Мазҳабу дини ҷаҳон шуд сабаби ғорату қатл,

Некбахтам, ки аз ин фитна раҳоӣ дорам.

Уламо қофиларони раҳи мазҳаб шудаанд,

Ман аз ин тоифаи сифла ҷудоӣ дорам.

 

         Абдураҳмони Мушфиқӣ яке аз намояндагони барҷастаи адабиёти нимаи дуюми асри XVI тоҷик буда, дар таърихи адабиёти мавқеи намоёнро ишғол кардааст.

     Абдураҳмони Мушфиқӣ тақрибан соли 1525 дар Бухоро таваллуд шуда, соли 1588 аз ҷаҳон чашм пӯшидааст.

       Гузаштагони шоир аз Марв будаанд. Ӯ пас аз вафоти падару модар ятим монда, дарбадар мешавад. Мушфиқӣ дастёри як хонаводаи косиб шуда, бо кумаки онҳо таҳсили ибтидоӣ ва мадрасаро фаро мегирад. Шуҳрати донишу маърифати ӯ дар байни мардум овоза мегардад. Ӯ пас аз хатми мадраса ба пешаи дигаре даст назад ва ба шеъру шоирӣ пардохт. Эътиқоди шоир ба ин пеша аз гуфтаи худи ӯ возеҳ мегардад:

 

Шеър оби ҳаёт аст, хуш он ном, ки монад

Ҷовид зи оби сухани марди сухандон.

 

         Мушфиқӣ дар Бухоро то солҳои 1561–1562 зиндагӣ намуда, аз сабаби тангии рӯзгор дар миёнаи соли 1564-65 ба Самарқанд рафта, вазифаи китобдории Султон Саидро иҷро мекард. Ба ҳокими Самарқанд якчанд қасида навишта бошад ҳам, рӯзгори шоир дар Самарқанд низ хуб намегузарад.

          Замони зиндагии Мушфиқӣ давраи номусоидии Осиёи Миёна буд. Зеро баъд аз марги Муҳаммад Шайбонӣ соли 1510 задухӯрдҳои байни сулолаҳои ҳоким авҷ гирифта, ба парокандагии мамлакат оварда расонд.

           Пас аз тасарруфи Самарқанд аз тарафи Убайдуллохон зиндагӣ барои шоир боз бадтар мешавад. Мушфиқӣ мисли дигар шоирон азми сафари Ҳиндустон мекунад. Пеш аз сафар ба номи подшоҳи Ҳиндустон Акбар якчанд қасида навишта мефиристад. Мувофиқи ахбори сарчашмаҳо, дар нимаи аввали соли 1578 дар Пок-Пакн ном мавзеи Ҳинд бо Акбар вохӯрдааст.

         Мушфиқӣ баъд аз як соли мусофират, соли 1578-79 ба Бухоро баргашта, сафари Ҳинд изҳори надомат намудааст:

  

Кардам сафари Ҳинду пушаймон шудам он ҷо,

Гардид бадал рӯзи сиёҳам ба шаби тор.

Дидам, ки агар боз наоям ба вилоят,

Хуни ҷигарам мехӯрад ин ҳинди ҷигархор.

 

      Абдураҳмон Мушфиқӣ мисраъҳои зеринро дар авҷи ихтилофи ҳукуматҳои мутаассиби Сафавӣ ва Шайбонӣ гуфтааст, ки ҳарду сулолаи ҳоким дар Осиёи Миёна ва Эрон ба номи дину мазҳаб саргарми куштори мардум буданд:

 

Мазҳабу дини ҷаҳон шуд сабаби ғорату қатл,

Некбахтам, ки аз ин фитна раҳоӣ дорам.

Уламо қофиларони раҳи мазҳаб шудаанд,

Ман аз ин тоифаи сифла ҷудоӣ дорам.

 

 

         Бидуни шак, ин мисраъҳо ба рӯзгори мо ҳам сидқ мекунанд. Шоир азобу азияти оммаи мардум, оворагӣ ва бехонумонии онҳоро дар пайи низоъҳои мазҳабии замони худ дар ашъораш гоҳо ҷиддӣ ва гоҳо бо танзу киноя, аммо ба таври равшан тасвир намудааст:

      

        Аз баҳри дин зи хона биронданд мар маро,

        То бо расули ҳақ ба ҳиҷрат саво шавам.

