Олимҷон Хоҷамурдов,

профессор

 

            (Нигоҳи иҷмолӣ ба тарсгуфторҳои  Муҳаммаризо Шафеии Кадканӣ “Растахези калимот”. Муқаддима, тасҳеҳ, шарҳ, тавзеҳот ва замимаи  Ш. Сӯфизода Душанбе, 2023).

     Ҳар як миллати мутамаддин ва пурқудратро дар арсаи  ҷаҳонӣ дар баробари таъриху тамаддун, анъанаву урфу одат, мероси бою гаронба- ҳо, забону фарҳанг, инчунин бо фарзандони фарзонаи миллаташ мешиносанд ва  қадр мекунанд.

 

  Куфру динро бибар аз ёд, ки ин фитнагарон,

    Дар бадомӯзии мо маслиҳатандеши ҳаманд.

 

        Ҷамолиддин Муҳаммад ибни Зайниддин ибни Ҷалолиддини Чодарбоф, ки бо тахаллуси Урфӣ машҳур аст, соли 1556 дар Шероз чашм ба дунё кушодааст. Шоир дар ҳамон зодгоҳаш таълиму тарбия гирифта, аз хурдӣ ба шеъргӯӣ оғоз кардааст. Дар ин айём бозори шеъру шоирӣ ривоҷу равнақи зиёд дошт.

Мазҳабу дини ҷаҳон шуд сабаби ғорату қатл,

Некбахтам, ки аз ин фитна раҳоӣ дорам.

Уламо қофиларони раҳи мазҳаб шудаанд,

Нуктае хуш гуфтааст он дурбин,

Адл дорад мулкро қоим, на дин.

Куфркеше, к-ӯ ба адл омад фареҳ,

Мулкро аз золими диндор беҳ.

 

Ба ҷойи тақриз

(Перомуни китоби “Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс” (Душанбе, 2023. Интишороти “Меъроҷ Граф”)

 

         “Давроне ки аблаҳон бо оқилон, ҳокимон бо низомиён, руҳониён бо даҳриён, фоҳишаҳо бо тақводорон, сарватмандон бо камбағалон  забон як мекунанд, бо ибораи Шарқиён Рӯзи охират фаро мерасад”. Ин тафсири файласуфи номаълум ё ба ибораи маъмулӣ  сарбози оқили гумном муҳит ва вазъи ҷаҳони муосирро воқеӣ тафсир кардааст.

Ҷанги ҳафтоду ду миллат ҳамаро узр бинеҳ,

Чун надиданд ҳақиқат, раҳи афсона заданд.

 

Намонад касе зери чархи куҳан,

        Зи арбоби дониш бимонад сухан.

 

        Абулато ибни Алии Кирмонӣ, ки бо тахаллуси Хоҷу машҳур аст, яке аз шоирони маъруфи тоҷику форс буда, соли 1290 дар шаҳри Кирмон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

        Убайди Зоконӣ соли 1270 дар деҳаи Зокон, дар наздикии шаҳри Қазвин таваллуд шудааст. Номи ифтихории ӯ Низомиддин буд, ба ин далел дар бисёри сарчашмаҳо мо ба Низомиддин Убайди Зоконӣ вомехӯрем.

Шанбегии дастаҷамъона

китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Олимҷон Хоҷамурдов,

профессор

 

            (Нигоҳи иҷмолӣ ба тарсгуфторҳои  Муҳаммаризо Шафеии Кадканӣ “Растахези калимот”. Муқаддима, тасҳеҳ, шарҳ, тавзеҳот ва замимаи  Ш. Сӯфизода Душанбе, 2023).

            Ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ баргардон ва нашри яке аз асарҳои илмӣ-назариявии донишманди маъруфи Эрон доктор Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ “Растахези калимот”, ки дарсгуфторҳои  эшон перомуни назарияи дабистони адабии формализми рус  маҳсуб мешавад ва  он ҳам  бо шарҳу тавзеҳ ва муқаддимаву замимаи китобшиносии формалистони рӯсӣ, барои дӯстдорони адабиёт ва мутахассисони ҷавони адабиёти форсии тоҷикӣ хидмати арзандаест.

            Зеро имрӯз дар адабиётшиносии ҷаҳони Ғарб ин равиши таҳқиқи осори бадеӣ мақоми хосаеро дорост. Тафсиру ироаи муҳаққиқонаи орои ин дабистори адабӣ, ки мавриди  корбурди густардаи пажӯҳишгарони адабиёти Ғарб қарор гирифтааст, барои ҷомеаи форсизабон танҳо  дар тавони фарде чун устод Ш. Кадканӣ, ки дорои иҳотаву дониши жарфе аз  фарҳангу адаби форсӣ, арабӣ ва ҷаҳон аст, имконпазир буд. Бо вуҷуди он, ки устод Кадканӣ бо мактаби формализми русӣ тавассути тарҷумаи англисии осори эшон ошноӣ пайдо  кардааст, аммо орову андешаи пайравони ин наҳларо хело дақиқу мӯшикофона дар қиёсу  тақобул бо марҳалаҳои рушди  адабиёти форсии тоҷикӣ ва осори классиконамон  барои донишҷӯёни пӯёву муҳаққиқини адабиёти форсӣ ироаю тафсир кардааст.

            Ин дарсгуфторҳо аз он ҷиҳат дорои арзиши илмист, ки муаллиф зимни шарҳу тафсири назарияи формалистони русӣ, ба вижа  андешаҳои поягузорони ин наҳлаи илмӣ-назариявӣ В.Б. Шкловский, Ю.Н. Тынянов, Б.М. Эхенбауман ва Р. Якобсон  аз шеъри форсии тоҷики шоҳид оварда, рагаҳои ин усули адабиро дар адабиёти классикиамон ҷустуҷӯ намудааст. Дар ин бора худи устод Ш. Кадканӣ дар  пешгуфтори мухтасари китоб таъкид  кардааст, ки ҳеҷ гоҳ ҳадаф надоштааст “дар ҳадди як мутарҷими сифр боқӣ” бимонад ва он ҷо ки суратгароёни рус  “ишорае ба як вижагӣ дар шеъри Пушкин ё Лермонтов  кардаанд, ба ҷон  кандану овонависӣ кардани он иборат”, ки барои худам ва хонандаи ман номафҳум  мемонд. “Ҳамин ки фаҳмидам баҳс  бар сари чӣ  масъалаест, кӯшидам, ки шоҳиде барои он аз шеъри Мавлавию Хоқонӣ ва Саъдию Ҳофиз  пайдо кунад.

            Устод Ш.Кадканӣ  маҳз аз ҳамин дидгоҳ ба муаррифӣ ва таблиғи мактаби формалистони русӣ иқдом карда ва аз он ҷиҳат маҷзуби он гаштааст, ки “... ин мактаб аз он мактабҳои халқуссооте нест, ки мисли коғаз оташ гирифта, дар як лаҳза шӯълавар мешаваду таваҷҷӯҳи ҳамагонро  ҷалб  мекунад ва сипас барои ҳамеша хомӯш мешавад. Ҳазфи ҷараёни  фурмолизми русӣ аз таърихи назарияи адабию ҳунарии ҷаҳон, бегумон, амрест муҳол”.  Ба андешаи устод Ш. Кадканӣ: “Зеро ин мутафаккирон илова бар ҳарфҳои муҳимме, ки дар ҳавзаи масоили муртабит ба адабиёт, забони шеър, такомули адабӣ, ваҷҳи ғолиб ва пайранг худ гуфтаанд, сабаб шуданд, ки чандин ҷараёни бузурги давронсози дигар ҳам дар гӯшаву канори ҷаҳон, аз ҷумла дар Прог ва Порис  ба таъсири ҳарфҳои эшон шакл  бигирад”.

            Тавре ки Шодимуҳаммад Сӯфизода дар дебочаи китоб бар ҳақ ишора  кардааст, дилбастагии устод Ш. Кадканӣ ба дабистони суратгароёни рус ”аз он  маншаъ  гирифтааст,ки  ба бештари назарияҳои  ин мактаби илмӣ дар осори балоғиёни гузаштаи  мо  ишораҳое шудааст ва ин шабоҳати дидгоҳҳо  таваҷҷӯҳи  ӯро  ба ин  таълимот барангехтааст”.

            Шарҳи муҳтаво ва бобу фаслҳои ин  китоби судмандро ба хонандаи хушзавқ ҳавола  мекунем. Гузашта  аз ин, доир ба пайдоиши  ин мактаби формалисзми русӣ дар даҳҳаи аввали асри ХХ ва иллатҳои парокандашавии он низ таваққуф  намекунем. Зеро ҳам худи муаллифи китоб дар раванди гуфторҳои хеш ва ҳам Шодимуҳаммад Сӯфизода дар пешгуфтори арзишманди хеш  перомуни ин масъала маълумоти кофие ироа  доштаанд.

            Дар ин мухтасар, банда ба ду  мазоёи ин китоб  мехоҳам таваққуфи иҷмолӣ  намоям: - Нахуст, дар бораи ташреҳу тавзеҳ ва ироаи муҳаққиқонаи  устод Ш. Кадканӣ дар муаррифии назарияи формализми русӣ бо шоҳид аз адаби форсӣ ва дар қиёсу тақобул бо андешаву орои булағо ва шуарои пешинамон  перомуни ин мақулоти суратгароёни рус. Дуввум, роҷеъ ба кайфияти баргардон, шарҳу тавзеҳ ва замимаи китобшиносии мукаммал ба забонҳои русӣ ва англисӣ, доир ба ин мактаби адабӣ.

            Дар даромади сухан устод Ш. Кадканӣ таъкид  медорад, ки  “бо ҳама арзише, ки  суратгароии русӣ дар таърихи назарияҳои ҳунарию адабӣ  доштаасту ҳанӯз  ҳам дорад” донишҷӯён ва хонандагони худро намехоҳад  “ба як суратгарои рус” мубаддал созад. Ҳадафаш дар ин китоб  “чашмандозе ба мероси  суратгароёни рус  гушуда шавад ва баъзе  аз зароифи  ҳарфҳои эшон дар бораи  ҳунару адабиёт  дар зеҳну замири  хонандаи ҷавони эронӣ  ҳузури равшан  биёбад” маҳсуб мешавад.

