Олимҷон Хоҷамуродов

Дар адабиёти қарни ХХ Эрон адиберо суроғ надорем, ки мисли Саид Ашрафиддини Гелонӣ дар даврони зиндагиаш, бо вуҷуди ба авҷи шуҳрат расидан, аз ҳама анҷуману маҳфилҳо канора гирифта, зиндагии фақирона ба сар бурда, билохира дар тангдастиву фақр рӯзҳои вопасини умри худро дар бемористони бемориҳои рӯҳӣ, дар гумномӣ ба поён расонида бошад. Воқеан, чунин зиндагӣ танҳо насиби шоиру рӯзноманигори аҳди Машрута (1905-1911), Саид Ашрафиддини Ҳусайнӣ маъруф ба Гелонӣ гардидааст. Ӯ сухансарое буд, ки ба қавли устод Ҳабиб Яғмоӣ “дар замони хеш овозаи шуҳраташ саросари Эронро фаро гирифта буд ва ҳар гурӯҳ, аз орифу омӣ, бо саводу бесавод, хурду бузург ӯро мешинохтанд ва рӯзномаашро даст ба даст мегардониданд ва шеърашро аз бар мекарданд. Аммо дар охири умр чунон ба сахтӣ ва бадбахтӣ афтод ва чунон ба гӯшанишиниву гумномӣ зист, ки на касе ҳолашро пурсид ва на дастгириву тафаққуде дид, то дар ниҳояти тангдастиву бенавоӣ ҷон дод. Ва акнун аз мазораш ҷуз дар синаҳои мардуми ориф нишон наметавон ёфт.”

Ин сарнавишти аксари инқилобиён аст, ки ҳосили дастоварди онҳо насиби дигарон гардида, худашон дар гирдоби фаромӯшӣ аз байн рафтаанд.

Хидмати Саид Ашрафиддини Ҳусайнӣ (Гелонӣ) ва рӯзномаи ӯ, “Насими Шимол” дар густариши ҷунбиши машрутахоҳӣ ва инъикосу интиқоди воқеоти сиёсӣ ва иҷтимоии он даврони Эрон басо бузург аст. Ӯ тавассути рӯзномаи “Насими Шимол”-аш дар бедории афкори тӯдаҳо ва раванди инқилоби Машрута саҳми босазо гузошта аст.

Ба қавли аксари адибону муҳаққиқони эроние, ки бо Саид Ашрафиддин мулоқот кардаанд ва ё ӯро мешинохтаанд, фурӯтанӣ, бепарво ба ҷоҳу моли дунё будан ва канорагирии ӯро аз ҳар гуна маҳфилу нишастҳо хотирнишон мекунанд. Аз ин рӯ, аз зиндагиномаи ӯ иттилои кофие дар даст нест. Ягона сарчашмаи муътамади зиндагиномаи шоир рӯзномааш “Насими Шимол” ва куллиёти шоир аст, ки солҳои ахир бо саъйу кӯшиши Ҳусайни Яминӣ дар Теҳрон чанд дафъа таҷдиди чоп шудааст. Хидмати Ҳусайни Яминӣ дар он аст, ки дар қисмати аввали куллиёти шоир мақолоту ёддоштҳои донишмандони эрониву хориҷиро перомуни зиндагӣ ва эҷодиёти Саид Ашрафиддин ҷой дода, онро бо номи “Куллиёти ҷовидонаи Насими Шимол” бори нахуст дар соли 1371 ҳ.ш/1993 м ба табъ расонидааст.