                              

          Дар замони Мушфиқӣ ҳукми шариат ҷорӣ буд ва ҳокимони сиёсӣ дар идораи мулк бо муллоҳо ҳамкору ҳамдаст буданд. Бинобар ин, дар афкори ҷомеаи он замон мулло дар ҳамаи бадбахтӣ ва мушкилоте, ки ба сари мардум меомад, саҳм дошт.

            Мушфиқӣ дар як манзумааш дар бораи шоир Маҳмуд, ки бо номи Мулло Гелонӣ низ зикр мешуд ва аз Гелон ба Самарқанд омада, сукунати доимиро дар он ҷо ихтиёр кардааст, чунин мегӯяд:

 

 Зи Гелон омадӣ Маҳмуд берун,

 Кулоҳ аз Хусрави Дайлам гирифтӣ.

 Задӣ саркалла бар Заҳҳоки морон,

 Ту ҳам мағз аз сари одам гирифтӣ.

                       ***

 Калтатояк, харак, бадфеълак,

 Кайдияк, кулияк, қурушмолак.

 Гирду ғундак, аҷубакак, макалак,

 Ғундарӯяк, гавазнакак, ҷудак.

 Сусморак, шағолдандонак,

 Рӯбаҳак, ниммурда юрмонак.

 

         Дар идома шоир ҷасурона саллаи печ дар печи муллоро ба саргини гов нисбат дода, худашро ба кирми даруни пилла монанд мекунад. Аммо боз ба кирми пилла монанд кардани муллоро дуруст намешуморад, чунки он газанда нест, мулло бошад газандаву зараровар аст:

 

Уқди дастори мавлавиро бин,

Ҳамчу саргини гов чин дар чин.

Зери дастори худ зи халқи ҷаҳон,

Ҳамчу кирми даруни пилла ниҳон.

Нагазад кирми пилла, ӯ бигазад,

Номи ӯ кирми пилла ҳам насазад.

Рафта доманкашон ба ҳангома,

Чоряк қадду ним газ ҷома.

 

      Шоир муллоро боз сахттар ҳаҷв карда, баъзе хислатҳои дигарашро низ равшан мекунад:

 

 Харсари говгӯши ноҳамвор,

       Монда аз ҷаҳл шох бар девор.

       Буққаи думи худ аламкарда,

                   Аз дари говхона рамкарда.

 

       Рафтору кирдори разилонаи ин мулло боиси озору ноосудагии мардум гардида буд. Мушфиқӣ бо ғазаби зиёд муллоро «саги чорчашма» меномад:

 

Мардуми шаҳру кӯчаву бозор,

              З-ин саги чорчашма дар озор.

 

         Мавзуи тамасхури зоҳид, муҳтасиб ва шайхи риёкор ва баъзе одатҳои норавои динӣ дар ғазалиёти Мушфиқӣ равшан ба назар мерасад. Ҳарчанд ин мавзуъ дар ғазалиёти ӯ нав набуд ва аз ӯ пеш мутафаккирони номӣ мисли Хайём, Ҳофиз ва Убайди Зоконӣ дар мероси адабии худ ба таври васеъ таваққуф кардаанд, вале аз нав ба ин мавзуъ баргаштан ва ба ин восита зери танқид ва тамасхур гузоштани зоҳидони хушк, шайхони риёкору мутаассибу дурӯя ва дар шахси онҳо фош намудани симои мардумфиребонаи ҳомиёни дин, албатта, аз аҳамият дур набуд.

        Мушфиқӣ дар байту порчаҳои ҷудогонаи ашъори худ аз баҳсу мунозираҳои давр, ки сарчашмаи зуҳури баъзе таблиғотгарони маккори дин буданд, хабар дода, нуқтаи назари худро низ иброз мекунад. Ӯ дар пораи шеъре, ки дар поён оварда мешавад, ба он далолат мекунад, ки дар баҳсу мунозираҳои мадорис ва кашмакашҳои тулонӣ иштирок кардан намехост ва аз ин амал дурӣ ҷустанро ба хотири талаф нашудани вақташ афзалтар мешуморид:

 

  Бо ман фақеҳи мадраса мебурд номи баҳс,

 Аз баҳри дафъи ӯ нашудам бар мақоми баҳс.

 Аз қилу қоли ҷузъиву куллӣ дилам гирифт,

 Соқӣ, биё, ки дарди сар аст илтизоми баҳс...