            Яке аз  вижагиҳои дарсгуфторҳои устод Кадканӣ дар тафсиру муаррифии дабистони формализми русӣ  дар он аст, ки ӯ талош  кардааст, то сарчашмаи пайдоиши ин таълимотро ҷустуҷӯ  кунад. Решаи ин наҳларо дар ҷараёни нумодгароён (символистҳо)-и рус, ки дар боби масъалаи “арзиш” ба тааммул  пардохта ба робитаи  “фурм ва муҳтаво” таваҷҷӯҳ кардаанд тафаҳҳус намуда, ба натиҷае мерасад, ки  ин таълимот аз андешаҳои фалсафаи  И. Кант дар мақулаи “замон ва макон” об мехурад. Бад-ин робита бо як афсӯс тазкор  медиҳад: “Боз, ба ёди беҳосилии “шибҳи фалсафа”-и худамон афтодам, ки дар тӯли ҳазору дивист сол, дасткам ҳар сол, кӯчактарин асаре ба ҷараёнҳои фарҳангию ҳунарӣ ва иҷтимоии мамлакати мо  надоштааст”. Сипас  таъкид медорад, ки дар тӯли ҳазор сол хуб ё бад чандин  ҷараёнҳои ҳунариву адабӣ ба вуҷуд омадаанд, аммо “дар ҳеҷ як аз ин ҷараёнҳову сабкҳо” радди пойи “фалсафа”-и  худамонро наметавон пайдо  кард. Аз ин рӯ, воқеъбинона ва бо сароҳат ёдрас  мешавад, ки “решаи тамоми ҷараёнҳои хурду бузурги ҳунарию адабӣ ва сиёсию иҷтимоии Ғарбро бо тамоми ҷузъиёти он  метавон дар андешаҳои фалсафии  Ғарб ҷустуҷӯ кард, мисли ҳамин қазияи пайдоиши фурмолизм ё самбулизм”.

            Бад-ин робита дар қиёс  бо афкори фалсафии Ғарб дар ташаккули пайдоиши ҷараёнҳо ва сабкҳои адабӣ, ишора ба он  мекунад, ки ҷои  фалсафаро дар фарҳанги мо илми калом ва бештар ирфон ба дӯш гирифтаанд. Аз ин рӯ, муътақид аст: “Дар он сӯйи сабки шоирии Фирдавсӣ ва Носири Хусрав, бегумон тааммулоти муътазила  нақши пинҳони худро дорад ва дар он сӯйи сабки шоирии  Аттору Мавлавӣ- тааммулоти ашоира”.

            Баъдан масъалаи таъсири мероси маънавии ниёгонамонро  дар ҳунару адабиётамон  матраҳ  намуда чунин  суолгузорӣ мекунад: “Оё мабҳаси  “уқули ашара”, ё мабҳаси  “асолати вуҷуд”, “асолати моҳият”, “иштироки вуҷуд” ва ё “ҳудуси даҳрӣ” кӯчактарин  таъсире дар таҳаввулоти ҳунарию  адабӣ ва иҷтимоию сиёсии мо доштааст ё на? ”Ба ин суол худи устод чунин  посух медиҳад  ва бо он мутолиоте, ки эшон доранд, бар ҳақ аст: “То ҷойе ки дарсашро  хондаам ва мухтасари ошноӣ бо ин  мабоҳис ва таҳаввулоти фарҳангию иҷтимоии Эрону ислом дорам,  ҳар чӣ  мекӯшам ҷойи пое барои ин гуна  мабоҳис  дар ин гуна умур биёбам, ба кӯчактарин  нишонае  роҳ  намебарам. Аз боби эҳтиёт менависам, ки агар пайдо шавад, бисёр нодир аст ва он нодир бисёр гаронбаҳост ва дар айни ҳол к-ал  маъдум”.

            Тавре ки мулоҳиза шуд, устод Ш.Кадканӣ танҳо мубалиғу  муаррифи наҳлаи  суратгароёни рус нест, балки ҳар як мақула  ва ё андешаву орои ин мактабро дар қиёс бо адабу фарҳанги форсӣ  ба муҳокима мегирад.

            Ҳангоми шарҳу тафсири “Ҷараёни формализми рус” зимни таъкиди он ки  бархе аз  муҳаққиқин ҷараёни  формализм ба далоили он ки “баъзе аз усули кори эшон бо “Бутиқо”-и Арасту” шабоҳат дорад, онро “ зери чатри наваратуиён қарор доданд”. Аз ин рӯ, ин андешаро зери суол  қарор дода, устод Ш. Кадканӣ ибрози андеша  мекунад, агар аз зовияи дигар ба ин ҷараён  бигарем, рагаҳои ин ҷараёнро  дар адабиёти миллали мухталиф ва дар миёни назарияҳои адабии “мавҷудаи дунёи наву  куҳан” метавон мушоҳида кард. Барои тақвияти андешаи хеш ин ҷараёнро  дар абъоди суннати адабии форсӣ, ҳатто  кишварҳои исломӣ  ҷустуҷӯ  мекунад.       Агар дақиқ мулоҳиза кунем, иброз медорад муҳаққиқ “тарҳи кулли нигоҳи адибонамонро як тарҳи фурмолисти мебинем”. Ба ақидаи эшон, Абдулқоҳири Ҷурҷонӣ  якфумулисти бебаҳост. Зеро  тазаккур медиҳад муҳаққиқ”. “Дар таърихи адабиёти ҷаҳон ва дар таърихи назарияи адабӣ, шояд дар дунёи қадим, ҳеҷ касеро дар фурмолистӣ будан натавон  рӯёрӯйи ӯ қарор  дод”. Аз дидгоҳи устод  Ш. Кадканӣ натанҳо  Ҷурҷонӣ, балки Ҷоҳиз (мутакаллим ва адиби маъруфи араби  қарни сеюми  ҳиҷрӣ – О.Х) ҳам “як фурмолисти комилъиёр аст”. Доктор Ш. Кадканӣ ёдрас  мешавад, ки Ҷоҳиз  “шеърият”-и як шеърро дар “нуқтаи  тааҷҷуббарангезӣ”-и он мутамарказ мекунад, ва муътақид аст, ки “шеър чизест, ки қобили тарҷума нест, зеро дар тарҷума “нуқтаи тааҷуббарангезӣ”-и он аз миён  меравад”. Аз нигоҳи устод Кадканӣ ин андешаи Ҷоҳиз баён ё паҳлӯи дигар масъалаи  марказии формализми русӣ – “ошноизудоӣ” (тарҷумаи хело дақиқи истилоҳи “остранения”-и русист – О.Х) маҳсуб мешавад.

            Сипас қайд  мекунад, ки агарчи дар баёни Ҷоҳиз ва Ҷурҷонӣ дар мавриди мафҳуми “ошноизудоӣ” сухане нест, “вале амалан ин ду тан пазируфтаанд, ки меъёри эстетикӣ дар ҳунар ва дар шеър  “ҳамон нуқтаи тааҷҷуббарангезӣ”-и он аст. Аз ин рӯ, муҳаққиқ дар абъоди формалистӣ  чунин ибрози андеша  мекунад. “Ҳунарманд ва шоир бо халлоқияти худ моро  ба шигифти вомедорад. Вақте такрорӣ шуд, дигар тааҷҷуб намекунем, то ҳунарманди дигаре биёяд ва бо навъе ошноизудоӣ моро ба шигифтӣ водорад”.

            Гузашта аз ин, устод Кадканӣ ба иртиботи ин мақула таъкид  медорад, ки бештари баҳсҳое, ки дар адабиёти классикии мо  перомуни масъалаи шеър  сурат гирифтааст, “сурати диқиқу фаннии онро” дар “мабоҳисӣ сабкшиносии устодони форсизабони шибҳи қораи Ҳинд, аз қабили Сироҷиддин Алихони Орзу  метавон  мушоҳида кард, инҳо ҳама нигоҳи фурмолистӣ  ва суратгароёна ба мақулаи ҳеър ва ҳунар” маҳсуб  мешаванд.

            Яке аз масоили бунёдии суратгароёни русӣ масъалаи “адабият” мебошад, ки истилоҳи русии он “литературность” аст. Аз нигоҳи суратгароёни русӣ адабият ҳамон омилест, ки “модда”-и адабиро табдил ба як  “асари адабӣ” мекунад. Аз ин рӯ, тамоми  сайъу талоши ин мактаб  ба омили кашфи он тамаркуз  ёфтааст.

            Сипас муҳаққиқ ба ироаи андешаи формалистҳои рус  мепардозад. Аз назари эшон мӯҳтаво чизе ҷуз ангезиши фурмҳо наметавонад бошад ва адабият ҳангоме оғоз мешавад, ки “ҳунарсоза”-ҳо (тарҷумаи зебои истилоҳи русии “художественный прием” – О.Х), ки ҳам бешуморанду  ҳам,  муштарак (ҳадаф воситаҳои тасвири бадеист – О.Х) ва “аз ҳолати мафъулу  ошно ва такрорию ғайрифаъоли худ” берун оянд ва тавре ба хонанда худро  ошкор  кунанд, ки гӯё “нахустин бор бо ин  ҳунарсозаҳо рӯ ба рӯ шудааст”. Кадканӣ  барои дарки ин андешаи суратгароён байти зерини Ҳофизро  шоҳид  меорад ва онро  аз зовияи диди суратгароён таҷзияву  таҳлил  мекунад:

            Чу офтоби май аз машриқи  пиёла барояд,

            Зи боғи орази соқӣ ҳазор лола барояд.

Муаллиф дар тафсири ин байт ёдрас  мешавад, ки  ҳунарсозаҳое чун  “офтоби май”, “машриқи пиёла” ва “боғи ораз” ташбеҳоеанд, ки дар адабиёти форсию арабии то рӯзгори Ҳофиз ба такрор дида мешавад. Аммо он чи ки боиси ангезиши  ин ташбеҳот дар ин байти Ҳофиз шудааст, “он амали зеҳнии шоир аст, ки бо ин  “низоми нав”  форме (қолабе) ба вуҷуд овардааст, ки дар он ин ҳунарсозаҳо аз нав  фаъол  ва хонандаро маҷзуб  месозад. Аз нигоҳи суратгароён “кори нависандаву шоир  ин аст, ки ҳунарсозаҳоро фаъол  кунад”.

            Бад-ин робита назарияи “адабият”-и суратгароёнро ба таври мӯъҷаз ба хонандаи форсизабон  чунин ироа  медорад: “Дар даруни ҳамин назарияи “адабият” ва фаъол кардани  ҳунарсозаҳост, ки такомули осори адабӣ дар бистари бекаронаи  таърихи адабиёти милали мухталиф шакл мегирад ва тамоми “мутиф”-ҳои  нотавон ва ҳама ҳунарсозаҳои берамақу  аз кор уфтода фаъол  мешаванд ва бо чеҳраи дигаре худро ошкор  мекунанд”.

            Устод Кадканӣ зимни ташреҳи андешаҳои суратгароёни рус дар боби тамсил ба тавзеҳ пардохта ёдрас мешавад, ки ҳар “вожа” сиккаест, ки ду рӯй дорад” Инсонҳо дар гуфтугӯи рӯзмарра танҳо бо як рӯи он сару кор доранд, ки маъное ё паёмеро ба мо мерасонад, аммо  рӯйи дигари сикка, ки ваҷҳи ҷамолшиносии (эстетикии-О.Х) ӯст,  ғолибан, аз мо нуҳуфта аст! “Ва танҳо шоир аст, ки бо халлоқияти хеш он рӯйи дигари  сиккаро ба мо бармало месозад, то масҳури он гардем. Хулоса мекунад, шеъри ноб он аст, ки  мо  қабл аз он  ки  “фаҳмида”  шавад, масҳури зебоӣ ва ваҷҳи  ҷамолшиносии он мешавем”.

