Турсунов Акбар
(01.10.1939)
Акбар Турсунов дар шаҳри Конибодоми вилояти имрӯзаи Суғд ба дунё омада, баъди фарогирии пурраи мактаби миёна донишҷӯйи факултаи физикаю математикаи ДДТ мегардад, онро соли 1961 хатм менамояд. Дониши хуб ва ҷаҳонбинии фарохи аз ҳамсолон фарқкунанда ӯро ба олами илм мебарад.
Акбар Турсунов солҳои 1961-1963 ходими хурди илмии Шӯъбаи физикию математикаи АИ ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1963-1964 аспиранти шӯъбаи номбурда ва солҳои 1964-1967 аспиранти Институти фалсафаи ш. Маскави ИҶШС буд. Вай баъди дифоъи рисолаи номзадӣ ба кишвар баргашта, солҳои 1967-1969 ходими хурди илмии шӯъбаи фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1969-1979 ходими калони илмии ҳамин шӯъба ва солҳои 1979-1989 ҷонишини сармуҳаррири Энсиклопедияи Шӯравии Тоҷикро бар ӯҳда дошт.
Ҳоло дар кишвар ва берун аз он Акбар Турсуновро ҳамчун файласуф, муаррих, методологи илм ва публитсисти тоҷик мешиносанд. Ӯ рисолаи доктории худро низ соли 1982 дар ш. Маскав дифоъ намудааст. Бояд ишора намуд, ки равияҳои асосии тадқиқот, пажӯҳиш ва эҷодиёти мавсуф фалсафа ва методологияи табиатшиносӣ, таърихи илму фарҳанги асримиёнагии Шарқ буда, дар ин боб беш аз 250 мақола, асарҳои илмию оммавӣ ва пубитсистӣ дорад. Асарҳои ӯ «Инсон, атом, кайҳон» (Душанбе, 1967), «Марди некфарҷом» (Душанбе, 1967), «Коинот ва ҷараёни дониши инсон» (Душанбе, 1973), «Кайҳоншиносӣ ва эътиқоди динӣ» (Душанбе 1975), «Банди фалак» (Душанбе, 1976), «Горизонти космологического знания, история и современность» (Маскав, 1969), «От мифа к науке» (Маскав 1973), «Философия и современная космология (Маскав, 1977), «Основания космологии» (Маскав 1979), «Эволюционные процесси во Вселенной» (Маскав 1984) ва ғайра аз дастовардҳои намоёни илми тоҷик дар кайҳоншиносӣ маҳсуб меёбад. Баъзе асару мақолаҳояш ба забонҳои гуногуни дунё тарҷумаву нашр шудаанд.
Акбар Турсунов то солҳои 80-уми қарни гузашта агарчи корманди илмии АИ Тоҷикистон буд, бештари умри худро дар роҳи илм босамарона дар институтҳои улуми ҷамъиятшиносии шаҳри Маскав сипарӣ намудааст ва дар он муддат муаллифи бобҳо ва фаслҳои ҷудогонаи асарҳои зерини Институтҳои илмии АИ ИҶШС, монанди «Проблемаҳои фалсафа ва методологияи табиатшиносии муосир» (1973), «Проблемаҳои таърих ва методологияи маърифати илмӣ (1974), «Ҷиҳатҳои методологияи тадқиқи биосфера» (1975), «Бунёди фалсафии илмҳои табиатшиносӣ (1976), «Принсипи симметрия» (1978), «Астрономия, методология, ҷаҳонбинӣ» (1979), «Назарияи физикӣ» (1980), «Фалсафаи табиатшиносӣ ва замони ҳозира» (1981), «Диалектика дар илмҳои табиат ва инсон» (1983) ва ғайра буд.
Ӯ иштирокчии фаъоли конфронсу ҳамойиш ва симпозиумҳои зиёда ватанӣ ва хориҷист. Аз соли 1966 узви Инттиҳоди рӯзноманигорона ИҶШС аст.
Дастовардҳои назарраси илмӣ, масъалагузорӣ ва ҳалли илмии онҳо, кушодани баъзе гиреҳҳои пайванди илми Шарқ бо Аврупо ва ҷаҳон, таваҷҷӯҳи хоса ба фарҳанги миллӣ ва ғайра боис шуданд, ки маъмурияти АИ ҶШС Тоҷикистон аз соли 1986 ба ӯ сарварии Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон бовар намоянд. Баробари ба Институти шарқшиносӣ омадани ӯ масъалагузориҳо дар ин соҳа доманаи васеътар густурд, роҳу равиши тозатаре ёфт, сафарҳои илми кормандони илмӣ ба марказҳои муқтадири шарқшиносии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, минҷумла Маскав ва Санк-Петербург афзуд ва монанди инҳо.
Яке аз хусусиятҳои ҷолиби Акбар Турсунов дар он аст, ки вай баробари дар ҷодаи илм пайваставу самаранок кор кардан ҳамкорони худро бо дастовардҳои тозаашон дилгармона истиқбол менамуд, ба муаллиф барои беҳтар шудани кор, андешаҳои шахсияшро иброз медошт.
Бо ташаббуси бевоситаи ӯ соли 1988 дар шаҳри Душанбе ҳамойиши байналмиллалии шарқшиносони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ гузаронида шуд.
Соҳои 1991-1993 фаъолияти илмиашро дар Институти шарқшиносӣ ба ҳайси сарходими илмӣ идома дода, баъди барҳам хӯрдани Институти шарқшиносӣ, чанд муддат дар Маскав истиқомат кардааст.
Беш аз даҳ сол аст, ки дар Амрико сукунат дораду бо муассисаҳои илмиву маорифи Амрико сарукор. Дар он ҷо ҳам хастанопазирона фарҳанги тавонои халқу миллати худро ҳифозат аз зарбаҳои ноҷо менамояд. Мақолаҳо ва мусоҳибаҳояш, ки дар ин авохир дар матбуоти Тоҷикистон ва интернет ба нашр расидаанд, дар масъалаи ҳифзи мероси Б.Ғафуров, мушкилоти худогоҳии миллӣ қобили зикр мебошанд. Ӯ дар мулоқот бо Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо мақсади иштирок дар кори иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор дошт, бо як идда олимони тоҷики муқими он ҷо сӯҳбат дошт, иштирок намудааст.
Акбар Турсунов барои заҳамоти пайвастааш дар ҷодаи илм барои беҳдошт ва баланд бардоштани маънавиёти халқамон ва намоиш додани дастовардҳои беназири фарҳанги бою ғаниамон аз оғоз то ба ҳол бо Ифтихорномаи Фахрии Президиуми Шӯрои Оли ҶШС Тоҷикистон қадр гардида, узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Алии Муҳаммадии Хуросонӣ