Соли таваллуди Ашрафиддинро соли 1287ҳ.қ. (1870 м.)  меҳисобанд. Ӯ дар Қазвин ба дунё омадааст. Аз шарҳи ҳоли манзуме, ки худи шоир навиштааст, маълум мегардад, ки дар 6-моҳагӣ аз падару модар ятим монда, дар кӯдакиаш хонаву ҷои аз волидон ба мерос мондаашро хешовандонаш ғасб кардаанд ва ӯ дар тангдастиву фақр ба воя расидааст. Дар айёми наврасиву ҷавонӣ 5 сол дар Карбалову Наҷаф зиндагӣ мекунад, аммо ҳуббӣ Ватан ӯро дубора ба Эрон бармегардонад. Чанд муддат дар Қазвин зиндагӣ карда, дар синни 22 солагиаш ба Табрез меравад ва бо пири равшанзамире ошно мешавад, ки худ ин мулоқотро чунин ба қалам додааст:

Дар раҳи Табрез бо сӯзу тааб,

Хидмати пире расидам нимашаб.

Он қаландар чун маро девона дид,

Маст аз ҷоми майи ҷонона дид.

Кард таълимам ҳама асрори Ҳақ

Гашт рӯшан рӯҳам аз анвори Ҳақ.

         Дар Табрез Саид Ашрафиддин ба омӯзиши сарфу наҳви арабӣ, илмҳои ҳайат, ҷуғрофия, мантиқу ҳандаса ва дигар илмҳои мутадовили замон мепардозад. Баъд аз муддате ба вилояти Гелон меравад ва дар Рашт иқомат ихтиёр мекунад. Маҳз дар Рашт ба эҷоди шеър ва интишори рӯзномаи “Насими Шимол” мепардозад. Дар бораи таъсиси рӯзномаи “Насими шимол” чунин гуфтааст:

Дар ҳазору сесаду бисту чаҳор

Чун шуд Машрута ин шаҳру диёр

Кардам эҷод ин насими нағзро.

Атр бахшидам зи бӯяш мағзро.

         Рӯзнома дар Рашт таъсис ва шумораи нахустини он 2 шаъбони 1325ҳ.қ. (20.09.1907.м) дар он шаҳр аз чоп баромада ва баъд аз соли 1912 дар Теҳрон интишор ёфт ва чун дар ҳаҷми чаҳор саҳифаи кӯчак буд, танҳо худи Саид Ашрафиддин мебаровард. Ва матолби рӯзномаро бо номҳои мухталиф, аз ҷумла Лотулут, Фақир, Харобалӣ Мирзо, Ҳӯп – Ҳӯп, Маҳрум – ул – ҳуқуқ ва амсоли он имзо мекард. Тамоми мақолоту маводи рӯзномаро худаш менавишт ва бештари мазомин ба назм таълиф шуда буд. Воқеаҳои рӯз ва ҳаводиси даврон бо ашъори соддаву равону ширин анбошта бо ҳаҷви зарифонаву дилчасп баён мешуданд, ки аз он беҳтар гуфтан амри маҳол буд. Ба қавли Ҳабиби Яғмоӣ “киноёти латифу муассири рӯзномаи “Насими Шимол”-ро дар ҳеч як аз  ҷароиди он аср наметавон ёфт (4,28)”.  

         Аз он ҷо, ки Саид Ашрафиддин ба ҳеч кадом гурӯҳҳои сиёсӣ шомил набуд, дар миёни тӯдаҳои мардум маҳбубияти зиёде дошт ва ашъораш низ зарбаи кӯбандае бар мухолифини инқилобу мардум буд. Аз ин рӯ, ашъораш шӯре дар миёни тӯдаҳо меангехт. Ин марди ростгӯву беғалуғаш ва фарзонаи далер сеҳре дар суханаш дошт, ки дар ҳеч як аз шоирони замонаш набуд.

Ба қавли устод Саид Нафисӣ “Ин мард ҷодугаре буд, ки бо арвоҳи мардуми табақаи сеюми ин кишвар, ин мардуме, ки ҳанӯз зиндаанд ва ҳаргиз нахоҳанд мурд, бозӣ мекард. Рӯҳи мардум зери дасти ӯ хамирмояе буд, ки ҳаргуна ки мехост, онро дармеовард. Ҳар шакле, ки мехост ба он медод [4; 12]”.