            Дар тайиди андешаҳои суратгароёни рус  ёдовар мешавад, ки гоҳо мо  “соатҳо масҳури як байти Саъдӣ ё Ҳофиз, ё Мавлавӣ, ё Фирдавсӣ мешавем ва онро бо худ замзама мекунем ва ҳаргиз ба маънии он  коре  надорем. Ҳамон ҳолати растохези калимаҳост, ки моро маҷзуби худ мекунад ва... ҳаргиз рӯйи паёмрасинӣ ва ҷониби маъноии ҷумдаро ба ёд намеоварем.

            Дар мавриди мақулаи форма ё ба тоҷикӣ “шакл” ё  “сурат”  устод Кадканӣ пеш аз он ки вориди ташреҳи орои  суратгароёни рус шавад, як сайри кӯтоҳе перомуни ин мақула дар илми фалсафа, забоншиносиву мантиқ менамояд. Аз ҷумла, тазаккур медиҳад, ки масъалаи “форма” ба чашмандозҳои гуногун ва дар тақобулҳои мухталиф мавриди таваҷҷӯҳи фалсафа будааст. Аз ҷумла  истилоҳи “ҷавҳар” (субстансия) ва сурат (форма), модда (материя) ва сурат ҳамеша мавриди баҳси соҳибназарон будааст.

            Бад-ин робита устод Кадканӣ ёдовар мешавад, ки дар тамаддуну  фарҳанги Эрони асри исломӣ тақобуле миёни ҷавҳар ва араз ё моддаву сурат, ё айн ва араз, ё ҳаюлову сурат мавҷуд аст, ки як навъ давоми ҳамин гуна муқобилгузорӣ буда бо чашмандозҳои гуногун худро  таборуз медиҳад.

            Сипас ин баҳсро  аз диди суратгароёни рус ба доираи тасрифу тавҷеҳ кашида, чунин ибрози назар мекард, ки мо дар мактаби формализми русӣ “бо як тақобули дигаре  рӯ ба рӯ  мешавем, ки меҳвари тамоми мабоҳиси  эшон аст”. Ин тақобул ба таври куллӣ аз тақобулҳои пешин тафовут дорад, зеро ин тақобул миёни модда\ҳунарсози ё таъбири русӣ миёни материал\приём аст. Аз ин рӯ, таъкид медорад, ки “мо пеш аз ин моддаро дар баробари сурат ва рӯҳ, маънӣ ва ҳаюло медидем”, аммо дар ин ҷо “модда” рӯёрӯйи “абзор” ё “ҳунарсоза” қарор мегирад. Ва зимни ташреҳи назарияи суратгароёни рус дар мавриди тақобули модда\ҳунарсоза, барои хонандагони эронӣ ин масъаларо ба тариқи зайл ташреҳ мекунад: “Мо дар як шеър бо “модда”-и забони рӯзмарра сару кор дорем ва аз тариқи ҳунарсозаи вазн, қофия, радиф, тасвир, мусиқии калимот ва ғайра “шеър” ба вуҷуд меоварем.

            Баҳси меҳварие, ки суратгароёни рус  онро қабул надоранд, ин  тақобули деринаи  “сурат” ва “мӯҳтаво” ё “шакл” ва “мазмун” аст. Онро  амрест бемаънӣ ва ғалат  ҳисоб  мекунанд. Аз назари эшон муҳтаво ҳамон чизест, ки аз тариқи сурат ба вуҷуд меояд.

            Устод Кадканӣ ин назарияи суратгароёни русро бо баҳси “лафз”- “маъно”-и дар суннати адабиёти гузаштаамон ривоҷ  дошта, ки “ тарафдорони лафз дар муқобили маъно ё тарафдорони маъно дар  муқобили лафз” гуфтаанд, ба муқоиса гирифтааст.

            Ин баҳси қудаморо устод Кадканӣ, аз дидгоҳи Ҳофиз, ки дар байте фармудааст: “Чун ҷамъ шуд маонӣ, гӯйи баён тавон зад” оғоз карда, чунин ибрози назар  намудааст:

            “Яъне дар чашмандози ӯ (Ҳофиз-О.Х), дастикам   дар ҳамин байт, аввал бояд чизе ба номи  “маъно” дар зеҳни шоир  шакл бигирад ва баъд, вақте шоир он маъноро  дар шеъри хеш адо кард, он гоҳ масъалаи баён зоҳир мешавад. Аммо иддае  буданд дар қадим ва ҳастанд дар ҳамин асри мо, ки хулосаи ҳарфашон акси назарияи Ҳофиз аст ва онҳо ақида доранд, ки “вақте  баён аён шуд, ҳозир шавад маонӣ”.

            Сипас устод Кадканӣ иброз медорад, ки адибони классики мо бештар тарафдори назарияи аввалӣ, яъне ҳамон  чизе ки Ҳофиз бад-он ишора  кардааст, буданд. Аммо дар он давра онҳое, ки асолатро бо алфоз медодаанд ва “маонӣ”-ро матруҳе дар тариқ  медидаанд, ба ҳамин нигоҳ расида будаанд”.

            Устод Кадканӣ  ёдрас мешавад, ки суратгароёни русӣ бар ин ақидаанд, ки маъно ҳамон сурат аст ва сурат ҳамон маъно. Ва тамоми баҳси суратгароён бар сари фурми ҳунарист. Зеро дар ҳавзаи забон ҳеҷ чизе нест, ки аз дидгоҳи забоншиносӣ фурм надошта бошад, вале вақте ин шаклҳои забонӣ дар хидмати халлоқияти шоир қарор мегирад, фурми ҳунарӣ касб мекунанд. Барои дарки ин андеша устод Кадканӣ нахуст ду байти Ҳофиз бо корбурди халлоқони вожаи “оҳ” ва мисрае аз  Манучеҳрӣ “Хезеду хазоред, ки ҳангоми хазон аст”-ро мавриди таҷзияву таҳлили сохторӣ ё ба қавле формалистӣ қарор дода, сипас ҳамчун намнуаи беҳтарин ва боризтарин масъалаи фурми ҳунарӣ дар адабиёти классикимон ба достони “ Рустаму  Исфандиёр”-и Фирдавсӣ мепардозад.

            Муаллиф дар он назар аст, ки дар “Рустаму Исфандиёр”-и Фирдавсӣ “тамоми моягониҳои ҳаммосӣ ва ривоятгарӣ даст ба дасти ҳам додаанд, то як фурми калон ва як  пайранги (сужаи-О.Х) густардаро  сомон диҳанд”. Аз ин рӯ, муҳаққиқ чунин андешаороӣ мекунад: “Тақобули бунёдии ин шоҳкори ҳунарӣ реша дар таорузи “нав”  (Исфандиёр ва оини Зардушт) ва куҳан” (Рустам  ва оинҳои дерини  сигзиён) дорад. Ҳар порчае аз он фурми калони ҳунарӣ қобили таҷзия ба фурмҳои кӯчаку кӯчактар аст”.

            Барои исботи ин андешаи хеш дар абъоди назарияи суратгароёни русӣ, устод Кадканӣ, хело муҳаққиқона ва бо як маҳорати бузурги хеш ин ду байти зерро таҷзияву таҳлил кардааст, ки то  ба имрӯз аз ин дидгоҳ  он таҳлили адабиётшиносӣ нашудааст:

            Бибинем, то асби Исфандиёр,

            Сӯйи охур ояд ҳаме  бесавор.

            Ва ё бораи Рустами ҷангҷӯй,

            Ба айвон ниҳад бе худованд рӯй.

            Баъд аз таҷзияи сохтароии ин порча шеър чунин натиҷагирии муҳаққиқона мекунад:

            “Бибинед, он чизе, ки Абдулқоҳири Ҷурҷонӣ онро таваххӣ [=ҷустуҷӯ] мехонд ва банда онро  ҳамеша  “қудрати эҳзори калимот” тарҷума кардаам, чӣ мекунад: Исфандиёр ҳеҷ гуна сифате надорад, фоқиди васф ё эпитет аст, вале овардани сифати  “ҷангҷӯй” барои Рустам, бо ҳама содагии калима, қудрати балоғии аҷиберо дар худ нуҳуфтааст...аҳли балоғат... калимаи “ҷангҷӯй”-ро ба унвони як “васф” epithet мебинанд ва таъсири равонии онро дар мухотаб ба гунае  нохудогоҳ эҳсос мекунанд.. ва ба таъбири   суратгароёни рус чӣ гуна мояи ангезиш ё ангехтагии (мотиватсия)-и тамоми аҷзои  ин ду байт мешавад ва тамоми моягониҳои достонию трагедиро  ба ҳаракат дар меоварад”.

            Бо овардани чанд намунаи дигар ва тавзеҳу  таҷзияи онҳо аз дидгоҳи суратгарони русӣ, доктор Кадканӣ чунин  натиҷагирӣ  мекунад; “...ҳақ ба суратгароёни рус аст, ки фурмро ҳосили ҳамкории мутақобилаи  аҷзои як матн медонанд ва ин назарияи эшонро шумо  дар тамоми осори ҳунарию адабии ҷаҳон  метавонад  мавриди  озмоиш  қарор диҳед”.

            Гузашта аз ин, устод Кадканӣ муоидили “фурм”-и суратгарони русиро  дар адабу фарҳанги эронӣ ҷустуҷӯ намуда, бо табаҳуре, ки аз адабу фарҳанги арабӣ ва форсӣ дорад, онро чунин  тавзеҳ додааст: “фурм” дар чашмандорзи суратгароёни русӣ  чизест муодили “инсиҷом” дар зеҳну замири  ҳунармандони эронии асри исломӣ ва муаллифони кутуби балоғат ва низ гузинишгарони шоҳкорҳои бемонанди адабиёти қадим”.

            Мақулаи ошноизудоиро зимни ташреҳи назарияи  суратгароёни рус, устод Кадканӣ  ба таври мӯъҷаз чунин таъриф кардааст: “ошноизудоӣ дар назари суратгароёни рус ҳар навъ навоварӣ дар қаламравии сохту  суратҳост ва ҳар падидаи кӯҳнаеро  дар сурати наве даровардан; яъне  “ҳунарсоза”-ро  аз нав зиндаву фаъол кардан. Масалан, як ташбеҳро, ки  ба иллати такрор  дастмолӣ шуда ва наметавонад фаъол бошад,  аз тариқе  фаъол  кардан” аст.

            Барои ба хонанда рӯшан  шудани мақулаи “ошноизудоӣ” устод Кадканӣ, аз адабиёти форсӣ мисоли содае меорад. Ӯ нишон  медиҳад, ки ташбеҳҳои  “чеҳраи маъшуқ чун офтоб” ва “ ҷоми шароб монанди хуршед”, хело забонзада  ва ҳунарсозаҳои  аз кор афтодаанд ва ҳеҷ таъсире  ба хонанда намекунаду “паёме”-ро  намерасонад, аммо дар шеъри як шоири начандон машҳури давраи Сафавӣ ё Қоҷор  чунин ошноизудоӣ  шудааст.

            Офтоб аз сари майхона магзар, к-ин ҳарифон,

            Ё бибӯсандат, ки ёрӣ ё бинӯшандат, ки ҷомӣ.