 

       Мушфиқӣ майро оташ ва зуҳду тақворо хасу хошок шуморида, ба соқӣ муроҷиаткунон мегӯяд, ки зуҳду тавбаи вай аз бовар берун аст:

 

 Соқӣ, ба зуҳду тавбаи ман эътимод нест,

 Май оташ аст, ин ҳама хошоку хас бувад.

 

         Ӯ зуҳду каромотро як навъ лофу газоф дониста, дар ин роҳ талафи умрро беҳуда ва таъсири кайфияти майи лаъли ёрро аз зуҳду тавба боло медонад:

 

Майхора шуд зи соқии лаъли ту Мушфиқӣ,

Аз зуҳд даст шуставу аз тавба ғоиб аст.

 

      Ин байт аз он ҷиҳат ҳам қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар он, чи навъе дида мешавад, шоир лаззати ҳаёти моддӣ, нишот ва кайфияти зиндагии воқеиро аз ҳар гуна зуҳду тавба ва муқаддасоти динии дур аз ҳаёт болотар шуморидааст.

        Мушфиқӣ ҳамчунон дар байти дигар ба «малак» хитоб намуда, бо як тарзи бебокона мегӯяд:

 

       Гар нанависӣ, эй малак, баҳри бутон намози ман,

       Бар ту биҳил намекунам ҳаққи саломи хешро.

 

        Мушфиқӣ дар шеъри дигараш, ки суфиро мавриди ҳаҷву масхара қарор додааст, бо як тамасхури тунду тез, як қатор хусусиятҳои бади ӯро мавриди ҳаҷв қарор додааст. Шоир ноҳаққӣ, ҳилагарӣ, назарфиребӣ ва ҷаҳлу нодонии шайхро тасвир карда, ӯро резахӯри хони разолат, саги каҳдон, гӯрхар, зоғи кӯри дар чоҳи фалахмонмонда меномад. Илова бар ин, чашми онро ба суми асп, мижгонашро ба парраи чархи пиразол, чирку ифлосиҳои ба мижгони вай часпидаро, ки нишони бетамизии суфӣ будааст, ба дӯлона, абрӯяшро ба думи хар, ришу манаҳашро ба сангу фалохун нисбат медиҳад.

        Шоир эҳтиёҷоти калони моддӣ дошт, вале пойбанди симу зар ҳаргиз набуд. Ӯ қадру қимати инсонии худро дар роҳи тамаъ нагузошт ва бар хилофи тариқаи як қисм шоирони маддоҳи дарборӣ побанди тамаллуқ нагардидааст.

       Дар ғазалиёти Мушфиқӣ мавзуи зиндадилӣ, ҳаётдӯстӣ, ғаниматшумории лаҳзаҳои пурқимати ҳаёт ҷойи намоёнро ишғол мекунад. Ӯ ҳамчун марди зиндадилу ҳаётдӯст лаззатҳои ҳаёти моддиро дӯст медорад. Зиндадил будан ва аз ногувориҳои гузаштаву оянда ёд наоварда, дилтанг нашуда, хушу хурсандона зистанро ташвиқ мекунад:

 

   Май нӯш, аз гузаштаву оянда дам мазан,

  Охир чӣ мешавему дар аввал чӣ будаем.

 

         Вай дар қитъаи зерин қайд мекунад, ки агар нишоти умр хушиву хурсандии ҳаёт хоҳӣ, бе май ва хушдилӣ мабош, айёми зиндагиро ғанимат шумор:

 

Эй шайх,ба майхонаи тарсо нарасидӣ,

Фаҳми ту куҷо шуд, ки ба ин ҷо нарасидӣ?

Як шаб ба муроди дили мо рӯз накарда,

Як рӯз ба фарёди дили мо нарасидӣ.

 

     Дар девони Мушфиқӣ ягона қасидае, ки аз лиҳози инъикоси масоили иҷтимоии он замон қобили диққат мебошад, қасидаи «Шикоят аз аҳли замон ба шоҳи ҷаҳон» аст.

      

То кай нидои ҳодиса даври замон диҳад?

       Кас нест дар ҷаҳон, ки қарори ҷаҳон диҳад!

       Доси уфуқ ба дасти аҷал дода рӯзгор,

       Хоҳад, ки қатъи мазраи охирзамон диҳад.

 

      Чи тавре ки аз ин байтҳо маълум мегардад, шоир аз ибтидои қасида оид ба масъалаи пай дар пай рух додани ҳодисаҳои мудҳиш, нооромии ҷаҳон, афзудани зулму ситами ҳалокатовар таваққуф намуда, қаҳтӣ, гуруснагӣ ва азобу машаққатҳои тоқатфарсои замонаи хешро ба тасвир кашидааст:

      

Тарсам китоби найири бедод бар замин,

Пажмурдагӣ ба нилуфари осмон диҳад.

