Имрӯз (15.08.2022) дар Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба олими шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа - Масрур Абдуллозода унвони профессорӣ супорида шуд.
Қобили зикр аст, ки унвон аз ҷониби ВАК-и Россия эъто шудааст, ки онро Президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ба мавсуф супориданд.
Масрур Абдуллозода - шахсияти барҷастаи илмӣ ва фарҳангиро ба ин муносибат муборакбод намуда, ба эшон дар амри хизмат ба давлат ва илми тоҷик муваффақият орзу менамоем.