            Сипас таъкид медорад, ки шоир ҳамон ҳунарсозаи дастмолшудаву  мубтазилро сурате тоза бахшида ва аз он ошноизудоӣ кардаву ба он зиндагӣ бахшидааст”. Ин амали ошноизудоист, зеро ба таъбири  суратгароёни рус, ҳунарсозаеро, ки дигар корию  ҳаёт надоштааст бо навоварии худ  “зиндаву фаъол кардааст”.

            Аз ин манзар ба қавли устод Кадканӣ  “саросари девони Ҳофиз мазҳари ошноизудоист”.

            Дар зимн устод Кадканӣ ба андешаи  В. Шкловский, ки миёни ошноизудоӣ ва фурм  як навъе вобастагии ҳамдигариро таъйид  медорад, ба баҳс пардохта, ва ин нуктаро  гумроҳкунанда меҳисобад ва қотеан изҳор медорад: “На ҳар фурме фурми ҳунарист ва на ҳар ошноизудоӣ халлоқиятӣ ҳунарист”.

            Муҳаққиқ  муоидили “ошноизудоӣ”-ро  дар шоирони сабки ҳиндӣ низ ҷустуҷӯ  карда ба натиҷае расидааст, ки шоирони пайрави ин сабк, фаъол кардани ҳунарсозаҳоро “маънии бегона” мехондаанд ва дар ҷавҳари андешаи  эшон ҳам чизе аз навъи ошноизудоӣ вуҷуд  доштааст, ки ба сурати “маънии бегона” худро нишон медодааст.

            Аз ин рӯ,  ба хулоса омадааст, ки  “тамоми  навовариҳои дар  ҳавзаи адабиёт ва ҳунар, ҷуз  дар мавориде бисёр истисноӣ ва нодир, аз мақулаи ошноизудост”.

            Дар боби мақулаи  “Ваҷҳи ғолиб ва ангезиш” муодили русии он  “Доминант и мотиватсия” , устод Кадканӣ бо зикри назарияи суратгароёни рус зимни андеша перомуни масъалаи такомули адабиёт ва дар дохили он рушду такомули як жанро чунин  тавзеҳ медиҳад, ки бо далелҳои таърихию иҷтимоӣ унсури фаромӯшшуда ногаҳон вориди саҳна мешавад ва “табдил  ба ваҷҳи ғолиб  мегардад”. Маҳз ин унсури ҷадид ба ҳайси ваҷҳи ғолиб муддатҳо дар саҳна  боқӣ  монда аносури  дигарро низ фаъол  кунад. Барои шарҳи ин назарияи суратгароёни  рус, муҳаққиқ ба адабиёти  классикиамон  муроҷиат  мекунад ва  изҳор медорад, ки  ин фаъолшавии аносирро дар партави зуҳури  як ваҷҳи ғолиб агар хоҳем дар адабиёти  худамон пайдо кунем он зуҳури  муҷаддади аносири  маздоӣ дар даруни адабиёти ирфонии мост.

            Ёдрас мешавад, ки: “Вақте парадигмаҳои муғу муғбача  ва зуннору дайри муғон, ки бо зуҳури ислом аз саҳна хориҷ шуда буд ё ба каноре  ронда шуда буд, дубора зинда мешавад ва вориди шеъри зуҳду ирфони қарни  панҷум мешавад, ногаҳон ҳама темҳову (мавзӯъҳову – О.Х) мутифҳои рокиду  барканормондаро низ фаъол мекунад ва ин кор дар шеъри Саноӣ марҳалаи дурахшону чашмгири худро нишон медиҳад”.

            Ва ин ваҷҳи ғолиб, яъне аносири шеъри муғонаи форсӣ... то қарнҳо (шояд то зуҳури сабки ҳиндӣ ва зуҳури ваҷҳи  ғолиби дигар) ин зуҳур ҳамчунон барҷост ва дар шеъри Ҳофиз авҷи худро  нишон медиҳад.

            Бозхонии ҳамаи масоили матраҳи ин китоби арзишманд аз маҷоли як мақола  хориҷ аст ва ба таври хулоса ҳаминро метавон ёдрас  шуд, ки  боқӣ масоил ва мақулоти аз тарафи  суратгароёни русӣ  мавриди ғавру баҳс  қарор додаро устод Кадканӣ барои хонандаи форсизабон хело чирадастона бо овардани шавоҳид аз адабиёти форсии тоҷикӣ ва тавре, ки мулоҳиза шуд дар муқоиса бо марҳалаҳои рушди адабиёти кишвар тафсиру ташреҳ кардааст. Банда бар ин ақида аст, ки ин китоб барои адабиётшиносони ҷавони мо як роҳнамо ва манбаи назариявии хубест, дар ғавру баррасии комплексии осори адабӣ.

            Ба иртиботи ин мавзӯъ ёдовар мешавем, ки дар тҳақиқи адабиёту фолклори тоҷик истифодаи ин равиши таҳлили сохтории мактаби формализми русӣ дар солҳои 60-70-уми қарни гузашта кӯшишҳое сурат гирифта буд. Аз ҷумла, яке аз фолклоршиносҳои  маъруфи  тоҷик, доктори илми филология, шодравон Бозор Тилавов дар таҳқиқи арзишмандашон “Поэтикаи зарбулмасалҳо ва мақолҳои тоҷикӣ” (ба забони русӣ,соли 1967) ва дар таҳқиқи бунёдии мусташриқи доғистонии шӯравӣ доктори илми филология, профессор  шодравон Муҳаммаднур Усмонов зери унвони “Сабки шеъри форсии тоҷикӣ (асрҳои IX-X)” М, 1974 (ба забони русӣ) ба чоп расидааст, аз  шигирдҳои суратгароёни русӣ ҳатталимкон истифода шудааст. Шодравон Бозор Тилавов  аз шогирдони бевоситаи  яке аз узви фаъоли ин наҳлаи  илмӣ В.Пропп буда, рисолаи илмии худро  соли 1962 дар ш.Ленинград (ҳоло Санк-Петербург) дифоъ  карда ва аз маҳзари ин донишмандони арсаи ҷаҳонӣ мустафиз  шудаанд.

            Мутаасифона, ин ҳар ду асари бо шеваи дар он замон  нави таҳқиқ дар доираҳои илмии ховаршиносӣ, ба вижа дар Тоҷикистон тарафдороне пайдо накард.

            Нуктаи дигаре, ки мехостам рӯи он  таваққуфи иҷмолӣ намоям, хидмати арзандаи Шодимуҳаммад Сӯфизода дар амри баргардон, тавзеҳу ташреҳи баъзе нукоти барои хонандаи  тоҷик торик, ироаи пешгуфтори муҳаққиқона ва замимаи  китобшиносии муфассали осори формалистони русӣ ва таҳқиқот  перомуни оро, андеша  ва таъсири ин наҳлаи илмӣ дар ташаккули дигар наҳлаҳои илмӣ-адабии қарни ХХ ва ХХI Ғарб, ки бо забонҳои русӣ ва англисӣ муштамил аз 692 номгӯй, қобили ситоиш аст. Матни китоб ба алифбои имрӯзи тоҷикӣ бо амонатдории дақиқ баргардон шудааст, ки  хушбахтона чунин  баргардониҳо                                                                                                                                                                                                                                                                                                                             имрӯзҳо хело ба нудрат аст. Пешгуфтор ва китобшиносии замимашуда, баёнгари дарки  амиқи ин донишманди хоксору фурӯтан аз мактабҳои модерни ҷаҳонист, ки пажӯҳишҳои  илмиаш  тасдиқи ин гуфтаҳост.

            Воқеан,  нашри “Растохези калимот”бо алифбои тоҷикӣ барои насли ҷавони адабпажӯҳони тоҷик  армуғони хубест.

             

 

     Ҳар як миллати мутамаддин ва пурқудратро дар арсаи  ҷаҳонӣ дар баробари таъриху тамаддун, анъанаву урфу одат, мероси бою гаронба- ҳо, забону фарҳанг, инчунин бо фарзандони фарзонаи миллаташ мешиносанд ва  қадр мекунанд.

      Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати  ҷомеаи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз фарзандони фарзонаи миллат мебошад, ки гузаштагони худ-аз Куруши Кабир то Исмоили Сомониро бо анъанаҳои давлатдории  ҷаҳони муосир тавъам сохта, як давлати поядори демокративу дунявӣ бунёд намуд, ки дар Конститутсияи он  ҳуқуқҳои инсон дар  ҷойи аввал гузошта шудааст.

      Иҷлосияи Шурои олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, вақте ки Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро  қабул намуд, ин марҳилаи наву тозае дар  ҳаёти миллати тоҷик буд. Зеро Иҷлосияи Шурои Олӣ  Ҳукумати нави  қонуниро ба миён овард, ки ин марҳилаи муҳим барои бартараф кардани бисёр аз мушкилиҳои давлату  ҳукумат гардид. Падидаҳои ин Иҷлосияи тақдирсоз дар  қабул намудани 74 санади  ҳуқу қӣ, ки тамоми гӯшаҳои сарду торики зиндагии мо тоҷиконро гарму мунаввар сохта, ба миллати тоҷик инсонвор зиндагӣ карданро омӯхт, падидор гардид. Яке аз муваффақиятҳои калони Иҷлосияи XVI ин шинохти  ҳукумати нави конститутсионии Тоҷикистон аз  ҷониби  ҷомеаи  ҷаҳонӣ мебошад. Аҳамияти таърихии Иҷлосия дар он буд, ки нахустин маротиба бо риояи меъёри  ҳуқуқи байналмилалӣ Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихал- қӣ  қабул гардида, барои расидан ба сулҳ ва ризояти миллӣ замина гузошт.

         Ҳамин тавр бо шарофати Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагии нави мардуми тоҷик оғоз гардид, ки бо боварӣ метавон ин давраро давраи бунёдкории мардуми Тоҷикистон номид ва дар ин давра сатҳи худшиносӣ ва ифтихори миллии мардуми тоҷик аз будаш  ҳам зиёдтар боло рафт. Миллати тиҷик  ҳамчун  қисми  ҷудонашавандаи  ҷомеаи  ҷаҳонӣ роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ,  ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро мақому мароми худ  қарор дод.

      Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар То ҷикистон мақому манзалати муҳим дорад. Бо гузашти сол- ҳо, хоса бо назардошти  ҳаводиси  ҷаҳони муосир, моҳияти ин рӯйдоди таърихӣ барои мардуми тоҷик тамоюли афзоишро касб намуда,  ҷойго- ҳи онро бамаротиб боло бурдааст.

       Дастовардҳои  қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиши кишвари азизи мо дар ин давра зиёданд.

        Хушбахтона,  ҳоло дар кишвари мо сулҳу ваҳдат устувору побар ҷоянд, вале ин ба  ҳеҷ ваҷҳ маънои онро надорад, ки фориғбол бошему бетафовут.  Ҳарчанд ба ёд овардани он айём хушоянд нест, аз лавҳи хотир зудудани он низ  қобили  қабул буда наметавонад.

       Бузургони мо беҳуда нагуфтаанд: «Шахсе, ки гузаштаи миллаташро ба хотир намеорад,  ҳеҷ гоҳ ба ояндаи миллаташ баҳои арзанда нахоҳад дод».

