадиев дар мавзуи “Матншиносии тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ ва раванди он” маърузаи илмӣ ироа намуданд.
Баъдан доктори илми фалсафа, узви вобастаи АМИТ, узви Шурои олимони ММХ, профессор Маҳмадалӣ Музаффарӣ аз усулҳои илмии таснифоту пажуҳиш ва нақши матншиносӣ дар таснифоти муосири илмӣ маъруза намуд. Профессор Олимҷон Ҳоҷамуродов, Нуриддин Шамсиддинов, нисбати маъурзаҳои илмӣ арзи андеша карданд.
Дар анҷоми семинар директори ММХ назди Раёсати АМИТ Раҳматкарим Давлтов, зикр кард, ки имрӯз вазъи буҳронии иқтисодию экологии дунё тақозо мекунад, ки илм барои пешгирии ҳар гуна таҳдиду хатарҳо омода бошад. Боиси хушнудист, ки илми муосири тоҷик дар ҳамаи самту бахшҳо дастоврадҳои назаррас соҳиб шудааст. Баҳс дар атрофи ҳар ду мавзуъ барои иҷрои лоиҳаҳо ва барномаҳои илмӣ мусоидат менамояд. Аҳли илм ва кулли кормандони ММХ назди Раёсати АМИТ барои шуҳрати илми муосир саъю талош менамоянд.