Аз ин рӯ, ҳар як шумораи рӯзномаи “Насими Шимол”-ро мардуми Теҳрону вилоёт бесаброна мунтазир буданд.

Тибқи шоҳидии устод Саид Нафисӣ Саид Ашрафиддин ҳар рӯзу шаб шеър мегуфт ва ашъори ҳафтаро, ки ҳама ба мавзуи рӯз буд, дар саҳафоти “Насими Шимол” чоп мекард ва дар ихтиёри мардум мегузошт. Ӯ наздик ба бист сол рӯзномаашро дар матбааи бисёр хурди яҳудиёни Теҳрон  дар чаҳор саҳифаи кӯчак ба чоп мерасонид, ки дар пойтахт ва дигар шаҳристонҳои кишвар паҳн мешуд ва рӯзе набуд, ки матолиби ин рӯзнома валвалае дар кишвар насозад. Ҳукуматҳо мукаррар аз дасти ӯ ба сутӯҳ омада буданд. “Зану мард, пиру ҷавон, босаводу бесавод ин рӯзномаро даст ба даст мегардониданд. Босаводҳо барои бесаводҳо мехонданд ва мардум ҳалқа мезаданду рӯи хок менишастанду гӯш мекарданд”. [4; 13]

Бо вуҷуди ин ҳама шӯҳрат ӯ бисёр марди муаддаб, фурӯтан, афтодаву меҳрубон, некӯкор, ватанпараст ва беэътино ба мансабу моли дунё будааст. Саид Ашрафиддини Гелонӣ ба таъйиди Саид Нафисӣ “аз миёни мардум берун омад, бо мардум зист ва дар миёни мардум фурӯ рафт... Ӯ на вазир шуд, на раиси идора шуд, на пуле ба ҳам зад, на хона сохт, на мулк харид, на моли касеро бо худ бурд, на хуни касеро ба гардан гирифт. Шояд рӯзи валодати ӯ ҳам касе ҷашн нагирифт ва... дар марги ӯ ҳам хатм нагузоштанд” [4; 15].

Тавре ки зикр шуд, бо ин ҳама Саид Ашрафиддин фақирона мезист, сарпаноҳи муайяне надошт ва бештари вақтҳо дар ҳуҷраҳои мадрасаҳо зиндагӣ карда, тақрибан тамоми умр муҷаррад будааст (муддате чанд бо бевазане издивоҷ мекунад ва он зан ба зудӣ вафот мекунад). Чунон ки Яҳёи Оринпур менависад, “соли 1345 ҳ.қ. (1926) шоеъ шуд, ки Саид Ашрафиддини Гелонӣ ба бемории ҷунун мубтало шудааст ва ӯро ба темористони (бемористони – О.Х.) рӯҳӣ бурдаанд [5; 64]”.

Ба иртиботи хилоли рӯҳии Саид Ашрафиддин Ҳабиб Яғмоӣ дар ёддошти хеш роҷеъ ба дидораш бо Саид Ашрафиддин хотирнишон месозад, ки дар ҳудуди соли 1309 ҳ.ш. (1930-31) яке аз эроншиносони маъруфи Ҳиндустон, профессор Муҳаммад Исҳоқ, ки дар он айём тазкираи маъруфи хеш “Суханварони Эрони асри ҳозир”-ро дар дасти таълиф дошт, барои чанд моҳе ба Теҳрон меоянд ва дар қатори дигар адибони маъруф, мехоҳад бо Саид Ашрафиддин низ мулоқот кунад. Бад-ин робита профессор Муҳаммад Исҳоқ аз Ҳабиб Яғмоии ҷавон хоҳиш мекунад, ки мулоқот ӯро ҳамроҳӣ кунад. Устод Ҳабиб Яғмоӣ ин дидорро чунин ба қалам додааст: “Пас аз пурсишҳо ва ҷустуҷӯҳо маълум шуд, ки манзили Саид Ашрафиддин дар интиҳои хиёбони Ноибуссалтана (Гуте), ҷануби сарбозхонаи қадимист. Пурсон-пурсон ба он ҷо рафтем ва хонае буд, ҳақир аз гилу хишт ва тақрибан бе асосот (мебелҳо – О.Х.) ва бе фарш. Шахси кӯтоҳқаду фарбеҳ, ки мӯйи сару сураташ сапеду нопироста буд, бо сари бараҳна ва либоси жанда ба девораи коҳгилини хона такя дода буд. Ин шахс ҳамон шоири машҳури Эрон Саид Ашрафиддин буд.