     Як  ҷанги бемаънии кӯтоҳмуддате, ки дар кишвари мо рух дод, тадриҷан зеҳни мардумро аз  ҳама чиз дур кард ва  ҳар кас дар ни ҳонхонаи хаёлии худ бо маъшуқи хаёлӣ шиква меварзид.

      Сарвари давлатамон Эмомалӣ   Раҳмон ин бадбахтиҳои фоҷеафар ҷомро дарк карданд ва дафъатан аз пайи ислоҳаш шуданд. Сарвари давлат бо боварӣ  қайд карда буданд, ки «Гарчанде душманони миллати тоҷик хазинаҳои давлатро ба яғмо бурданд, ман руҳафтода намешавам. То ки миллати сарбаланди тоҷик тавонист, мероси бою аҷдодияшро,     ақли солими ӯст,  ҳифз кунад, боз ӯ метавонад, ки бо донишу хираде, ки аз гузаштагони миллаташ ба мерос гирифтааст, давлату давлатдорӣ, фар ҳанги миллӣ ва тамоми анъанаю урфу одати милаташро ба даст оварда, хазинаҳои давлаташро аз нав пур гардонад».

       Шахсе, ки гузаштаи миллаташро ба ёд намеорад,  ҳеҷ гоҳ ба ояндаи миллаташ баҳои арзанда дода наметавонад. Мо набояд  ҳаводиси пурфо ҷиаи замони  ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро, ки  ҳаёти осоиштаи халқи моро ба фоҷиаи миллӣ табдил дода буд, фаромӯш созем. Насли нисбатан солор, хоса онҳое, ки шоҳиди даргириҳои фоҷиаовари шаҳрвандӣ маҳ- суб мешаванд, бояд ба насли наврас мунтазам  ҳушдор диҳанд, ки ин Ваҳдату Истиқлолияти кишвар, ки марҳиллаҳои аввалаш оштӣ, ба макон баргардонидани гурезаҳо, оромию осоиштагӣ ва ободию тараққиёти кишвар буд, ба осонӣ ба даст наомадааст.

       Ҷанги бемаънии шаҳрвандие, ки дар кишвари мо рух дод, зеҳни мардумро аз  ҳама чиз дурр сохт ва бо сабаби аз кор мондани баъзе адабистонҳо ба як зуддии даҳшатовар як зумра фарзандони нохалафи модари тоҷик арзи  ҳастӣ намуда,  ҷомеаро мисли алафи зарпечак фаро гирифта буданд, ки имрӯз  ҳам дар  ҷомеа   ҷо-ҷо ин гуна  алафҳои зарпечак ба назар мерасанд.

         Ба ёд овардани он рӯзҳо моҳиятан рисолати  ҳушдордиҳиро низ касб карда, моро ба зирактар будан аз лиҳози сиёсӣ даъват менамояд, ки ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро доимо  ҳифз ва чун гавҳараки чашм нигоҳ бидорем.

       Насли навраси мо, ки таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба онҳо бениҳоят зиёд аст, бояд дарк созанд, ки тундравию худхоҳӣ, мансабталошӣ,  ҷангу хунрезӣ, бо зӯри силоҳ ғасб кардани  ҳокимият ва сарфи назар намудани санадҳои меъёрии  ҳуқуқии дар Конститутсия нишондода бадбахтиҳои фоҷеафарҷомро  ба бор меоранд.

        Бамаврид аст ёдовар шавам, ки он вақт - замони баргузории Иҷлосияи таърихии сарнавиштсози шонздаҳуми Шурои Олӣ вакилони дорои таҷрибаи зиёди корӣ буданд, вале аксар аз масъулияти ба дӯш гирифтани вазифаи роҳбарии давлату  Ҳукумат дар  ҳарос буданд. Бояд ифтихор кард, ки бо азми паҳлавонӣ ва нияти нек фарзанди фарзонаи модари тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин рисолати таърихиро ба зимма гирифтанд, ки ин шахс аз рӯзи ба курсии роҳбарӣ нишастанашон аввалан масъалаеро, ки дар назди вакилони Шурои Олӣ гузоштанд, ин барқарор кардани  ҳокимияти давлатӣ буд. Дар ин замина муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Конститутсияро тадриҷан таҳия карданд, ки ин санади муҳими давлатдориро вобаста ба иродаи халқ  қабул созем ва худи халқ бояд сохти  давлатдориашро бевосита худ муайян намояд.

       Ҳар як фарзанди баору номуси миллат фаромӯш накунанд, вақте ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон эълон шуд, кишвари мо муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатдорӣ надошт, чунки дар вақти таъсисёбии  ҳукумат  ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар зад. Рукнҳои давлатдорӣ фалаҷ гардида, хазинаҳои давлат ба яғмо бурда шуда буданд. Бояд ногуфта намонад, ки халқи мутамаддини тоҷик ақли азалие, ки аз аҷдодони гузаштааш ба мерос гирифта буд, дар мади аввал гузошта, бо роҳбарии фарзанди фарзонаи миллаташ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлату давлатдориро сохтанд.

       Имруз бо боварӣ ва як  ҷаҳон ифтихормандӣ  қайд намуд, ки моҳияти Ваҳдати миллӣ он  қадар фузун шудааст, ки баён кардани он ғайриимкон аст. Дар замоне, ки миллати тоҷик ба рӯзи дигар итминон надошт, ин рӯйдоди нодири таърихӣ ба онҳо эътимод бахшид, гӯшаҳои сарду торики мардумро мунавар сохта ба мардуми тоҷик инсонвор зиндагӣ карданро омӯхт, ки ин миллати мутамаддин метавонад дар эъмори давлати пешрафта комёб гардад.

       Хулоса, мо бояд бештар аз пештара ба  қадри заҳмату хизматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем, дар атрофи андешаву ғояҳои ин абармарди миллат муттаҳидтар гардем ва исбот намоем, ки меросбари воқеии таъриху фарҳанги миллати тоҷик буда, нисбат ба фардои фарзандон бетараф нестем. Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон таъкид кардаанд: «Дастоварди бузурги таърихӣ - ваҳдати миллиро гиромӣ доред, онро эҳтирому эҳтиёт кунед, ояндабину дурандеш бошед, парчами ваҳдатро баланд бардоред, ба Ватани маҳбубамон содиқу вафодор бошед ва  ҳар порчаи сарзамини аҷдодиро чун  ҷони худ азизу чун модар дӯст доред».

 

ТОҶИКИСТОН

Лаҳзае, ки Тоҷикистон,

Пораву садпора буд.

Лаҳзае, ки Тоҷик аз домони ӯ овора буд,
Лаҳзае, ки тахти тоҷик бесару сарвар шуда,

Лаҳзае, ки доманаш аз хуни тоҷик тар шуда.

Лаҳзае, ки Точикистон сӯхтаву пурдуд шуд,

Лаҳзае, ки сарвару саркардаҳош нобуд шуд.

Ин макони пораву бишкастаро,

Ҳеҷ фарзанде набуди мутако.

Сарварам,эй марди донову далер,

Сӯи тахт гашти равон монанди шер.

Дар нигоҳат нури имон доштӣ,

Донаи умед ба дилҳо коштӣ.

Аз дурахши нури имонат чунон,

Гашт равшан роҳи тори тоҷикон.

Олам аз гуфтори ту дар ҳайрат аст,

Ҳар сухан, ҳар гуфтаи ту ҳикмат аст.

Бо ту ин вайронаҳо обод шуд,

Бо ту дунёи дигар бунёд шуд.

Ҳар гиёҳу ҳар гули ин сарзамин,

Ҳар нигоҳи тифлакони нозанин.

Ҳар садои хандаи пиру ҷавон,

Сӯи ту дар саҷда бошад ноаён.

Тоҷикистон бо ту монад то абад,

Ай ҷавонмарди шуҷоу бо хирад.

 

 

ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

                              Аз нигоҳат нури Яздонӣ аён шуд,

Аз  қудумат Тоҷикистон гулфишон шуд,

Кишвари садпора аз нав  қомат афрохт,

Тоҷик аз нав тоҷдору  ҷовидон шуд.

То туро орад худовандат ба дунё,

Ҳарчӣ буд дар  қалби ӯ аз некиҳо.

Он  ҳама дар синаи ту  ҷо намуд,

Пас фуруд овард туро аз ба ҳри мо.

Омади аз нури Яздон дар дилат,

Нурборон карда  ҷову манзилат.

Ҳар макону  ҳар ниҳоли нозанин,

Ҳар ниҳоли киштаи ин сарзамин.

Саҷда меорад ба номи неки ту,

Ҳар  қудумат шуд муборак бар замин.

Меҳри тоҷикро сипар хоҳам туро,

Ҳурмати аҳли башар хоҳам туро.

Душманонат зери поят сарнагун,

Тоҷи Сомонӣ ба сар хо ҳам туро.

Аз нишони тир бошӣ дар амон,

Бо дуои пир монӣ  ҷовидон.

Нур бирезад бар макону манзилат,

Нури дил рехти ба  ҳар як хонадон.

 

 

Ходими пешбари илмии

Маркази мероси хаттии

 назди Раёсати АМИТ

 Мавҷуда Хуҷова

 

 

 

 

 

 

  Куфру динро бибар аз ёд, ки ин фитнагарон,

    Дар бадомӯзии мо маслиҳатандеши ҳаманд.

 

        Ҷамолиддин Муҳаммад ибни Зайниддин ибни Ҷалолиддини Чодарбоф, ки бо тахаллуси Урфӣ машҳур аст, соли 1556 дар Шероз чашм ба дунё кушодааст. Шоир дар ҳамон зодгоҳаш таълиму тарбия гирифта, аз хурдӣ ба шеъргӯӣ оғоз кардааст. Дар ин айём бозори шеъру шоирӣ ривоҷу равнақи зиёд дошт.

       Дар он замон Ҳинд сарзамини орзуву ормонҳо, ҷои ривоҷу равнақи шоирӣ, қадрдонӣ аз аҳли илму адаб маҳсуб мешуд. Бинобар ин, аҳли илму адаб ва дигар табақоти мардуми Эрону Мовароуннаҳру Хуросон рӯ ба он ҷо меоварданд, то як зиндагонии осудаҳолонаву оромона дошта бошанд, ҳунарашонро намоиш бидиҳанд ва қадрдонӣ биёбанд. Урфӣ, ки истеъдоди воло ва қобилияти ғайриодӣ дошт, рӯ ба ин диёр овард ва дар қатори шоирони маъруфи дарбори Акбар даромад. Хусусан, мавриди таваҷҷуҳи Файзӣ, Абулфатҳи Гелонӣ ва Хонихонон қарор гирифт. Ин гуна шароити гуворои эҷодӣ имкон дод, ки ӯ дар андак муддат ному овоза барорад. Ба қавли Шиблии Нуъмонӣ, «дар асари рақобату ҳамчашмӣ бо шоирони бузург, мисли Назирии Нишопурӣ, Шикебии Исфаҳонӣ, Анисӣ, Зуҳурӣ, ки дар дастгоҳи Хонихонон буданд, каломи Урфӣ рӯзона тараққӣ мекардааст ва ҳатто дар тақаррубу манзалат ҳам сафи руқабову ҳарифҳои худро шикофта, ҷилавтар рафт, то ҳадде ки дар борёбиҳо ва дарки ҳузур рӯйи сунану тариқаи ом, кӯрнишу одоб ба ҷо намеовард ва дигар ҳар ҷову ба ҳар наҳве ки мехост, менишаст».

