Бо чунин унвон (25.08.2022) дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Ҳамоишро директори Маркази мероси хаттӣ, номзади илмҳои таърих, Раҳматкарим Давлатов ифтитоҳ бахшида, меҳмононро ба ганҷинаи илми миллат хушомадед гуфт. Дар конфронс муҳаққиқон, олимон, устодони донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ширкат варзида, дар баҳсу баррасии мавзуъҳои мухталифи матншиносӣ ва таҳияву тарвиҷи осори гузаштагон баромадҳои муфид намуданд.
Нахуст, номзади илми филология, Холида Давлатова дар мавзуи “Ҳаёт ва фаъолияти илмии марҳум С. Султонов” гузориш ироа намуда, аз фаъолиятҳои гуногунҷабҳаи муҳаққиқ ёдоварӣ намуданд. Зикр карда шуд, ки С. Султонов соли 1927 дар ноҳияи собиқ Уротеппа дар оилаи зиёӣ таваллуд шуда, то вопасин нафасҳояш дар шиносонидани шахсиятҳои нодири илмию адабии ватанамон саҳми муносиб гузоштаанд.
Муҳаққиқ Алии Муҳаммадии Хуросонӣ дар мавзуи “Саҳми Сайидумар Султонов дар адабиётшиносӣ ва матншиносии тоҷик” маърузаи илмӣ карда, аз чанде аз корҳои анҷомдодаи шодравон С. Султонов ёдовар шуд. Ҳамзамон таъкид карданд, ки саҳми ин олими сермаҳсул дар тарбияи мутахассисони бахши филология ва шарқшиносӣ назаррас аст.
Бону Шокирова дар маърузаи “Сайидумар Султонов – донандаи мумтози хатти ниёгон” дар мавриди огоҳӣ ва истифодаи самараноки чандин навъи хатти ниёгон аз ҷониби С. Султонов ибрози андеша намуд.
Ҳамроева Малоҳат - духтари шодравон С. Султонов дар мавзуи “Осорхонаи С. Султонов – ганҷинаи мероси хаттии ниёгон” перомуни осорхонаи илмиву фарҳангии падарашон воқеъ дар шаҳри Истаравшан маълумотҳои муфид ироа намуданд.
Ҳамчунин, дар конфронс Насиба Содиқӣ, Раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва Шамсиддинзода Мавзуна, вакили МН МО ҶТ, ширкат ва суханронӣ намуданд.
Дар анҷоми конфронс табодули афкору назари муҳаққиқон, ҳамкорон, дӯстону шогирдони марҳум С. Султонов сурат гирифт.