Мо ду тан низ дар канори девор паҳлӯи ӯ нишастем ва қариб як соат бо Саид ҳарф задем. Ҳарчанд ҷавобҳое, ки ба пурсишҳои мо медод оддиву маъмулӣ ва марбут буд, аммо маълум мешуд, таровиши андешааш ошуфтаву парешон аст. Аз ӯ дархост кардем, шеъре ба ёдгори ин мулоқот бигӯяд. Қитъа қоғазе гирифт ва бетааммул чанд бйте сохту навишт. Ин ёдгорро банда дорам ва тасаввур мекунам, охирин шеъраш бошад, чӣ пас аз ин мулоқот ба муддате кӯтоҳ даргузашт[4; 27 - 28].

Мавзуи бемории рӯҳии Саид Ашрафиддинро Саид Нафисӣ мармуз медонад, зеро аз назари ӯ ҳеч гуна нишонаи ҷунун дар вай дида намешуд. Саид Нафисӣ менависад: “Ӯро ба темористони шаҳри нав бурданд ва утоқе дар ҳаёти ақиби темористон ба ӯ ихтисос доданд... Ман намефаҳмидам чӣ нишонаи ҷунун дар ин марди бузург буд! Ҳамон буд, ки ҳамеша буд. Мақсуд аз ин кор чӣ буд? Ин яке аз бузургтарин муаммоҳои ҳаводиси ин даврони зиндагии мост! Хабари марги ӯро ҳам ба касе надоданд. Оё ростӣ мурд? [4; 14]”.

Ба ҳар тавре буд, Саид Ашрафиддини Гелонӣ дар ҳоли бемориву фақру тангдастӣ ва гумномӣ моҳи зилҳиҷҷаи 1352 ҳ.қ. (марти 1934) зиндагиро падруд гуфт.

Аз Саид Ашрафиддин Гелонӣ беш аз 20 ҳазор байт боқӣ мондааст. Маҷмӯаи ашъори хешро Саид Ашрафиддин ҳангоме, ки  ҳоло хилоли димоғ надоштааст, дар ду ҷилд дар матбааи яҳудиёни Теҳрон (он ҷо ки рӯзномаашро ба чоп мерасонид) ба табъ мерасонад, ки бинобар гуфтаи Саид Нафисӣ “бо суръати аҷиб нусхаҳои он тамом мешавад”. Ҳамчунин он зери унвони “Насими Шимол” ду мартаба дар Бомбей низ ба чоп мерасад. Гарчанде ағлаби навиштаҳои Саид Ашрафиддин асосан дар сафаҳоти “Насими Шимол” дарҷ гардидаанд, аммо ҳаминро ҳам бояд ёдовар шуд, ки ӯ як асари ишқӣ-ахлоқии мансури музайян бо шеър бо номи “Азизу Ғизол” таълиф карда, соли 1309 ҳ.ш. (1930 м.) дар Теҳрон ба табъ расонидааст. Ва ҳамчунин як китоби таълимӣ-тарбиявие ба номи “Гулзори адабӣ” низ тартиб дода, ки аз тарафи вазорати маорифи вақт ба ҳайси китоби дарсии қироат барои синфҳои 2 ва сеи мактабҳои ибтидоӣ пешниҳод шуда буд ва дар замони шоир ду дафъа аз тарафи идораи маорифи Гелон дар Теҳрон мунташир гаштааст.