      Урфӣ ҳамагӣ 36 сол умр мебинад, ба қавли Волаи Доғистонӣ, «ҳосидон ӯро заҳр доданд». Осори Урфии Шерозӣ аз қасида, ғазал, рубоӣ ва қитъа иборат мебошад. Бадбахтона, девони аввали ӯ, ки аз шаш ҳазор шеър иборат будааст, гум мешавад.

        Ӯ пеш аз марг девонашро, ки рӯнавис карда буд, ба китобхонаи Хонихонон равон мекунад. Хонихонон Сироҷро муваззаф менамояд, ки девонро мураттаб созад. Ӯ дар давоми як сол ин корро ба анҷом мерасонад ва соҳиби туҳфаҳои фаровон мегардад.

       Урфӣ шоири инсондӯст буда, дар ин мавзуъ ашъори зиёд сурудааст. Шоир мисли ниёконаш оламро на ба зӯри шамшеру хунрезӣ, балки бо меҳрубонию илму фарҳангу тамаддуни волои хеш тасхир кардааст:

 

Захмҳо бардоштему фатҳҳо кардем, лек

Ҳаргиз аз хуни касе рангин нашуд майдони мо.

 

      Бояд гуфт, ки мавзуи дӯстии халқҳо ва миллатҳо, ҳамзистии динҳо, хусусан дӯстии мусулмонону ҳиндуҳо, аз мавзуъҳои калидӣ дар осори Урфӣ маҳсуб мешавад. Қасидае нест, ғазале нест, рубоие нест, қитъае нест, ки дар он Урфӣ ин мавзуъро дар миён нагузошта бошад. Ин масъала дар давраҳои гузашта ва имрӯз барои халқҳои Ҳиндустон яке аз масъалаҳои рӯзмарра ҳисоб меёбад. Урфии Шерозӣ мегӯяд:

 

Баски дар комам асар кардааст завқи иттифоқ,

Боварам н-ояд, ки зоҳид бо бараҳман душман аст.

 

Дӯстӣ бо душманам не баҳри меҳрангезиест,

Дӯстиро дӯст дорам в-арна «душман душман аст».

 

      Урфӣ яке аз тарафдорон ва тарғибгарони ғояи «Сулҳи кул» аст, ки дар замони Акбар дар Ҳинд роҳандозӣ шуд, самараи нек ба бор овард, то ҷое пеши роҳи ҷангу хунрезиҳоро гирифт ва ҳамкорию дӯстию ваҳдати мусулмонону ҳиндуҳоро муддате дар ин сарзамин таъмин намуд. Танҳо дар замони Аврангзеб, ки шоҳе мутаассиб буд, ин шеваи зиндагӣ, ин амал, ин амри хайр, ин таълимоти инсондӯстонаву пешқадамона вайрон гардид, рӯ ба таназзул ниҳод, боиси сар задани низоъҳо дар байни мусулмонону ҳиндуҳо гардид ва оқибатуламр бо ғалабаи англисҳо ба анҷом расид. Ба ҳар ҳол, ашъори Урфӣ дар ин мавзуъ, чи дар замони худ ва чи имрӯз муҳим мебошанд. Чунончи, ин байт, ки дар забони хосу ом ҷорист ва ҳамагон онро аз ёд медонанд:

 

Чунон бо неку бад хӯ кун, ки баъди мурданат Урфӣ,

Мусулмонат ба Замзам шӯяду ҳинду бисӯзонад.

 

      Урфӣ шоире ниҳоят ғаюру назарбаланд, фарде қонеъ буда, нисбат ба афсонаву хурофот назари интиқодӣ дошта, ба муфтхӯрӣ, судхӯрӣ нигоҳи нек надоштааст. Бинобар ин, ӯ онҳоеро, ки муфту ройгон, бидуни меҳнат мехоҳанд неъмат ба даст оранд, накӯҳиш менамояд...

       Урфӣ, ки иродаи қавӣ, виқори волои инсонӣ дорад, аз ин шод аст, ки гунҷишки дар дом афтодаро озод кардааст. Дигар, ӯ ба ҳадде аз ҳиммати баланди инсонӣ бархӯрдор аст, ки агар симурғ ҳам ба домаш меомад, онро ҳам озод мекард:

 

Кушоям дом бар гунҷишку шодам ёди он ҳиммат,

Ки гар симурғ меомад ба дом, озод мекардам.

 

        Бояд гуфт, ки шоир ҳамвора аз таассуби мусулмонон ҷигархун буд, зеро эшон аз лиҳози ахлоқӣ наметавонистанд дуруст рафтор кунанд. Бинобар ин, ба қавли ӯ, агар як мусулмон афзалияти худро аз назари ахлоқӣ нисбат ба як кофир нишон надиҳад, мусулмониаш маъние надорад. Аммо ӯ баръакси ин ҳолатро мушоҳида менамояд. Бинобар ин, мегӯяд:

 

Рафтам ба бут шикастану ҳангоми бозгашт,

Бо барҳаман гузоштам аз шарм дини хеш.

 

        Урфӣ дар замоне мезист, ки макру фиреб, ҳилаву тазвир ҷомеаро фаро гирифта буд ва имкони эътимод ба касе дар миён набуд. Ҳатто арбоби савмаа ё ибодатгоҳ низ найранг мекарданд. Бинобар ин, ба қавли ӯ дигар ба аҳли буткада низ бовар кардан имконнопазир буд:

 

Аз сидқи аҳли буткада ҳам эътимод рафт,

Азбаски аҳли савмаа тазвир мекунанд.

 

        Ниҳоят, адиби мушоҳидакор дар байни зоҳиду браҳман тафовуте намебинад, зеро ҳар ду як корро анҷом медиҳанд, аммо ба қавли ӯ, бо ин тафовут, ки якеро бут дар сар аст, дигареро дар остин:

 

Кофиртар аст зоҳид аз барҳаман, валекин

Ӯро бут аст дар сар, дар остин надорад.

 

         Урфӣ дар майдони ифшогарӣ то ҷое пеш меравад, ки куфру динро фитнагар мебинад, зеро онҳо ба башарият бадӣ меомӯзанд, дар замини зиндагӣ тухми низоъ мекоранд ва ташкили ҷангу хунрезӣ мекунанд. Бинобар ин, бояд ҳар дуро ба боди фаромӯшӣ супурд:

 

Куфру динро бибар аз ёд, ки ин фитнагарон

Дар бадомӯзии мо маслиҳатандеши ҳаманд.

 

         Урфӣ завқу ирфонро танҳо хос ва маҳдуд ба ислому куфр намедонад. Вай барои исботи ин қазия аз тамсил истифода мекунад ва парвонаву чароғро мисол меорад, зеро парвона дар байни чароғи ҳараму дайр тафовутро намебинад. Хулосаи шоир ин аст, ки ошиқ ҳам аз ислом зарар мебинад ва ҳам аз куфр, чун аҳли он як корро анҷом медиҳанд:

  Ошиқ ҳам аз ислом хароб аст, ҳам аз куфр,

  Парвона чароғи ҳараму дайр надонад.

 

          Урфӣ мисли дигар адибони замони худ (замони ҳукмронии Темуриёни Ҳинд) аз рақобату ҷангу ҷидолҳои динию мазҳабию қавмии ин сарзамин, аз ҳилаву найранг, фитнаву зулми ҳокимону руҳониёни мутаассиб, ки муҷиби нооромӣ дар саросари кишвар гардида буданд, ба сутуҳ меомад ва ҳамвора дар осораш изҳори ташвишу нигаронӣ менамуд. Аз ин рӯ, ба ҳаракат ва ҷунбишҳои мардумӣ, ки барои инкишофи озодфикрӣ мувофиқат мекарданд, як навъ ҳамовозӣ менамуд, зеро онҳо бо барномаи худ ба муқобили зулму бедодгарии ҷамъияти феодалӣ бархоста, дӯстию баробарию адолату инсофро талабгор мешуданд. Урфӣ, ки тарафдори барқарор кардани адолат дар ҷомеа буд, ба он ҳаракатҳо назари хайрхоҳона дошт. Хусусан, ба ислоҳоти Акбар таваҷҷуҳ зоҳир мекард ва ӯро дар осораш тарғиб менамуд:

Гарми зиёрати ҳарам гашта зи бехудӣ, вале

Ё санам, аст бар забон, Урфии бутпарастро.

***

Якранг шаву каъба даровар ба ҳаримат,

Ҳоҷат ба раҳи дуру дароз омаданат нест.

 

        Танқиди зоҳидон дар осори Урфӣ зиёд ба чашм мерасад. Ӯ ин мавзуъро чун дигар мавзуъҳо зираконаву риндона матраҳ месозад. Тавре ки дар ин рубоӣ мебинем, вай аз зоҳиди зишт алам мекунад, зеро монеи рафтани ӯ ба ҳарам мешавад:

 

Роҳам надиҳад сӯи ҳарам зоҳиди зишт,

Ронад зи куништ роҳиби нексиришт.

Гар лаззати хориям бидонанд, аз рашк

Ҳам он кашадам ба каъба, ҳам ин ба куништ.

 

        Вақте ки мо шеъри Урфиро мехонем, аз зулму ситами ҳокимон, ҳилаву найранги арбоби дину давлат, фақеҳон, шайху зоҳиду суфӣ огоҳ мешавем ва мебинем, ки шоир ҳамчун шахси масъул ба тасвири воқеияти замони хеш мепардозад, зеро вай наметавонад ин ҳамаро нодида бигирад, хомӯшӣ ихтиёр намояд. Бинобар ин, ӯ бо теғи тези забону баёнаш ба эшон ҳамла менамояд, сирру асрор, ҳилаву найранг, низоандозиву риёкории онҳоро фош мекунад ва бо қоидаву расму русуми сиёсиву иҷтимоиву диниву маслакии замонаш ба набард бармехезад. Ӯ дар ин росто бо оҳанги риндонаву озодандешона аз якрангии худ ба аҳли каъбаву куништ ба хонандагон хабар медиҳад, то аҳли адён даст аз фитнаҳои диниву мазҳабӣ кӯтоҳ намоянд ва дар муқобили ҳам қарор нагиранд, балки ба ҳам якрангу ҳамдостону ҳамдил шаванд, то аз шодиву нишоти умр бархурдор гарданд:

 

Урфӣ, ману дил на хуб донему на зишт,

Ҳам ходими каъбаему ҳам пири куништ.

Ҳамдӯши мусибатему ҳамзоди нишот,

Ҳамхобаи дӯзахему ҳамшаҳри биҳишт.