Мушкил, ки нӯки новаки ахтаршикофи зулм,

Бар зурваи сипеҳр Суҳоро амон диҳад...

Сар то ба пой донаи ашк аст хӯшавор,

Дар гӯшае, ки оҷизи бечора ҷон диҳад.

 

        Дар шеъри тақсимоти мерос ноадолатиҳои замони худро мавриди тамасхур қарор дода, ба тариқи ҳаҷв мавриди истеҳзо қарор медиҳад:

 

Ҳамшира, харҷи мотами бобо аз они ту,

Сабр аз ману тараддуди ғавғо аз они ту.

Анбори пур зи ғаллаи бобо аз они ман.

Он коҳҳои монда ба саҳро аз они ту.

Аз рӯйи ҳавлӣ то ба лаби бом аз они ман,

Аз пушти бом то ба Сурайё аз они ту.

 

     Шоир дар идома муридони содалавҳу нодонро, ки аз сари бехабарӣ барои пирону шайхҳои хеш мақоми қудсӣ қоил мешуданд ва аз ин тариқ барои худ мақоми иҷтимоӣ ба даст меоварданд, сахт накӯҳиш намудааст:

 

Аҷаб дорам, ки шайхонро муридон,

Зи ҳадди васфи инсон бигзаронанд.

Чунин гӯянд, к-ин мурғони қудсӣ,

Напиндорӣ зи ҷинси дигаронанд.

Ба вақти ваҷд ҳай-ҳай метавон гуфт,

Ки шайхонро муридон мепаронанд.

 

        Мушфиқӣ хоҷагони тамаъкори даври хешро, ки дар замони қаҳтсолӣ ҳам ба мардум раҳм накарда, бо фиребу найранг нони даҳони онҳоро медуздиданд, танқиду мазаммат намуда, таъкид менамояд, ки ин тоифа аз доираи инсонӣ берун афтодаанд:

 

Хоҷа дорад хонае бар рӯйи об,

Дар гилу обаш ҳавоси каждумӣ.

Менамояд гоҳ девораш зи дур,

Ошно дар рӯйи нони гандумӣ.

Ҳамчу чашми авҳалу дасти бахил,

Не дар ӯ мардум бувад, не мардумӣ.

 

      Шоир беҳаёӣ ва калоннафсии «насиҳатгарон»-ро, ки мардумро ба қаноату парҳезгорӣ даъват намуда, худ охирин донаи сурфаи онҳоро ба ғорат мебаранд, маҳкум намудааст. Ба гуфтаи шоир ин тоифаи бекора маоши худро аз хони ба заҳмат ҳосилгаштаи мардуми бечора таъмин менамоянд:

 

Эй хоҷа, ҳама сурфа талоши ту шавад,

Гар ин накунӣ, куҷо маоши ту шавад?

Аз пухтагии худ нахӯд хом хӯрӣ,

То рӯзи дигар ҳавиҷ оши ту шавад.

 

       Ин тоифа, ки худро дар назди мардуми содаву авом муқаддасмаоб ҷилва дода, аз оқибати кор тарсонида, онҳоро барои додани оши худоӣ, назру нузурот ва хайру садақа ба нафъи худ ташвиқ мекарданд, дар ашъори шоир танқиду мазаммат шуда, аъмоли дурӯғини онҳо фош мешавад:

 

Гар биҳиштист мавлавӣ Сидқӣ,

Ваъдаҳо чист? Кизбу афсона.

Қадри ангури тоифӣ ба ӯ,

Ҳаст миқдори лаъли як дона.

 

        Ба ҳамин тартиб, Абдураҳмони Мушфиқӣ аз озодандешону равшанфикрони даврони худ аст, ки дар осораш камбудию нуқсон, хурофоту таассуб, худхоҳию бахилӣ ва зулму ситами табақаи ҳукмрони ҷомеаро ошкор ва маҳкум намудааст. Ӯ як шоири дунёгаро ва зиндагидӯст буда, риёву нифоқ, фиребу найранг ва суистифодаҳои руҳониёни тамаъкор аз динро мавриди мазаммат қарор дода, мардумро ба озодагию созандагӣ даъват намудааст.

 

Аз "Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти тоҷику форс".-Душанбе, 2023.