Мутаассифона, то ҷое, ки мо иттилоъ дорем перомуни ин ду асари Саид Ашрафиддин ҳам дар Эрон ва ҳам дар эроншиносии ҷаҳон ба ҷуз ёдоварӣ аз “Азизу Ғизол” ҳамчун асари ишқӣ дар ёддоштҳои Ҳабиб Яғмоӣ чизи дигаре гуфта нашудааст. Ҳол он ки асари Саид Ашрафиддин “Азизу Ғизол” як асари лирикӣ-романтикиест, аз ишқи поки ду дилдодае, ки хонаводаҳояшон ба ҳам адовати чандинасра дошта, моҷарои достон низ дар перомуни ин зиддиятҳо тору пуд метанад, эҷод шудааст.

Тавре ки зикр шуд, эҷодиёти Саид Ашрафиддин ва ҳунари шоириву рӯзноманигории ӯ бо ҷаридаи “Насими Шимол” сахт бастагӣ дорад. Зеро аксари маводи рӯзномаи мазкурро бо назм таҳия ва худаш саҳифабандӣ ва ба чоп мерасонид. Аз ин рӯ, мундариҷаи аслии рӯзномаи “Насими Шимол”, ки хидмати босазое дар пешрафти инқилоби Машрута кардааст, иборат аз ашъори интиқодӣ, факоҳӣ, равшангароӣ ва таблиғотие буданд, ки ҳама аз хомаи Саид Ашрафиддин таровиш кардаанд.

Ин рӯзнома бо матолиби ҷолибу ифшогаронаи хеш беш аз бист сол аз шуҳраташ накоста, яке аз пурхонандатарин (албатта, бештар дар миёни қишри поинии ҷомеа) рӯзномаи Эрон будааст. Шуҳрати беандозаи Саид Ашрафиддин ва “Насими Шимол”-аш, ки дар замонаш аксари мардум ӯро ба номи оқои Насими шимол ном мебурданд, дар чӣ будааст? Шояд дар рӯҳияи мардумӣ ва шакли фолклории ашъору матолиби ҷолибу занандаи рӯзнома бошад, ки “на чашмпуркунбуду на хушчоп”, аммо “мардум онро меписандиданду номаш ба сари забонҳо буд” ва ашъори мундариҷаи он “валвалае дар Теҳрон меандохт”. Ва ё шояд ин шуҳрат ба поктинативу беэътиноии шоир бо молу мансаби дунё буд, ки ӯро маҳбуби ҳама гардонида буд. Ба ҳар ҳол Саид Ашрафиддин яке аз чеҳраҳои асосии ҷунбиши машрутахоҳии Эрон буда “Насими Шимол” оинаи тамомнамоӣ ин инқилоб маҳсуб мешавад. [1; 205].

Пуршӯртарин ва интиқодитарин сурудаҳои шоир, ки ӯро ба авҷи шӯҳрат расонидааст, дар садри Машрута ба миён омада, дар пирӯзии инқилоб ва танвири афкори тӯдаҳо мусоидат кардаанд. Масалан, мустазоди, “Эй вой, Ватан вой”-и шоир, ки дар №9, 27 зиқадаи 1325 ҳ.қ. (6.12.1907) “Насими Шимол” мунташир шудааст, саршор аз рӯҳияи ватанпарастӣ буда, тӯдаҳои мардумро ба бедории миллӣ ва наҷоти Ватан аз вартаи ҷаҳолату ҳалокат даъват менамояд. Оё мешавад, ки ин мисраъҳоро хонду ба вазъияти кишвар бетафовут буд:

Гардида Ватан ғарқаи андӯҳӯ миҳан[1] вой,

Эй вой Ватан, вой

Хезед, равед аз паи тобуту кафан вой,

Эй вой Ватан, вой...

Ку ҳиммату ку ғайрату ку ҷӯшу футувват?