 

         Мусаллам аст, ки таассуб дар ҷомеаи башарӣ ҳамеша монеи пешравӣ, тараққиёт, оромишу осоиш аст. Дар ин росто зарари таассуби диниву мазҳабӣ хатарнок, зиёновартар аз соири таассубҳо аст, зеро мутаассибони диниву мазҳабиро мутақоид кардан, огоҳ сохтан аз рафтори нохубашон, иштибоҳашонро фаҳмондан, баҳс кардан корест сахт мушкил. Агарчи ҳазорон сол аст, ки аҳли хираду дониш бо эшон таассубашонро мефаҳмонанд, аз гумроҳ шуданашон сухан дар миён меоранд, аммо то ҳол онҳо феълу хӯи худро дигар накарда ва намекунанд, ислоҳ намешаванд. Ба ин маънӣ Урфӣ мегӯяд:

 

Урфӣ, чӣ хурӯше, ки фалон гумраҳ шуд,

Мулзам кунамаш, ки боядаш огаҳ шуд.

Чун мову ту бисёр таассубкешон,

Мулзам нашуданду гуфтугӯ кӯтаҳ шуд.

       Шикоятҳои Урфӣ аз аҳли дин аксар вақтҳо ҳамроҳ бо шикоят аз замон аст:

 

Ноқуси муҳаббат ба даранг овардам,

Хуш мазҳабу миллате ба чанг овардам,

Бо ин ҳама гумроҳ чӣ созам, чӣ кунам?

Ҳафтоду ду фирқаро ба танг овардам.

 

         Мутолиаи осори шоир нишон медиҳад, ки ӯ умре бо зарқу риё, ки ҷомеаи инсониро заҳролуд кардааст, мубориза мебарад. Хусусан, бо фиребу найранги аҳли дин сари созиш надошта, аз намозу тоати риёӣ гурезон буда ва ба он нафрат доштааст:

 

Ҳангоми намозам, ки ба зарқ аст алам,

Ҷамъе бадар омаданд аз дайри санам.

Рӯ тофтам аз Каъба, ки аз тоати ман,

Ногоҳ равад ба бод номуси ҳарам.

 

       Бисёре аз рубоиҳои шоир оҳангу руҳи озоди хайёмона доранд ва ӯ, бидуни шак, аз рубоиҳои Хайём таъсирпазир будааст, аммо шеваю тарзи баёнашон нав ва ҳиндиёна мебошад, на ироқигуна, ки Хайём намояндаи он аст. Ҳамин як рубоӣ ҳам метавонад далели қотеъ бошад:

 

Хокам ба даҳон, чанд парешонгӯӣ?

Рӯям беоб, то ба кай берӯӣ?

Кофир гаштем, ай тангисломон,

Таънам мазанед бо ҳама бадхӯӣ.

 

        Азбаски Урфӣ дар замони бархурдҳои мазҳабӣ зиндагӣ кардааст, аз ин рӯ, яке аз муҳимтарин мавзуъҳои осори шоир интиқоду тамасхури руҳониён, зоҳидон, мазҳабгароён, хурофотпарастон ва бархе аз аҳкоми шариату намояндагони он маҳсуб мешавад. Дар ин замина, вай дар таълимоти дин ва рафтори намояндагони он зиддият ва ноҳамгуниро мушоҳида менамояд, ки аз дидгоҳи ақл, мантиқ ва воқеият қобили қабул нестанд. Урфӣ ҳамчун шоир ва мутафаккири озодандеш аз қайду банди ҳама гуна мазҳабу хурофот озод аст.

       Ӯ ин мақсаду мароми худро бо розу рамз, тавассути ташбеҳу истиора, кинояву маҷоз бо роҳи қиёсу далеловарӣ ва истифодаи вожагону истилоҳоти хос, мисли куништ, санам, санамхона, бараҳман, дайр, калисо, бутхона, суманот, тасбеҳ, озар, ки корбурди онҳо дар дини ислом ҷоиз нест, баён медорад.

 

Дар дайру каъба соил, бо куфру дин муомил,

Бо нӯшу неш якдил, ин аст мазҳаби ишқ.

 

       Хулоса, Урфӣ, ки дар авҷи кашмакашиҳои динӣ, муборизаҳои мазҳабӣ, сиёсӣ, рақобатҳои қавмию қабилавӣ зиндагию эҷод кардааст, ҳамчун шоири бузургу воқеъбин ва озодандеш бо қалами буррои худ бар зидди ҷаҳолат, нодонӣ баромада, ба ифшои аъмоли ношоиста ва манфии намояндагони иртиҷоии ҷомеа далеронаву ҷасурона мепардозад ва аз адлу адолату донишу хираду инсоф, ҳамдиливу ваҳдату ҳамзистӣ сухан мегӯяд ва одамонро ба ҳамдилию ҳаммашрабӣ фаро мехонад. Намунаҳое, ки мо дар боло овардем, имрӯз низ барои башар хидмат мекунанд ва дар замони ноороми мо, ки бо баҳонаҳои мухталиф, бавижа динию мазҳабӣ, мардумон ба ҷони ҳам меафтанд, барои мубориза бар зидди ифротгароён маводи судманд медиҳанд.

 

Аз “Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти тоҷику форс”.-Душанбе, 2023.

 

Мазҳабу дини ҷаҳон шуд сабаби ғорату қатл,

Некбахтам, ки аз ин фитна раҳоӣ дорам.

Уламо қофиларони раҳи мазҳаб шудаанд,

Ман аз ин тоифаи сифла ҷудоӣ дорам.

 

         Абдураҳмони Мушфиқӣ яке аз намояндагони барҷастаи адабиёти нимаи дуюми асри XVI тоҷик буда, дар таърихи адабиёти мавқеи намоёнро ишғол кардааст.

     Абдураҳмони Мушфиқӣ тақрибан соли 1525 дар Бухоро таваллуд шуда, соли 1588 аз ҷаҳон чашм пӯшидааст.

       Гузаштагони шоир аз Марв будаанд. Ӯ пас аз вафоти падару модар ятим монда, дарбадар мешавад. Мушфиқӣ дастёри як хонаводаи косиб шуда, бо кумаки онҳо таҳсили ибтидоӣ ва мадрасаро фаро мегирад. Шуҳрати донишу маърифати ӯ дар байни мардум овоза мегардад. Ӯ пас аз хатми мадраса ба пешаи дигаре даст назад ва ба шеъру шоирӣ пардохт. Эътиқоди шоир ба ин пеша аз гуфтаи худи ӯ возеҳ мегардад:

 

Шеър оби ҳаёт аст, хуш он ном, ки монад

Ҷовид зи оби сухани марди сухандон.

 

         Мушфиқӣ дар Бухоро то солҳои 1561–1562 зиндагӣ намуда, аз сабаби тангии рӯзгор дар миёнаи соли 1564-65 ба Самарқанд рафта, вазифаи китобдории Султон Саидро иҷро мекард. Ба ҳокими Самарқанд якчанд қасида навишта бошад ҳам, рӯзгори шоир дар Самарқанд низ хуб намегузарад.

          Замони зиндагии Мушфиқӣ давраи номусоидии Осиёи Миёна буд. Зеро баъд аз марги Муҳаммад Шайбонӣ соли 1510 задухӯрдҳои байни сулолаҳои ҳоким авҷ гирифта, ба парокандагии мамлакат оварда расонд.

           Пас аз тасарруфи Самарқанд аз тарафи Убайдуллохон зиндагӣ барои шоир боз бадтар мешавад. Мушфиқӣ мисли дигар шоирон азми сафари Ҳиндустон мекунад. Пеш аз сафар ба номи подшоҳи Ҳиндустон Акбар якчанд қасида навишта мефиристад. Мувофиқи ахбори сарчашмаҳо, дар нимаи аввали соли 1578 дар Пок-Пакн ном мавзеи Ҳинд бо Акбар вохӯрдааст.

         Мушфиқӣ баъд аз як соли мусофират, соли 1578-79 ба Бухоро баргашта, сафари Ҳинд изҳори надомат намудааст:

  

Кардам сафари Ҳинду пушаймон шудам он ҷо,

Гардид бадал рӯзи сиёҳам ба шаби тор.

Дидам, ки агар боз наоям ба вилоят,

Хуни ҷигарам мехӯрад ин ҳинди ҷигархор.

 

      Абдураҳмон Мушфиқӣ мисраъҳои зеринро дар авҷи ихтилофи ҳукуматҳои мутаассиби Сафавӣ ва Шайбонӣ гуфтааст, ки ҳарду сулолаи ҳоким дар Осиёи Миёна ва Эрон ба номи дину мазҳаб саргарми куштори мардум буданд:

 

Мазҳабу дини ҷаҳон шуд сабаби ғорату қатл,

Некбахтам, ки аз ин фитна раҳоӣ дорам.

Уламо қофиларони раҳи мазҳаб шудаанд,

Ман аз ин тоифаи сифла ҷудоӣ дорам.

 

 

         Бидуни шак, ин мисраъҳо ба рӯзгори мо ҳам сидқ мекунанд. Шоир азобу азияти оммаи мардум, оворагӣ ва бехонумонии онҳоро дар пайи низоъҳои мазҳабии замони худ дар ашъораш гоҳо ҷиддӣ ва гоҳо бо танзу киноя, аммо ба таври равшан тасвир намудааст:

      

        Аз баҳри дин зи хона биронданд мар маро,

        То бо расули ҳақ ба ҳиҷрат саво шавам.

                              

          Дар замони Мушфиқӣ ҳукми шариат ҷорӣ буд ва ҳокимони сиёсӣ дар идораи мулк бо муллоҳо ҳамкору ҳамдаст буданд. Бинобар ин, дар афкори ҷомеаи он замон мулло дар ҳамаи бадбахтӣ ва мушкилоте, ки ба сари мардум меомад, саҳм дошт.

            Мушфиқӣ дар як манзумааш дар бораи шоир Маҳмуд, ки бо номи Мулло Гелонӣ низ зикр мешуд ва аз Гелон ба Самарқанд омада, сукунати доимиро дар он ҷо ихтиёр кардааст, чунин мегӯяд:

 

 Зи Гелон омадӣ Маҳмуд берун,

 Кулоҳ аз Хусрави Дайлам гирифтӣ.

 Задӣ саркалла бар Заҳҳоки морон,

 Ту ҳам мағз аз сари одам гирифтӣ.

                       ***

 Калтатояк, харак, бадфеълак,

 Кайдияк, кулияк, қурушмолак.

 Гирду ғундак, аҷубакак, макалак,

 Ғундарӯяк, гавазнакак, ҷудак.

 Сусморак, шағолдандонак,

 Рӯбаҳак, ниммурда юрмонак.

 

         Дар идома шоир ҷасурона саллаи печ дар печи муллоро ба саргини гов нисбат дода, худашро ба кирми даруни пилла монанд мекунад. Аммо боз ба кирми пилла монанд кардани муллоро дуруст намешуморад, чунки он газанда нест, мулло бошад газандаву зараровар аст:

 

Уқди дастори мавлавиро бин,

Ҳамчу саргини гов чин дар чин.

Зери дастори худ зи халқи ҷаҳон,

Ҳамчу кирми даруни пилла ниҳон.

Нагазад кирми пилла, ӯ бигазад,

Номи ӯ кирми пилла ҳам насазад.

Рафта доманкашон ба ҳангома,

Чоряк қадду ним газ ҷома.

