Имрӯз (19.05.2023) дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳузури намояндаи масъули Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Маркази мероси хаттӣ О.Хоҷамуродов, М.Шарифов, И.Мирзоев, Ш. Ёраҳматзода ва дигарон вохӯрии директори Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ, н.и.т Давлатов Раҳматкарим бо директори Институти эроншиносии Академияи илмҳои Австрия профессор Флориан Швартс баргузор гардид.
Дар ҳини суҳбат тарафҳо оид ба имкониятҳову захираҳои илмиву кадрӣ маълумот ироа намуда, арз карданд, ки дар асоси Меморандуме, ки соли 2004 байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Австрия имзо шудааст, метавонанд ҳамкории илмиро дар бахши матншиносӣ ва манбаъшиносӣ ба роҳ монанд.
Дар навбати худ профессор Флориан Швартс пешниҳод намуд, ки мехоҳад ҳамкориро бо ММХ АМИТ ба таври дарозмуддат ба роҳ монда, дар ин замина созишномаи нав ба имзо расонида шавад.
Муколамаи тарафҳо дар сатҳи хуб ҷараён гирифта, ба профессор Флориан Швартс намунаи дастхатҳо ва хушнависиҳои қадимаи Ганҷинаи Марказ намоиш дода шуданд.