Ку ҷунбиши миллат?

Дардо, ки расид аз ду тараф сели фитан[2] вой

Эй вой Ватан, вой

Аксари сурудҳои шоир натиҷаи таровиши андешаи хоси ӯст ва дар онҳо бештар рӯҳи инқилобии мардум ва шӯру шаафи созандагиву равшангароии қишри муборизу озодихоҳ ва ватанпарастии Эрони он давра, ки аз Инқилоби Машрута умеди зиёде доштанд, эҳсос мегардад. Дар ин қабил ашъор истеъдоди шоири мубаллиғ ва рӯзноманигори оташинсухан будани Ашрафиддини Гелонӣ баръало ба чашм мехӯрад. Намунаи беҳтарини ин гуна сурудаҳо мустазоди маъруфи ӯ “Дарди Эрон бедавост”, ки дар №10 “Насими Шимол” аз таърихи 16 зилҳиҷҷаи 1325 ҳ.қ. (Браун ин таърихро 20.01.1908 нишон додааст) мунташир шудааст. Дар ин шеър воқеаҳои моҳи декабри соли 1907 ва январи соли 1908 мунъакис шудааст, ки Э.Браун онро “кудетои ақим” номида буд. Ин шеър[3] дар давраи ҳассоси Инқилоби Машрута, яъне кашмакашиҳои шоҳу машрутахоҳон, эҷод шуда, ки ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоии он давраро хело хуб ба қалам додааст:

Дӯш мегуфт ин сухан девонае бебозхост

Дарди Эрон бедавост.

Оқиле гуфто, ки аз девона бишнав ҳарфи рост

Дарди Эрон бедавост.

Мамлакат аз чор сӯ дар ҳоли буҳрону хатар,

Чун маризи мухтасар.

Бо чунин дастур ин ранҷур маҳҷур аз шифост

Дарди Эрон бедавост.

Подшоҳ бар зидди миллат, миллат андар зидди шоҳ,

З-ин мусибат оҳ-оҳ!

Чун ҳақиқат бингарӣ, ҳам ин хатост, ҳам он хатост

Дарди Эрон бедавост.

Ҳар касе бо ҳар касе хасм асту бадхоҳ асту зид(д).

Гӯяд ӯро мустабид.

Бо чунин шакл эй басо хунҳо ҳадар, ҷонҳо ҳубост

Дарди Эрон бедавост.

         Ин мустазод 26 мисраъ буда, ҳама воқеоту кашмакашиҳои машрутахоҳону мустабидон, ба вижа мавзеъгириҳои шайх Омуливу шайх Фазлуллоҳи Нурӣ хело устодона бо танзи малеҳ баён шудааст.

Ашъори дар саҳафоти “Насими Шимол” сурудаи Саид Ашрафиддини Гелонӣ мубайини талошҳои машрутахоҳону озодандешон, интиқоди дастгоҳи давлативу намояндагони дурӯяву мунофиқи Маҷлиси Миллӣ, ҳаҷву мазоқи кишварҳои хориҷии Аврупову ҷаҳлу ҳуруфоту ақибмондагии иқтисодиву маънавии кишвараш мебошад. Тавре ки қаблан зикр шуд, чун Саид Ашрафиддин ба ҳеч ҷиноҳу дору дастаҳои сиёсӣ ҳамроҳ набуд ва эҳтиёҷе ҳам ба пуштибониву кӯмкаки қудратҳои сиёсиву давлатӣ надошт, сухани худро бепарда ва назарашро ошкоро баён мекард, аз ин сабаб дар шеъри “Як арбадаи мастона” гуфтааст:

На боке аз қазо дорам, на аз тақдир метарсам.

На хавфе аз фалак дорам, на аз таъсир метарсам.

На аз олам, на аз одам, на аз тағйир метарсам.

На аз куштан, на аз бастан, на аз занҷир метарсам...