 

      Шоир муллоро боз сахттар ҳаҷв карда, баъзе хислатҳои дигарашро низ равшан мекунад:

 

 Харсари говгӯши ноҳамвор,

       Монда аз ҷаҳл шох бар девор.

       Буққаи думи худ аламкарда,

                   Аз дари говхона рамкарда.

 

       Рафтору кирдори разилонаи ин мулло боиси озору ноосудагии мардум гардида буд. Мушфиқӣ бо ғазаби зиёд муллоро «саги чорчашма» меномад:

 

Мардуми шаҳру кӯчаву бозор,

              З-ин саги чорчашма дар озор.

 

         Мавзуи тамасхури зоҳид, муҳтасиб ва шайхи риёкор ва баъзе одатҳои норавои динӣ дар ғазалиёти Мушфиқӣ равшан ба назар мерасад. Ҳарчанд ин мавзуъ дар ғазалиёти ӯ нав набуд ва аз ӯ пеш мутафаккирони номӣ мисли Хайём, Ҳофиз ва Убайди Зоконӣ дар мероси адабии худ ба таври васеъ таваққуф кардаанд, вале аз нав ба ин мавзуъ баргаштан ва ба ин восита зери танқид ва тамасхур гузоштани зоҳидони хушк, шайхони риёкору мутаассибу дурӯя ва дар шахси онҳо фош намудани симои мардумфиребонаи ҳомиёни дин, албатта, аз аҳамият дур набуд.

        Мушфиқӣ дар байту порчаҳои ҷудогонаи ашъори худ аз баҳсу мунозираҳои давр, ки сарчашмаи зуҳури баъзе таблиғотгарони маккори дин буданд, хабар дода, нуқтаи назари худро низ иброз мекунад. Ӯ дар пораи шеъре, ки дар поён оварда мешавад, ба он далолат мекунад, ки дар баҳсу мунозираҳои мадорис ва кашмакашҳои тулонӣ иштирок кардан намехост ва аз ин амал дурӣ ҷустанро ба хотири талаф нашудани вақташ афзалтар мешуморид:

 

  Бо ман фақеҳи мадраса мебурд номи баҳс,

 Аз баҳри дафъи ӯ нашудам бар мақоми баҳс.

 Аз қилу қоли ҷузъиву куллӣ дилам гирифт,

 Соқӣ, биё, ки дарди сар аст илтизоми баҳс...

 

       Мушфиқӣ майро оташ ва зуҳду тақворо хасу хошок шуморида, ба соқӣ муроҷиаткунон мегӯяд, ки зуҳду тавбаи вай аз бовар берун аст:

 

 Соқӣ, ба зуҳду тавбаи ман эътимод нест,

 Май оташ аст, ин ҳама хошоку хас бувад.

 

         Ӯ зуҳду каромотро як навъ лофу газоф дониста, дар ин роҳ талафи умрро беҳуда ва таъсири кайфияти майи лаъли ёрро аз зуҳду тавба боло медонад:

 

Майхора шуд зи соқии лаъли ту Мушфиқӣ,

Аз зуҳд даст шуставу аз тавба ғоиб аст.

 

      Ин байт аз он ҷиҳат ҳам қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар он, чи навъе дида мешавад, шоир лаззати ҳаёти моддӣ, нишот ва кайфияти зиндагии воқеиро аз ҳар гуна зуҳду тавба ва муқаддасоти динии дур аз ҳаёт болотар шуморидааст.

        Мушфиқӣ ҳамчунон дар байти дигар ба «малак» хитоб намуда, бо як тарзи бебокона мегӯяд:

 

       Гар нанависӣ, эй малак, баҳри бутон намози ман,

       Бар ту биҳил намекунам ҳаққи саломи хешро.

 

        Мушфиқӣ дар шеъри дигараш, ки суфиро мавриди ҳаҷву масхара қарор додааст, бо як тамасхури тунду тез, як қатор хусусиятҳои бади ӯро мавриди ҳаҷв қарор додааст. Шоир ноҳаққӣ, ҳилагарӣ, назарфиребӣ ва ҷаҳлу нодонии шайхро тасвир карда, ӯро резахӯри хони разолат, саги каҳдон, гӯрхар, зоғи кӯри дар чоҳи фалахмонмонда меномад. Илова бар ин, чашми онро ба суми асп, мижгонашро ба парраи чархи пиразол, чирку ифлосиҳои ба мижгони вай часпидаро, ки нишони бетамизии суфӣ будааст, ба дӯлона, абрӯяшро ба думи хар, ришу манаҳашро ба сангу фалохун нисбат медиҳад.

        Шоир эҳтиёҷоти калони моддӣ дошт, вале пойбанди симу зар ҳаргиз набуд. Ӯ қадру қимати инсонии худро дар роҳи тамаъ нагузошт ва бар хилофи тариқаи як қисм шоирони маддоҳи дарборӣ побанди тамаллуқ нагардидааст.

       Дар ғазалиёти Мушфиқӣ мавзуи зиндадилӣ, ҳаётдӯстӣ, ғаниматшумории лаҳзаҳои пурқимати ҳаёт ҷойи намоёнро ишғол мекунад. Ӯ ҳамчун марди зиндадилу ҳаётдӯст лаззатҳои ҳаёти моддиро дӯст медорад. Зиндадил будан ва аз ногувориҳои гузаштаву оянда ёд наоварда, дилтанг нашуда, хушу хурсандона зистанро ташвиқ мекунад:

 

   Май нӯш, аз гузаштаву оянда дам мазан,

  Охир чӣ мешавему дар аввал чӣ будаем.

 

         Вай дар қитъаи зерин қайд мекунад, ки агар нишоти умр хушиву хурсандии ҳаёт хоҳӣ, бе май ва хушдилӣ мабош, айёми зиндагиро ғанимат шумор:

 

Эй шайх,ба майхонаи тарсо нарасидӣ,

Фаҳми ту куҷо шуд, ки ба ин ҷо нарасидӣ?

Як шаб ба муроди дили мо рӯз накарда,

Як рӯз ба фарёди дили мо нарасидӣ.

 

     Дар девони Мушфиқӣ ягона қасидае, ки аз лиҳози инъикоси масоили иҷтимоии он замон қобили диққат мебошад, қасидаи «Шикоят аз аҳли замон ба шоҳи ҷаҳон» аст.

      

То кай нидои ҳодиса даври замон диҳад?

       Кас нест дар ҷаҳон, ки қарори ҷаҳон диҳад!

       Доси уфуқ ба дасти аҷал дода рӯзгор,

       Хоҳад, ки қатъи мазраи охирзамон диҳад.

 

      Чи тавре ки аз ин байтҳо маълум мегардад, шоир аз ибтидои қасида оид ба масъалаи пай дар пай рух додани ҳодисаҳои мудҳиш, нооромии ҷаҳон, афзудани зулму ситами ҳалокатовар таваққуф намуда, қаҳтӣ, гуруснагӣ ва азобу машаққатҳои тоқатфарсои замонаи хешро ба тасвир кашидааст:

      

Тарсам китоби найири бедод бар замин,

Пажмурдагӣ ба нилуфари осмон диҳад.

Мушкил, ки нӯки новаки ахтаршикофи зулм,

Бар зурваи сипеҳр Суҳоро амон диҳад...

Сар то ба пой донаи ашк аст хӯшавор,

Дар гӯшае, ки оҷизи бечора ҷон диҳад.

 

        Дар шеъри тақсимоти мерос ноадолатиҳои замони худро мавриди тамасхур қарор дода, ба тариқи ҳаҷв мавриди истеҳзо қарор медиҳад:

 

Ҳамшира, харҷи мотами бобо аз они ту,

Сабр аз ману тараддуди ғавғо аз они ту.

Анбори пур зи ғаллаи бобо аз они ман.

Он коҳҳои монда ба саҳро аз они ту.

Аз рӯйи ҳавлӣ то ба лаби бом аз они ман,

Аз пушти бом то ба Сурайё аз они ту.

 

     Шоир дар идома муридони содалавҳу нодонро, ки аз сари бехабарӣ барои пирону шайхҳои хеш мақоми қудсӣ қоил мешуданд ва аз ин тариқ барои худ мақоми иҷтимоӣ ба даст меоварданд, сахт накӯҳиш намудааст:

 

Аҷаб дорам, ки шайхонро муридон,

Зи ҳадди васфи инсон бигзаронанд.

Чунин гӯянд, к-ин мурғони қудсӣ,

Напиндорӣ зи ҷинси дигаронанд.

Ба вақти ваҷд ҳай-ҳай метавон гуфт,

Ки шайхонро муридон мепаронанд.

 

        Мушфиқӣ хоҷагони тамаъкори даври хешро, ки дар замони қаҳтсолӣ ҳам ба мардум раҳм накарда, бо фиребу найранг нони даҳони онҳоро медуздиданд, танқиду мазаммат намуда, таъкид менамояд, ки ин тоифа аз доираи инсонӣ берун афтодаанд:

 

Хоҷа дорад хонае бар рӯйи об,

Дар гилу обаш ҳавоси каждумӣ.

Менамояд гоҳ девораш зи дур,

Ошно дар рӯйи нони гандумӣ.

Ҳамчу чашми авҳалу дасти бахил,

Не дар ӯ мардум бувад, не мардумӣ.

 

      Шоир беҳаёӣ ва калоннафсии «насиҳатгарон»-ро, ки мардумро ба қаноату парҳезгорӣ даъват намуда, худ охирин донаи сурфаи онҳоро ба ғорат мебаранд, маҳкум намудааст. Ба гуфтаи шоир ин тоифаи бекора маоши худро аз хони ба заҳмат ҳосилгаштаи мардуми бечора таъмин менамоянд:

 

Эй хоҷа, ҳама сурфа талоши ту шавад,

Гар ин накунӣ, куҷо маоши ту шавад?

Аз пухтагии худ нахӯд хом хӯрӣ,

То рӯзи дигар ҳавиҷ оши ту шавад.

 

       Ин тоифа, ки худро дар назди мардуми содаву авом муқаддасмаоб ҷилва дода, аз оқибати кор тарсонида, онҳоро барои додани оши худоӣ, назру нузурот ва хайру садақа ба нафъи худ ташвиқ мекарданд, дар ашъори шоир танқиду мазаммат шуда, аъмоли дурӯғини онҳо фош мешавад:

 

Гар биҳиштист мавлавӣ Сидқӣ,

Ваъдаҳо чист? Кизбу афсона.

Қадри ангури тоифӣ ба ӯ,

Ҳаст миқдори лаъли як дона.

 

        Ба ҳамин тартиб, Абдураҳмони Мушфиқӣ аз озодандешону равшанфикрони даврони худ аст, ки дар осораш камбудию нуқсон, хурофоту таассуб, худхоҳию бахилӣ ва зулму ситами табақаи ҳукмрони ҷомеаро ошкор ва маҳкум намудааст. Ӯ як шоири дунёгаро ва зиндагидӯст буда, риёву нифоқ, фиребу найранг ва суистифодаҳои руҳониёни тамаъкор аз динро мавриди мазаммат қарор дода, мардумро ба озодагию созандагӣ даъват намудааст.

 

Аз "Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти тоҷику форс".-Душанбе, 2023.

Страницы