Аз ин ба чапу рост тозиёнаи интиқод заданҳояш буд, ки ҳукуматҳои вақт аз дасти ӯ  ва рӯзномааш ба дод омада буданд, зеро дар саҳафоти рӯзномааш ҳафтае набуд, ки парда аз рӯи расвоиву хоинии вакилу вазир бардошта нашавад. Аз ин рӯ, дар номаи таҳдиде, ки шоир аз номи хонандаи “эҳтиёткор” дар сабку шеваи сурудҳои оммиёна дар рӯзнома мунташир кардааст, хитоб ба “ба Насими Шимол” мегӯяд:

Оҳой-оҳой “Насими Шимол” мисоли шери аржана

Гоҳе зани ба майсара, гоҳе занӣ ба маймана.

Зилзилаҳо фикандаӣ ба кӯҳу дашту домана

Оҳиста биё, оҳиста бирав, ки гурба шохат назана.

 

Аввал бигӯ барои ман ту кистӣ, чӣ кораӣ?

Муқобили суханварон ту тифли ширхораӣ.

Ба пеши офтобу маҳтоб камтар аз ситораӣ

Эй боракалло, марҳабо, ба ин қиёфаву тана

Оҳиста биё, оҳиста бирав, ки гурба шохат назана.

 

Зи зореини ранҷбор боз ҳам ҳимоят мекунӣ

Зи золимони муфтхӯр боз ҳам шикоят мекунӣ.

Зи аҳди шоҳи виз-визак боз ҳам ҳикоят мекунӣ

Таънаи шеъри худ занӣ ба соҳибони тантана

Оҳиста биё, оҳиста бирав, ки гурба шохат назана...

 

Мадраса чӣ, улум чӣ? Мактаби духтарона чӣ?

Ин кураи замин бувад ба шакли ҳиндувона чӣ?

Миёни рӯзнома ин гуфтугӯи занона чӣ?

Пураст рӯзномаат зи қавли холаву нана

Оҳиста биё, оҳиста бирав, ки гурба шохат назана...

Аз ин намунаи андак тавре ки мулоҳиза шуд, шеъри Ашрафиддин ҳамеша бо тору пуди танзу ҳаҷвии намакин омехтааст. Тозиёнаи танзи шоир ба паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсии кишвар, ашхоси ҷудогона, ҷаҳолату ҳуруфотпарастӣ ва амсоли он, фурӯкаш аст. Масалан, дар шеъри “Хитоб ба Фарангиён” танбалию танпарварӣ, ҷаҳолату бесаводии мардуми мусулмон бо як танзи зарифона ба мазоқ гирифта, пешравию тараққиёти аврӯпоиён ба рухашон кашида мешавад:

Эй фарангӣ, мо мусулмонем, ҷаннат моли мост.

Дар қиёмат ҳуру ғилмон, нозу неъмат моли мост.

Эй фарангӣ иттифоқу илму санъат моли ту,

Адлу қонуну мусовоту адолат моли ту,

Нақли оламгириву ҷангу ҷалодат моли ту,

Ҳирсу бухлу кинаву буғзу адоват моли мост.

Хоби роҳат, айшу ишрат, нозу неъмат моли мост...

 

Ихтирооти ҷадиду илму санъат з-они ту

Аз замин бар осмон рафтан зи ҳиммат з-они ту.

Мактабу ташвиш бар атфоли миллат з-они ту

Ғӯта хурдан андарин дарёи зиллат моли мост.

Хоби роҳат, истироҳат, ҷаҳлу ғафлат моли мост...

 

 Ин талхгӯиҳои шоир ҳама ба дард ва ин ҳама мазоқи ӯ аз пушти пардаи ашки андӯҳу ҳасрат аст, ки чаро дар хоби ғафлату дар дарёи зиллат ғарқаем?! Аз ин ҷост, ки ба сутӯҳ омада фарёд мезанад:

Имрӯз чу мо ҳеч кас ангуштнамо нест,

Зеро, ки касе ҷоҳилу бе илм чу мо нест.

Дар илму саноеъ ҳамагӣ оҷизу лангем,

Дар мағлатаву фитнаву ошӯб зарангем.

Бар ҷони ҳам афтода шабу рӯз ба ҷангем

Шарме зи Каломуллоҳу тарсе зи Худо нест.

         Аз мутолиаи дақиқи куллиёти Саид Ашрафиддини Гелонӣ чунин андешае даст медиҳад, ки гарчанде шоир яке аз мунодиёни сарсупурдаи садри Инқилоби Машрута буд, аммо ҳеч гоҳ тарафдори ғасби иҷбории қудрати сиёсӣ, ки паёмади он ҷангҳои шаҳрвандист, набудааст. Ӯ мехостааст, ки ҷомеаи Эронӣ ва миллати Эрон аз тариқи фарогирии илму маърифат, худогоҳии миллӣ, кӯшишу талоши созанда ба ҷодаи тамаддуни башарӣ ворид шуда, кишвари ободу босаодат бошад. Аз ин рӯ, орзу мекунад:

Миллати мо гар шавад доно, шавад кораш дуруст,

Оҳ, аз он нодонии ин миллати меҳнатқарин.

         Аксари ашъори Ашрафиддини Гелонӣ дар қолаби мусаммат, мустазод, тарҷеъбанду таркиббанд, ки ҳама то ҳадде жанрҳои ба фарҳанги омма наздику дорои авзони сабук ва оҳангҳои халқианд, эҷод шудаанд. Забони назми Саид Ашрафиддин низ содаву омиёна буда, ҳадафи шоир бештар тӯдаҳои аввом ва мардуми заҳматкашу ҷафокаши бесаводи эронӣ будааст. Аз ин рӯ, аксари ашъори ӯ бо забони омиёна эҷод шуда, ташбеҳоту истиороте, ки корбаст шудаанд, омиёна ва наздик ба зеҳни тӯдаҳост.

         Ба таври хулоса бояд зикр кард, ки ашъори Саид Ашрафиддини Гелонӣ, агарчӣ аз нигоҳи маҳорати шоирӣ ва сухансанҷӣ ба пояи шеъри классикии форсӣ намерасад, аммо аз нигоҳи шоирона ва сабки баён аз бисёри ашъори ҳаҷвӣ, сиёсӣ ва таблиғиву шиории он замон, ки ба пайравии Эдвард Браун мо онро “шеъри матбуотӣ” номидем, боло меистад. Илова бар он, бо вуҷуди он ки Саид Ашрафиддин инқилобӣ ва сиёсатмадори касбӣ набуд, аммо дар ашъори хеш мудофеи истиқлоли Эрон, душмани таҷовузкорони он ва вассофи Инқилоби Машрута ба шумор мерафт. Ӯ рисолати шоирӣ ва рӯзноманигории худро дар бармало сохтани нуқси ҷомеа, фисқу фуҷури дастгоҳи давлатӣ, бедор сохтани азҳони мардум дар амри худогоҳии миллӣ ва созандагии ҷомеаи шукуфон медонист. Аз ин рӯ, дар ашъори хеш, ки пур аз танзи малеҳу дар айни ҳол кӯбанда буд, ватанфурӯшон, душманони озодӣ ва куллияи касони фосиқу дурӯя, ки дар фикри кишвару мардум набуданд, ба банди истеҳзову тамасхур гирифтааст. 


[1] Миҳан – азобҳо; шакли ҷамъи вожаи меҳнат.

[2] Фитан – фитнаҳо; шакли ҷамъи вожаи фитна.

[3] М.Баҳор низ дар ин давра ба ҳамин вазну оҳанг мустазодеро  ба номи “ Кори Эрон бо Худост” эҷод кардааст, муқоисаи он аз маҷоли ин баҳс хориҷ аст.

МАШРУТАИ ЭРОН

TJ
data: 
2023-07-09